Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонуи “Ошиқи тор”, бонуи “Сухан” гардид


Дар акс: Бӯрӣ Карим ва Мастона Эргашева ҳангоми тақдими ҷоизаи "Сухан"
Дар акс: Бӯрӣ Карим ва Мастона Эргашева ҳангоми тақдими ҷоизаи "Сухан"

Мастона Эргашева ва Аловуддин Абдуллоев, ду ҳунарманди мардумӣ, барандаи ҷоизаи "Сухан" шуданд. Ин ҷоиза аз сӯи Бӯрӣ Каримов ташкил шуда, ба донишмандону фарҳангиёни тоҷик тақдим мешавад.

Шоми 26-уми октябр дар маҳфилгоҳи “Боргоҳи Сухан” ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мастона Эргашева соҳиби ҷоизаи “Сухан” гардид. Ин ҳунарманд ба хотири беолоиш нигоҳ доштан ва равнақ бахшидани забони ноби тоҷикӣ тавассути ҳунару сурудҳои хеш ба ин ҷоиза сазовор гаштааст. Ҳамзамон ба соҳибҷоиза нишони "Сухан" ва кӯмаки молӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

Мастона Эргашева, ки дар рӯзи эътои ҷоиза ба синни 63 расид, аз камтарин занҳоест, ки 50 сол пеш тор ба даст гирифтаву рӯи саҳнаи ҳунари тоҷик омадааст. Ӯ ҳунари навозиши торро аз касе наомӯхта, вале ҳанӯз замони мактабхонӣ ба садои нозуки тор дил бохта буд.

Соли 1978 шомили дастаи шашмақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шуд. Ҳамзамон дастаи занҳои рубобзанро таъсис дод, ки пас аз панҷ соли фаъолияти бемузд ва ба дунболи нахустин сафарии ҳунарии хориҷӣ ин дастаро мақомот пароканда кардаанд.
Мастона Эргашева дар фурсати хеле кӯтоҳ шӯҳрат касб кард, аз ҳунармандони дӯстдоштаи мардум, ҳатто хориҷ аз Тоҷикистон, хусусан дар Узбакистон шуд.

Вале пас аз 25 соли фаъолият дар дастаи шашмақомхонон, дар соли 2003 ин гурӯҳи ҳунариро бо хоҳиши худ тарк кард. Ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ба сифати устод омад ва то кунун дар он ҷо ба шогирдон дарси мусиқӣ мегӯяд. Вай ду унвони муътабар, яъне ҳунарманди шоиста ва ҳунарманди мардумиро дар замони Шӯравӣ соҳиб гаштааст. Вале рӯзи 26 октябр аз ҷониби маҳфили “Боргоҳи Сухан” ҷоизаи “Сухан”-ро сазовор гардид.

Мастона Эргашева: Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, кишвари азизамон, ин нахустин ҷоизае ҳаст, ки ман соҳиб гаштам. Он ҳам бо лутфу марҳамати баъзе аз дӯстони ман аст, ки ҳунари маро қадр мекунанд. Дигар ҳамаи ҷоизаву унвонҳое, ки дорам, ҳамаашон дар даврони Шӯравӣ гирифтаам.

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, ҷоизаи “Сухан”-ро ба нафарҳое медиҳанд, ки хидмате дар посдории сухану шеър дошта бошанд. Шумо дар ин самт чӣ корҳоеро ба анҷом расондаед?

Мастона Эргашева: Соҳиби ин ҷоиза гаштанам, натиҷаи қазовати аҳли мутасаддиёни маҳфили “Боргоҳи сухан” аст ва фикр мекунам, ки онҳо дар натиҷаи омӯзишу дарки ҳунару эҷоди ман ба ин натиҷа расидаанд. Чун онҳо маро муносиби ҷоизаи “Бонуи Сухан” диданд, ин масъулияти маро дар назди пок доштани забони модарӣ дучанд мегардонад.

Радиои Озодӣ: Хонум Мастона, агар сӯҳбатҳои қаблиатонро бо Радиои Озодӣ дар ёд дошта бошед, гуфта будед, ки дар чанд соли охир сурудҳои шуморо тариқи телевизионҳои давлатӣ ба намоиш намегузоранд. Ҳоло чи тавр аст?

