Бархе аз қассобҳои Душанбе мегӯянд, дӯкони худро бастаанд ва қарор кардаанд, ки то поёни моҳи Рамазон кор накунанд. Онҳо мегӯянд, нархе, ки шаҳрдории Душанбе барои гӯшт муқаррар кардааст, онҳоро дар вазъе мегузорад, ки наметавонанд, аз фаъолияти худ фоида ба даст оранд. Дар ҳоле, ки нархи як кило гӯшт ба 40 сомонӣ расидааст, аз қассобон хоста мешавад, ки нархро аз 36 сомонӣ боло набаранд.
Тоҷире дар бозори «Шоҳмансур», ки худро Абдуҳаким ном бурд, мегӯяд, ба он сабаб, ки нархи муайянкардаи шаҳрдориро муроот карда наметавонад, дӯконашро баст. Ӯ гуфт, нархи гӯшт бидуни хоҳиши қассобон ва ба иллати гарон шудани чорво боло рафтааст: «Коҳ қимат шудааст, кунҷора қимат шудааст ва хоҷагидорон ҳам нархи чорпоро боло бурдаанд. Касе ин тарафи масъаларо аҳамият намедиҳад ва ба гӯштфурӯшон мечаспанд. Ва чун фоидае намебинам, дари дӯконамро то охири Рамазон бастам. Он вақт шояд нарх поёнтар шавад.» Ин қассоб мегӯяд, онҳое, ки ҳоло бо нархи муқарраркардаи шаҳрдори гӯшт мефӯрӯшанд, гӯшти хуб надоранд.
Гулбаҳор Давлатова, як сокини пойтахт гуфт, то фарорасии моҳи Рамазон гӯшт то 30-34 сомонӣ арзиш дошт, аммо ба якборагӣ қимати он то 40 сомонӣ боло рафт: «Пеш аз Рамазон бо 29 -30 сомонӣ гӯшт мегирифтем. Ҳоло тамоман дигар аст. Инсоф намондааст, ҳар гунае, ки хоҳанд, нарх гузоштан мегиранд. Хонаводаи мо дигар гӯшт харидорӣ намекунад, вале аз ҳамсояҳо мешунавем, ки ҳоло ҳам нарх боло аст.»
Ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе мегӯянд, ҳарчанд тибқи қарори шаҳрдорӣ дар пештоқи дӯконҳои гӯштфурӯшӣ нархи он 36 сомонӣ сабт шудааст, аммо на ҳамеша бо ин нарх гушти хуб харидан имкон дорад.
Шикоят аз гарон шудани гӯшт дар ҳолест, ки тоҷирони растаи гуштфурӯшӣ дар маҳаллаи 33-уми шаҳри Душанбе инро як овозаи беасос медонанд.
Саидаҳмад, як тоҷири гӯштфурӯш мегӯяд, дар растаи гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-уми Душанбе, ки аз калонтарин растаҳои гӯштфурӯшии пойтах аст, нарх ҳеҷ тағйире накардааст: «Нарх мисли пештара аст. Намедонам, чаро атрофи гӯшт ин қадар овоза зиёд аст. Пеш аз Рамазон алакай 36 сомонӣ шуда буд, вале чаро маҳз дар Рамазон ҳама аз он бохабар шуд, намедонам.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирони ин растаи гӯштфурӯшӣ, ҳоло харидорони гӯшт ҳам хеле коҳиш ёфтааст. Дар дӯкони ин тоҷирон ҳам гӯшт хеле кам ба назар мерасид.
Хайриддин Абдуллоев, тоҷири дигари ин бозор гуфт, шояд ин овозаҳо таъсир кардаанд, ки шумори харидорон ҳам хеле кам шудааст: «Мо гӯштро камтар мебарорем, зеро нисбат ба Рамазон харидор камтар дорем. Дар яхдонҳо мегузорем ва як ҳайвонро дар ду рӯз мефурӯшем. Аз тарафи дигар, шояд тӯйҳо кам шудааст, ки харидорон камтар шудаанд.»
Аммо сокинон мегӯянд, маҳз бо сабаби боло рафтани нарху наво аз харидории бештари гӯшт худдорӣ мекунанд. Сафаралӣ, як харидор дар растаи гӯштфурӯшӣ гуфт, пештар моҳе 10 бор нимкилоӣ гӯшт мехарид, вале ҳоло инро то 5 бор дар моҳ кам кардааст: «Ба ҳамин ҳам шукр. Метарсам, ки боз аз ин гаронтар нашавад. Нарх боло рафт, харид ҳам камтар мешавад.»
Аз болоравии нархи гӯшт шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба шиддат изҳори нигаронӣ кардаанд. Аммо дар ҳоли ҳозир ин нигаронӣ танҳо ба даъватҳои паст овардани нарх маҳдуд шуда, роҳҳои иҷрои ин даъватҳо бо истифода аз фишангҳои бозор корбаст нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мақомот боре тавонистанд, бо пур кардани бозор нархи ордро, ки дар ҳоли парвоз буд, ба замин фуроранд ва дар дастраси сокинон гузоранд. Вале гӯшт низ ғизои муҳим шумурда мешавад, махсусан дар моҳи Рамазон.
Як омор
Бино ба омори Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ, ки соли 2012 нашр шудааст, Тоҷикистон аз лиҳози истеъмоли гӯш дар байни 177 кишвари ҷаҳон дар ҷои 155 буда, ҳар сокинаш дар сол ба ҳисоби миёна 12,6 кило гӯшт истеъмол мекунад. Яъне тақрибан 35 грамм дар як рӯз.
Барои муқоиса, барои мисол, як сокини Люксембург солона 136,5 кило (11 маротиба бештар аз Тоҷикистон, як сокини Амрико 125 кило(10 маротиба бештар) ва як сокини миёнаи Австралия 121 кило (9,5 маротиба бештар аз Тоҷикистон) гӯшт истеъмол мекунанд.
Тоҷикистон ҳамин тавр, аз нигоҳи истеъмоли гӯшт дар байни кишварҳои пасошӯравӣ низ аз ҳама охир аст. Дар ин паҳно як сокини миёнаи Қазоқистон дар сол 67 кило, як сокини Русия - 60,3 кило, як сокини Қирғизистон 35,2 кило ва як сокини миёнаи Узбакистон 25,8 кило, яъне 2 маротиба бештар аз як сокини Тоҷикистон, гӯшт мехӯранд.
Ба ҳисоби СММ, солона дар дунё 268 миллион тонна гӯшт истеъмол мешавад. Як сокини сайёра дар сол ба ҳисоби миёна 40 кило гӯшт истеъмол мекунад. Боз ҳам 3 маротиба бештар аз як сокини миёнаи Тоҷикистон.