Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохтар: Мушкили маъюбон ва ваъдаҳои вазири меҳнат


Маъбон ҳунари дӯзандагӣ меомӯзанд
Маъбон ҳунари дӯзандагӣ меомӯзанд

40 нафар аз занону духтарони маъюб ва имконоти ҷисмониашон маҳдуд дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ фаро гирифта мешаванд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни ширкат дар маросими ифтитоҳи синфхонаи дӯзандагӣ барои бонувони маъюб гуфт, ин афрод пас аз хатми омӯзиш бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Мунира Тоҷиқулова, омӯзгори синфи дӯзандагии бонувони маъюб, гуфт, дар миёни афроди имконоти ҷисмониашон маҳдуд одамони боҳунару донишманд зиёданд, аммо онҳо шароити кору таҳсил надоранд ва бештари вақти худро дар танҳоӣ, дар хона пушти сар мекунанд.
«Мо ҳама ҳунарҳоро дорем. Вале азбаски маъюбон дастгоҳҳои корӣ ва ҷойи кору омӯзиш надоранд, дар хона зиқ шуда мешинанд. Агар чунин коргоҳҳо, сехҳо барои одамони маъюб таъсис дода шаванд, ки мо ба таҳияи қаннодӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳо машғул шавем, боз ҳам хуб мебуд, барои маъюбон шароите барои бо ҳам омадан, дӯстӣ пайдо кардан бисёр муҳим аст», - гуфт М. Тоҷиқулова.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар
Тибқи омори ғайрирасмӣ, танҳо камтар аз 10 дарсади афроди имконоти ҷисмониашон маҳдуд соҳиби ҷойи кор ва ҳақмузди моҳона мебошанд. Омори расмӣ дар ин бора дастрас нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастикам 25 дарсади афроди маъюб дар Тоҷикистон дорои маълумоти олӣ ё миёнаи махсус ҳастанд.

Надоштани ҷойи кор, мушкили дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоӣ, ҳаҷми ками маоши бознишастагӣ аз масъалаҳои умдае мебошанд, ки афроди маъюбу бознишаста ҳалли онро зимни мулоқоти худ бо Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа матраҳ карданд.

Таҳмина Ташрифова, омӯзгори ҷавон, мегӯяд, дар ҳоле ки мақомоти давлатӣ аз камбуди омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ суҳбат мекунанд, муроҷиатҳои батакрори ӯ барои пазируфта шудан ба кор дар мактаб натиҷа надоданд. Вай гуфт, шояд маҳдуд будани имконоти ҷисмониаш сабаби парҳези кордиҳандаҳо аз қабулаш ба кор бошад.
«Падарам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудааст. Ҳоло ба кору манбаи даромади молиявӣ бисёр эҳтиёҷ дорам. Ғоибхони мактаби олӣ ҳастам, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мебошам ва барои дарёфти қути лоямут ба чандин мактаб муроҷиат кардам, то ки бароям кор диҳанд. Аммо ҳамеша бо ҳар баҳона маро ноумед мекунанд», - афзуд Т. Ташрифова.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз мақомоти зидахли Хатлон тақозо кард, ки Таҳминаро бо ҷойи кор таъмин кунанд, чун вай қобили кор аст ва корфармоён ҳуқуқи «дар ба дар» кардани афроди маъюбро надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Людмила Бунтова, бознишастаи 65-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки нафари яккаю бепарастор будааст, гуфт, ӯ дар хобгоҳи омӯзишгоҳе ба сар мебарад ва сарфи назар аз ин ки 17 сол дар мақомоти давлатӣ кор кардааст, ҳоло ӯро аз ин хобгоҳ ронданианд.
«Дар хобгоҳи омӯзишгоҳ зиндагӣ мекунам. Аммо маро мехоҳанд берун кашанд. Миллатам рус аст, ҷое надорам, ки биравам. Дар Русия ҳам касе надорам, ки маро парасторӣ кунад. Ватанам Тоҷикистон аст, ҳамин ҷо зода шудаам ва илтиҷо мекунам, ки ба додам расидагӣ кунед, то ки дар ин пиронсолӣ дар кӯча намонам», - гуфт Л. Бунтова.

Ҳозира Казакова, сокини дигари шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ки модари бемору бемадори 95-сола дорад. Чанд дафъа ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии Хатлон муроҷиат кардааст, то барои модари пираш аробачаи маъюбӣ дарёфт кунад, аммо суде набардоштааст.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, наздики 30 сокини шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Бохтар ва Вахшро, ки бештар аз мушкилоти иҷтимоии худ мегуфтанд, ба ҳузур пазируфт ва барояшон кӯмакпулии яквақта, аробачаҳои маъюбӣ ва мусоидат ба таҳсили ҷавонони маъюб дар донишгоҳҳоро ваъда дод.

Вай афзуд: «Иттилоот дар бораи хизматрасоние, ки давлат ба шаҳрвандон пешниҳод мекунад, мутаассифона, кам аст. Ин камбудии мо ҳам ҳаст. Ҳатто барои дарёфти як аробачае, ки одами маъюб ниёз дорад, намедонад ба куҷо муроҷиат кунад. Барои ҳамин, ҳуқуқу вазифаҳои худро шаҳрвандон бояд донад. Барои хизматамон ба мо «раҳмат» нагӯед, осон кардани мушкили шумо вазифаи ҷонии мост. Мо барои ин корамон маош мегирем…»

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки аз ин ба баъд кормандони масъули сохторҳои ин вазорат дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва рустоҳои вилояти Хатлон бо мардум, бавижа афроди маъюбу эҳтиёҷманд, мулоқотҳо ороста, барояшон ҳуқуқу имтиёзҳои давлатиашонро шарҳ хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG