Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 медали паҳлавонони тоҷик дар Қаҳрамонии гуштигирии ҷаҳон


Варзишгарони тоҷик дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ, ки рӯзҳои 30-31-уми август дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, 11 медал (5 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳисоби медалҳо мақоми аввлро касб карданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок дошт. Рақобатҳо дар шаш вазн (-65 кг, -71 кг, -78 кг, -86 кг, -95 кг ва +95 кг) миёни мардон ва дар се вазн (-52 кг, -70 кг ва +70 кг) байни занон сурат гирифт.

Дар сабқати мардон аз шаш вазн дар панҷтоаш паҳлавонони тоҷик пирӯз гаштанд. Дар вазни то 65 кило Муллораҷаб Халифаев дар даври ниҳоӣ бар Абрек Нагучеви русиягӣ ғолиб омада, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Инчунин дар ин вазн Шаҳбоз Саидаброров барои ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар вазни то 71 кило Масъуди Аҳмадзод, ки дар финал Дилшод Буриеви узбекистониро шикаст дод, бо медали тило сарфароз гашт. Инчунин Мирзоҷамил Рамазонов медали биринҷӣ гирифт.

Дар вазни то 86 кило Ҳақназар Назаров дар даври ниҳоӣ варзишгари узбек Умар Бозоровро мағлуб намуда, қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Дар вазни то 95 кило Кароматулло Ҳакимов дар даври ниҳоӣ варзишгар аз Гурҷистон Бека Гвиниашвилиро мағлуб намуда, ба гирифтани медали тило мушарраф гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Улуғбек Раҳимов соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар вазни +95 кило Шакармамад Мирмамадов, ки дар рақобати ниҳоӣ Муҳсин Ҳисомиддинови узбекистониро ноком кард, бо медали тило сарфароз гашт.

Дар сабқати мардон танҳо дар як вазн -78 кило меҳмонон ғолиб шуданд. Алӣ Турсунов аз Русия, ки дар финал Аҳрор Зиёдуллоевро аз Узбекистон шикаст дод, бо медали тило мукофотонида шуд. Дар ин вазн паҳлавони тоҷик Қоим Шукронов бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар мусобиқаи занон дар ҳарсе вазн меҳмонон пирӯз шуданд. Дар вазни то 70 кило Гулноза Матниёзова аз Узбекистон, ки дар даври ниҳоӣ Шоҳида Қаландароваро аз Тоҷикистон мағлуб сохт, бо медали тило мукофотонида шуд.

Дар вазни то 52 кило Ирина Хубуловаи русиягӣ дар финал бар Гантсетсег Ганболд аз Муғулистон дстболо шуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид. Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар вазни +70 кило Жоу Ҷунжи аз Чин дар даври ниҳоӣ Олга Артошинаи русиягиро шикаст дода, медали тило гирифт.

Тоҷикистонро дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон 18 варзишгар (12 мард ва 6 зан) – дар ҳар вазн дунафарӣ - намояндагӣ карданд: Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни -65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни -71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни -78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни -86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни -95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо; Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни -52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни -70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг байни занон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медод. Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар тақдим гашт, барои ҷойи дуюм 10 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 5-ҳазордолларӣ супурда шуд.

Варзишгарони тоҷик дар рақобатҳои инфиродӣ барои 11 медал (5 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҳамагӣ 135 ҳазор доллар гирифтанд.. Ба ғайр аз ин, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи аввал дар ҳисоби медалҳо 5 ҳазор доллар супурда шуд.

Дастаи мунтахаби Русия бо касби 5 медал (2 тило, 2 нуқра ва як биринҷӣ) барои ҷойи дувум 3 000 доллар гирифт. Мунтахаби Узбекистон, ки бо касби 8 медал (як тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) севум шуд, бо 2 000 доллари ИМА сарфароз гардид.

Ғолибону ҷоизадорони нахустин мусобиқаи қаҳрамонии гуштигирии ҷаҳон дар шаҳри Душанбе

Мардон

Вазни -65 кг

1.Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)

2.Абрек Нагучев (Русия)

3.Шаҳбоз Саидаброров (Тоҷикистон)

3.Артём Штурбабин (Узбекистон)

Вазни -71 кг

1.Масъуди Аҳмадзод (Тоҷикистон)

2.Дилшод Буриев (Ӯзбекистон)

3.Илёс Покдил (Эрон)

3.Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)

Вазни -78 кг

1.Алӣ Турсунов (Русия)

2.Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)

3.Қоим Шукронов (Тоҷикистон)

3.Рамин Аҳмадзода (Эрон)

Вазни -86 кг

1.Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

2.Умар Бозоров (Узбекистон)

3.Саидимаданӣ Саидмуҳаммадризо (Эрон)

3.Анри Эгутидзе (Португалия)

Вазни -95 кг

1.Кароматулло Ҳакимов (Тоҷикистон)

2.Бека Гвиниашвили (Гурҷистон)

3.Улуғбек Раҳимов (Тоҷикистон)

3.Гуванг Бегамов (Туркманистон)

Вазни +95 кг

1.Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)

2.Муҳсин Ҳисомиддинов (Узбекистон)

3.Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)

3.Натеа Лийе Даниел (Руминия)

Занон

Вазни -52 кг

1.Ирина Хубулова (Русия)

2.Гантсетсег Ганболд (Муғулистон)

3.Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)

3.Нехитбаатар Баярмал (Муғулистон)

Вазни -70 кг

1.Гулноза Матниёзова (Узбекистон)

2.Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

3.Ли Ван-Тинг (Тайпеи Чин)

3.Камила Бадурова (Русия)

Вазни +70 кг

1.Жоу Ҷунжи (Чин)

2.Олга Артошина (Русия)

3.Покизахон Камолиддинова (Узбекистон)

3.Фотима Бармакӣ (Эрон)

XS
SM
MD
LG