Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум аз гӯшт даст мекашанд


Бино ба боло рафтани нархи гӯшти гов аксари мардум аз он даст кашидаанд ё ба мурғ бартарӣ медиҳанд.

Тақрибан ду ҳафта пеш як ҳамсӯҳбатам мегуфт, ки онҳо ба гушти мурғ гузаштаанд.

Он вақт маънии суханашро хуб нафаҳмидам. То он даме, ки бозор рафтаму тасмими хариди гӯшти говро гирифтам. Дар дӯконҳо тақрибан як хел гӯшт дар фурӯш буд, маълум, ки гӯшти гови харобу пир, он ҳам бо нархи 23 сомонӣ, ки нархнома бо ҳуруфи калон дар болои дӯкон сабт шуда буд.

Аммо дар аксари бозорҳои пойтахт, дари дӯконҳои гӯштфурӯшӣ тӯли 2-3 рӯзи ахир баста шудааст ва ё гӯштҳои бесифат ҳатто мардумро аз хариди гӯшт дилсард кардааст. Ҳамзамон дар бархе дӯконҳо гӯшти босифат пинҳонӣ ва ё ба қавли ибораи замони шӯравӣ «аз зери пештахта» фурӯхта мешавад, ки то 27 сомонӣ қиммат дорад.

Оё сабаби пеш омадани чунин вазъият дар бозорҳои Душанбе чист? Навори видеоии Радиои Озодӣ дар ҳамин мавзӯъст:

Мардум дигар гӯшт намехаранд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG