Гаштугузори мо дар растаҳои гӯштфурӯшии бозорҳои пойтахт собит кард, ки нархи як килограмм гӯшти гов вобаста ба сифаташ аз 36 то 40 сомонӣ нарх дорад.
Дар калонтарин растаи гӯштфурушииДушанбе, воқеъ дар маҳаллаи 33-ум нархи гӯшти сифаташ миёна 37 сомонӣ ва сифаташ пасттар 36 сомонӣ арзиш дошт.
Нарзулло Иброҳимов, молики яке аз дӯконҳои гуштфурӯшии ин маҳалла дар сӯҳбат ба «Озодӣ» сабаби болоравии нархи гуштро чунин шарҳ дод:
«Ҳоло нархи хӯроки чорво хеле гарон шудааст. Аз ҷумла нархи кунҷора то ба 3,5 сомонӣ боло рафта аст. Ғайр аз ин, дар оғози мавсими тобистон аксарияти чорво ба чарогоҳҳои тобистона фиристода мешаванд, ки боиси камчинии он дар бозорҳои мол мешавад. Ҳар тобистон ин мушкил пеш меояд ва нархи гӯшт каме гарон мешавад. Қимат шудани нархи гӯшт ба омадани моҳи Рамазон бастагӣ надорад». Зимнан он харидороне, ки мо дар назди ин растаҳои гуштфурӯши вохӯрдем, гуфтанд бо омадани моҳи Рамазон онҳо ҳамеша болоравии нархҳо ва аз ҷумла гӯштро интизор доранд ва ба таъкиди эшон ин бор низ қассобҳо маҳз аз наздик шудани моҳи Рамазон сӯистифода карда нархҳоро боло мебаранд. Марҳамат Холова, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, нархи гӯшт то ҳадде боло рафта аст, ки вай маҷбур аст дар оилааш аз он камтар истифода кунад: «Аммо чӣ кор кунем, аз он канори шаҳр ба ин ҷо омадем, то гӯшти арзонтар бихарем. Дигар чорае нест, маҷбурем гӯшт харем қимат ҳам бошад, бе он намешавад».
Хонуми Холова афзуд, то омадани Рамазон дигар гӯшти гов намехарад ва барои аҳли оилааш аз гӯшти мурғ таом тайёр хоҳад кард, чунки нархи он арзонтар аст.
Тибқи таҷриба ҳукумати шаҳри Душанбе солҳои қаблӣ ҳангоми ҷаҳиши якбораи нархи гӯшт назоратро аз болои дӯконҳои гӯштфурӯши шадид мекард ва қассобҳоро водор месохт, то бо нархи муқарраркардаи шаҳрдорӣ гӯшт фурӯшанд. Аммо ин амал ба баста шудани дари аксарияти дӯконҳои гӯшт мунҷар шуда, баръакс камчинии гӯшт дар пойтахтро ба бор меовард.
Аммо ин бо ҳукумати пойтахт аз роҳи дигар кор гирифтанист.
Сайфулло Амонов, роҳбари раёсати рушди иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» рӯзи 14-уми июн гуфт, ҳукумати пойтахт баҳри ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши якбораи нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ин бор аз роҳи интервенсия ва ё мудохилаи молӣ кор гирифтанист. Вай афзуд:
«Аслан дар иқтисоди бозорӣ низоми нархгузорӣ озод аст. Аммо ҳукумати пойтахт тавассути ҷудо кардани қарзҳои бефоиз ба корхонаи ворид ва захираи маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳр ва чор бозори давлатӣ интервенсия ва ё мудохилаи молӣ ташкил карданист. Яъне бо ин қарзҳо маъмурияти ин корхона ва бозорҳо чорво харидорӣ карда, гӯшти онро бо нархи нисбатан арзон мефурӯшанд то, ки пеши роҳи афзоиши якбораи нархро бигиранд.»
Ҷаноби Амонов афзуд, ки раванди болоравии нарх сирф падидаи манфӣ нест ва мунтазам гарон шудани нархҳо дар бозор нишонаи афзун шудани қобилияти харидории мардум ва ё зиёд шудани сатҳи даромади онҳоро дорад.
Сокинони Душанбе, ки ҷамъияти он мувофиқи оморҳои расмӣ 760 ҳазор баршумурда мешавад ҳар рӯз 15 тонна гӯшти гову чорвои майда истеҳсол мекардаанд. Ҳоло он, ки мувофиқи талаботҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин миқдор аҳолии пойтахт ҳамарӯза бояд на камтар 45 тонна гӯшт истеъмол кунанд
Зимнан, нархи гӯшт дар шаҳри Душанбе дар қиёс бо пойтахти кишварҳои ҳамсоя аз ҳама гаронтар будааст. Барои мисол, нархи як килограмм гӯшти гов дар шаҳри Тошканд аз 32 то 34, дар Бишкек 34 сомонӣ ва дар шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон ҳамагӣ 25 сомонӣ нарх доштааст.
Дар Тоҷикистон соли 2013 ҳар як узви хонавода ба ҳадди миёна тақрибан 14 кило гӯшт истеъмол кардааст, ки бисёр кам аст ва барои муқоиса Австралияро метавон мисол овард, ки ҳар нафар солона дар онҷо 110 кило гӯшт истеъмол мекунад
.