Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик дар ниҳоят ҳаққи нафақа мегиранд, ё не?


Баъд аз баҳсу баррасиҳои зиёд мақомоти Тоҷикистону Русия дар масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони корӣ ба мувофиқа расиданд, аммо пандемияи коронавирус имзои ин созишномаро ба таъхир гузоштааст.

Интизор меравад баъд аз имзо шудани ин созишнома ҳар муҳоҷири корие, ки дар Русия андози иҷтимоӣ месупорад, метавонад ба нафақа умед бандад. Коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ҳамагуна имзои созишнома дар ин мавзӯъ ба фоидаи Тоҷикистон хоҳад буд, агар механизми иҷрои он дуруст роҳандозӣ шавад.

Дар гузашта ҷониби Тоҷикистон мегуфт, чун муҳоҷирон андози иҷтимоиро ба Русия мепардозанд, бояд ғами онҳоро бештар Маскав бихӯрад. Ё ин ки Русия андози иҷтимоии муҳоҷиронро ба Душанбе фиристад, то ба онҳо дар ватанашон нафақаи муносиб таъйин кунанд.

Аммо Дилмурод Давлатзода раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт: "Русия розӣ аст муҳоҷирони кории тоҷикро бо нафақа таъмин кунад. Чӣ тавре ки шаҳрвандони мо барои гирифтани нафақа дар кишвари худ имтиёз доранд, дар Русия ҳам чунин мешавад. Яъне муҳоҷире, ки ҳангоми кор дар Русия андози иҷтимоӣ пардохт кардааст, метавонад, нафақа гирад. То ин вақт ба ягон мувофиқа нарасида будем ва Русия ҳам ҳеҷ пешниҳоди ҷониби моро ба назар намегирифт."

Тарҳи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони корӣ ҳанӯз шаш сол пеш ниҳоӣ шуда буд. Дар сурати имзои ин созишнома муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳаққи дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз ду даҳсола пеш оғоз ёфта буд ва акнун онҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, аз ҳеҷ гуна ҳифзи иҷтимоӣ ё ҳаққи бознишастагӣ бархурдор нестанд.

Ин масъала аз муддатҳо пеш дар долонҳои ҳукуматӣ баррасӣ шуда ва ба порлумони кишвар низ роҳ ёфта буд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳое бо нафақа таъмин хоҳанд шуд, ки корашон дар Русия расмӣ аст ва бо суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Бар асоси омори расмӣ, ҳоло 220 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия нафақа мегиранд.

Зоҳиран талоши Тоҷикистон барои бо нафақа таъмин кардани муҳоҷирони корӣ дар Русия дар ҳолест, ки бештари корфармоён дар Русия бартарӣ медиҳанд, то муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни қарордод ба кор бигиранд.

Ҳамин шартро ба муҳоҷир пешкаш мекунанд, то аз пардохти андози иҷтимоӣ ва ташвишҳои изофии марбут ба он фориғ бошанд. Чун муҳоҷир чораи дигар надорад, маҷбур мешавад, ин гуна шартро бипазирад. Чунин муҳоҷирон аз дарёфти нафақа дар пиронсолӣ маҳрум хоҳанд монд.

Худи муҳоҷирон мегуянд, ҳарду тараф ҳоло аз муҳоҷирон ба ҳайси "як гови ҷӯшоӣ" истифода мекунанд, вале зоҳиран омода нестанд, ки дар айёми пириву дармондагӣ дасти онҳоро бигиранд.

"Бигузор ғами моро хӯранд"

Акмал Сатторов беш аз даҳ сол аст дар Русия муҳоҷир аст. Ӯ мегуяд, ҳоло аксари муҳоҷирони корӣ дар ғами имруз ҳастанд, то ба хонаводаҳояшон маблағ фиристанду зиндагии онҳоро таъмин кунанд.

Аммо ин ҳамсуҳбати мо гуфт воқеан намедонад замони пирӣ аз куҷо нафақа мегирад. "Аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷаи Тоҷикистон маблағи калон ворид мешавад, бигузор мақомот ҳам ғами моро хуранд, ки дар пирӣ чӣ кор мекунем” - гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Дилмурод Давлатзода, раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфт, ин масъала ҳамеша зери назари ҳукумат қарор дорад. Вай афзуд, "ҳоло ки Русия розигии худашро дар ин маврид додааст, ин масъала дар сатҳи ҳукумати мо баррасӣ мешавад. Мо мехоҳем, шаҳрвандони мо аз кори худашон дар оянда як нафақа бигиранд”.

Анвар Бобоев, масъули бахши “Муҳоҷирати аҳолӣ” дар Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи миллии илмҳо ҳамагуна созишномаҳои байни ин ду кишварро дар мавзӯи муҳоҷирон мусбӣ арзёбӣ кард. Аммо ин коршиноси тоҷик мегуяд, имзои созишнома охири кор нест ва бояд механизми иҷрои он пеш аз ҳама бо Русия матраҳ карда шавад.

Роҳи иҷроро бояд пайдо кунанд

Вай гуфт: "Пеш аз он ки созишнома имзо мешавад, механизми иҷрои он бо Русия мувофиқа шавад. Барои мисол, муҳоҷире, ки дар Русия кор мекунад, маблағҳои аз андози иҷтимоӣ пардохткардааш дар Русия ҷамъ мешавад. Вай бояд аз кордиҳанда маълумотномаи расмӣ гирад ва ба фонди нафақаи Тоҷикистон супорад. Мисли ин бояд роҳҳои иҷрои он пешниҳод шавад, дар акси ҳол бо имзои созишнома ҳеҷ мушкил ҳал намешавад".

Русия кишвари аслии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҳисоб рафта, бар асоси омори расмӣ ҳудуди 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар он кор мекунанд.

Аммо оморҳои ғайрирасмӣ ин рақамро бештар аз як миллион мегӯянд. Кор дар шароити сангин, нақзи ҳуқуқ ва муносибати сарди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG