Абдусаттор Ҳакимов аз хурдӣ ба самбӯсапазӣ машғул аст. Дӯкони самбӯсапазии ӯ дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст ва дар як рӯз ҳудуди 500 дона самбӯса омода мекунад. Дар баробари ӯ, панҷ бародари дигараш низ самбӯсапазанд. Онҳоро сулолаи самбӯсапазҳо мегӯянд.
"Падарам ба мо хона насохт, пул надод. Ба мо касб омӯзонд. Аз ин ҳисоб ду хона харидам ва мошин гирифтам. Кори мушкил аст, вале пули ҳалол кор мекунам", - афзуд Абдусаттор Ҳакимов.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Муштариёни дӯкони самбӯсафурӯшии ин бародарон нисбат ба дӯконҳои дигар хеле зиёданд. Абдулҳаким Ҳакимов мегӯяд, ки «мо арзон мефурӯшем, фикри одамони оддиро мекунем. Дар ду тарафи ман дӯконҳои самбӯсапазӣ аст, лекин одамон бештар ба ин ҷо меоянд."
Маҳбубияти самбӯсаҳои ин авлод ҳанӯз аз замони фаъолияти падарашон бобои Абдулмаҷид боқӣ мондааст. Донишҷӯёни солҳои 70-у 80-ум дар ин музофот то ҳанӯз маззаи самбӯсаҳои ӯро хуб ёд доранд.
Аҳли оила имрӯз аз бобои Абдулмаҷид ёд мекунанд. Ӯ бо ҳунари самбӯсапазиаш дар Кӯлоб ва навоҳии атроф ном бароварда буд. Маъруфияташ ӯро аз ҳамнишинони шоир Саидалӣ Вализода ва афроди дигари зиёии ин минтақа карда буд. Имрӯз аксҳояш дар девори осорхонаҳои мардумшиносии Кӯлоб овезон аст. Замоне ки ӯ аз ноҳияи кӯҳистони Шӯрообод ба Кӯлоб омад, ҳамагӣ 13 сол дошт.
Абдулмуъмин Ҳакимов мегӯяд, "падарам дар зери дасти ургутҳо шогирд истода буд. Тамоми нозукиҳои самбӯсапазиро аз онҳо омӯхтааст." Ба қавли наздиконаш, бобои Абдулмаҷид ба таҳсили тамоми фарзандонаш таваҷҷуҳ медод. Ин бародарон ҳамааш дорои маълумоти олӣ ҳастанд, ҳарчанд касби падарашонро идома медиҳанд.
Ин бародарон мегӯянд, то имрӯз номи падар ва касби падарро зинда нигоҳ медоранд. Талош доранд, ки фарзанди онҳо низ аз паяшон раванд ва обрӯи сулолаи самбӯсапазҳоро дар Кӯлоб ҳифз кунанд.