Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза барои ҷасорат. Қадрдонӣ аз навраси 11-солаи тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Бахтиёр Усмонов
Бахтиёр Усмонов

Бахтиёр Усмонов, навраси 11-солаи тоҷик, ки тобистони имсол дар вилояти Хабаровски Русия дӯсташ Славаро аз дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, бо медали "Барои ҷасорат" қадрдонӣ шуд.

Маросими тақдими ҷоиза рӯзи 1-уми ноябр дар Палатаи болоии порлумони Русия баргузор гардид. Ин аз мавридҳои хеле ками қадрдонӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аст.

Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик шикоят карда буданд, ки мақомоти Русия заҳмати онҳоро барои наҷоти одамон ё нодида мегиранд ё ҳангоми қадрдонӣ аз зикри номи Тоҷикистон худдорӣ меварзанд.

Дар маросими тақдими ҷоиза таъкид шуд, ки Бахтиёр Усмонов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар Хабаровски Русия ҳамроҳ бо падараш зиндагӣ мекунад ва дар мактаби кадетҳо ё низомиёни хурдсол таҳсил мекунад. Баъд аз гирифтани ҷоиза Бахтиёр Усмонов дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз ин кор шод аст”.

Ӯ, ки хеле шармгину камгап аст, кӯтоҳ гуфт, дӯсташ Слава ҳоло хуб аст ва ба мактаб меравад. Рустам Усмонов, падари Бахтиёр гуфт, бо писараш ифтихор мекунад.

Бахтиёр Усмонов
Бахтиёр Усмонов

Бахтиёр яке аз 20 навраси сокини Русия аст, ки барои қаҳрамониаш сазовори ҷоиза шуд. Ҷоиза дар маросиме бо номи «Атфоли қаҳрамон» тақдим шуд, ки аз ҷониби Шӯрои Федератсия ё палатаи болоии порлумони Русия ва ҳам Росгвардия таъсис шудааст.

Рустам Усмонов, падари Бахтиёр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз тақдими ҷоиза ба ӯву дигар барандагон се рӯзи тамошои шаҳри Маскав ва барномаи шиносоӣ бо муассисаҳои муҳими фарҳангиву ҳукуматии Русия ташкил шуд. Ба гуфтаи Усмонов, қаблан барои корнамоии Бахтиёр вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия сипоснома дода буд.

Бахтиёр Усмонов шаҳрванди Тоҷикистон буда, бо падараш, ки як муҳоҷири корӣ аст, дар Русия зиндагӣ ва дар синфи сеюми мактаби кадетии Хабаровск таҳсил мекунад.

27 майи имсол Бахтиёр Усмонов аз як кӯчаи хилвати шаҳри Хабаровск ҳамроҳ бо дӯсташ Слава мегузашт, ки ногаҳон дӯсташ ба чоҳи оби ҷӯш афтод. Бахтиёр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, даступо гум накард ва тавонист дӯсташро, ки 40 дарсади баданаш сӯхта буд, аз дохили чоҳи оби ҷӯш берун оварад.

Бахтиёр Усмонов гуфт, ки баъдан бо кумаки як зани раҳгузар дар панҷ дақиқа табибон ҳам барои наҷоти кӯдак расида омаданд.

Ҷоизаи ҷасорат. Қадрдонӣ аз навраси 11-солаи тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Хабари қадрдонӣ шудани як фарзанди муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле нашр мешавад, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҷомеаи Русия ба сабаби бархӯрди бештар манфии ҳукумат ва мақомдорони давлатӣ ба коргарони хориҷиву корҷӯёни ғайрирус, дар матбуоти ин кишвар ҳам симои муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирон аз Осиёи Марказиву Тоҷикистон бештар манфӣ муаррифӣ мешавад.

Ҳодисаҳои корнамоиву азхудгузаштагии муҳоҷирон зиёд ба матбуот роҳ намеёбад ва ҳатто гоҳе ба манфиати шаҳрвандони Русия таҳриф мешавад.

XS
SM
MD
LG