Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарде, ки сари мардҳоро паст кардааст, даво дорад?


Мардони тоҷик аз сӯҳбат дар мавзӯи заъфи камар (импотенция) шарм мекунанд, вале зоҳиран заъфи мардӣ дар миёни онҳо торафт доман паҳн мекунад.

Ба гуфтаи табибони урологу андролог, дар ин авохир муроҷиати чунин беморон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Нигаронии Акбаршоҳ Аҳмадов, андрологи пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии момодоягӣ, дар он аст, ки ин маризӣ дар ҳоли ҷавоншавист ва метавонад барои ҷомеаи тоҷик оқибати ногуворе дошта бошад, ки як паёмади умдааш хатари аз ҳам пошидани оилаҳост.

Ӯ аз ҷумла афзуд, "ин раванд ҳоло аксаран миёни ҷавонони то 30-сола вомехӯрад. Ин маризон ҳар қадар тезтар ба пизишкон муроҷиат кунанд, беҳтар аст, зеро дар ҳолати музмин шудани беморӣ муолиҷааш хеле мушкил мешавад. Дар ҳаёти оилавӣ муносибати наздики зану шавҳар аз суннатҳои асосии оиладорист. Дар сурати пайдоиши ин мушкил зани тоҷик, ки мусулмон аст, 2 ё 3 сол тоқат мекунад ва ниҳоят баромада меравад."

Акбаршоҳ Аҳмадов афзоиши чунин маризонро ба вазъи бади иҷтимоӣ ва афзоиши муҳоҷирати корӣ рабт дод. Ба гуфтаи вай, дар муҳоҷират ҷавонмардони тоҷик дар шароити ногувор, аз ҷумла сардиву нами зиёд ба сар мебаранд, робитаи мутаввасити маҳрамона надоранд ва ё бештари вақт бо занҳои тасодуфӣ алоқа мекунанд. Ин аст, ки дар натиҷа гирифтори илтиҳоби ҷинсӣ мешаванд, ки он тадриҷан ба заъфи камар мепечад. Дар ҷомеи Тоҷикистон сӯҳбат аз мушкилоти ҷинсӣ ва заъфи камар як навъ табу дониста мешавад. Албатта, дар солҳои ахир бо дастрасии бештар ба интернету барномаҳову адабиёти марбут ба робитаҳои занушавҳарӣ мардум ин мавзӯъро то ҷое чун як масъалаи иҷтимоӣ ва ҷисмонии худ қабул кард. Аммо бо ин вуҷуд то ҳанӯз дар сӯҳбатҳои ғайримаҳрамона аз гуфтани ин мушкил парҳез мешавад.

Муллозуҳур Тоҳирӣ
Муллозуҳур Тоҳирӣ
Дилшод Солеҳов, мудири кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, "вақте ҷавонони тоҷикро бо ҷавонони Русия муқоиса мекунам, дар он ҷо беморон ба таври озод омада ба пизишкон муроҷиат мекунанд. Аммо дар мо шояд аз ҷиҳати мавҷудияти шарм ва ё беҷуръатӣ садди роҳ мешавад ва мардон каме дертар муроҷиат мекунанд. Дар ҳоле ки рафъи ин мушкил аз қабл вуҷуд дорад."

Мусоҳибони мо мегӯянд, ба худ баҳодиҳии аксари мардоне, ки ба ин маризӣ гирифтор мешаванд, паст шуда, онҳо дар ҳолати шадиди равонӣ қарор мегиранд. Аслиддин Осимӣ, профессори соҳаи ҷарроҳии урологӣ, мегӯяд, барои берун кашидани онҳо аз ин вазъият равоншиносон низ бояд истифода шаванд. Ҷаноби Осимӣ аз ҷумла гуфт, "дар чунин хонадон вақте худи мард азоби рӯҳӣ мекашад ва бар замми ин ҳамсараш ӯро таъна мекунад, ҷанҷолҳои оилавӣ оғоз мегардад. Мард дар дуроҳа қарор мегирад, зеро оилаи нав бунёд кардан наметавонад, зиндагӣ маънияшро гум мекунад ва дар ин ҳолат вай ҳатто даст ба худкушӣ низ мезанад. Чунки қоидаи табиат ҳамин аст. Ҳоло аксаран мардон ба Русия мераванд, оилаи худро фаромӯш мекунанд ва бо занҳои рус алоқа мекунанду аз он ҷо "инвалид"-у безурёт шуда меоянд, ки ин хеле бад аст."

Аслиддин Осимӣ мегӯяд, заъфи мардӣ ҳатто дар кишварҳои рушд карда зиёд мушоҳида мешавад, аммо доман паҳн кардани чунин беморӣ миёни ҷавонмардони тоҷик нигаронкунанда аст. Дар ин авохир дар телевизионҳои Тоҷикистон таблиғи дармонҳои барқароркунандаи нерӯи мардона низ зиёд ба чашм мехӯрад.
Муллозуҳур Тоҳирӣ яке аз табибони маъруфи мардумӣ, низ мегӯяд, ахиран дармонеро барои ин дард кашф кардааст. Ин табиби маъруф дар сӯҳбат бо мо гуфт, ӯ дар аввал ин даворо ба мардони Русия пешбинӣ карда буд, аммо баъдан мушоҳида кард, ки талабот ба он дар Тоҷикистон ҳам хеле зиёд аст.

Ӯ мегӯяд, "қариб ҳамарӯза 10- 15 нафар аз мардон ба ман занг зада ва ҳамин доруро мепурсанд. Ҳарчанд истеҳсоли ин даворо мо дар Русия ба роҳ мондем, аммо тасмим гирифтем, аз моҳи октябр ба Тоҷикистон низ онро ворид кунем." Бо ин ҳама, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, мардоне, ки махсусан аз муҳоҷирати корӣ бармегарданд, ҳатман бояд мавриди табобати ҷинсӣ фаро гирифта шаванд ва аз муоинаи пизишкони зуҳравӣ гузаранд. Танҳо дар соли ҷорӣ ба пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии момодоягӣ наздики 900 мард бо мушкилоти ҷинсӣ муроҷиат кардаанд ва ташхиси тиббӣ маълум карда, ки беш аз 600 нафари онҳо аллакай ба заъфи камар гирифторанд.
XS
SM
MD
LG