Мастона Эргашева: Имрӯз низ мисли ҳамон вақт аст. Ман беш аз 12 сол аст, ки корҳои эҷодиро канор гузоштаам ва ба донишҷуёни Консерваторияи миллӣ дарси мусиқиро таълим медиҳем. Танҳо гоҳ-гоҳе бо тавони имконият дар чорабиниҳо баромад кардаву суруд мехонам. Ман ҳоло наметавонам, ки рафта ба кормандони телевизиону радио бигӯям, ки чаро суруду таронаҳои маро пахш намекунед ва ё бояд пахш кунед.

Радиои Озодӣ: Замоне дастаи занонаи “дуторнавозон”-ро ташкил карда будед ва онро ҳануз дар даврони шӯравӣ пароканда карда буданд. Тасмим нагирифтед, ки онро имруз дубора таъис диҳед?

Мастона Эргашева: Ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ аз ҳисоби духтарони мактабхон гурӯҳи “дуторнавозон”-ро ташкил карда будам ва бо харҷи маблағи худам дар фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар Маскав баромад карда будем. Баъд аз он чун онҳо бемаош кор мекарданд ва аз ягон ҷо дастгирӣ намедидем, пароканда шуданд. Агар онро дастгирӣ мекарданд, имрӯз беҳтарин ансамбли навозандагони занона буд ва дар ин замони худшиносии миллӣ саҳми арзандаи худро мегузошт. Имрӯз низ барои таъсиси он дастгирии ҷиддиву сахт лозим аст, чунки ман мисли пештара қуввату тавон надорам, ки онро худ маблағгузорӣ кунаму фаъолияташро пеш барам.

Радиои Озодӣ: Бисёре аз ҳунармандон ва мухлисонатон шуморо “Бонуи ошиқи тор” мегӯянд, яъне ба чи хотир аст?

Мастона Эргашева: Ман ҳанӯз дар синфи чаҳорум мехондам, ки рубобро дар хобам дидам ва ошиқи садои ҳамин асбоби мусиқии тору рубоб гардидам. Ман ҳамон замон рубоб надоштам, вале аз худ медонистам, ки торҳои онро чӣ гуна ҷӯр мекунанд ва ҳамин хоб боис шуд, ки то ҳол рубобро аз дастам дур намемонам. Ҳатто ба шогирдонам бо рубоб дарси мусиқиро меомӯзонам.

Радиои Озодӣ: Замоне як суруди шумо бо номи “Тифли гирёнам калон шав” гимни модарони тоҷик буд, ки бо он кӯдаконашонро “алла” мегуфтанд. Имрӯз низ онро аз даҳони занони тоҷик мешунавед?

Мастона Эргашева: Не ҳоло мисли пештара аз даҳони модарони тоҷик намешунавам, вале худам дар ҳама маҳфилҳо онро замзама кардаву месароям. Дар ҳама маъракаҳое, ки меҳмон мегардам, аз ман хоҳиш мекунанд, ки аҷалан якбор ҳамин сурудро бисароям. Сабки ин оҳанг аслан ба мардуми ҷануби Тоҷикистон бисёртар ошност ва он дар жанри фалак сароида мешавад. Вале ҳатто ба водии Зарафшон равам ҳам, онҷо талаб мекунанд, ки якбор он сурудро бихонам.

Радиои Озодӣ: Чанд вақти пеш чунин овозае сар зад, ки Шумо Душанберо тарк карда, озими Хуҷанд шудаед ва кору фаъолиятатонро ҳамонҷо давом дода истодаед. Ин то куҷо ҳақиқат дорад?

Мастона Эргашева: Маро ду соли пеш ба Хуҷанд, ба Коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз ва факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба кор даъват карданд. Онҷо тибқи шартнома як сол кор кардам ва ҳоло боз дар Душанбе корамро давом дода истодаам.

Радиои Озодӣ: Ҳоло нақшаҳои Шумо чӣ гуна аст, оё барномаҳои ҳунарӣ ва ё нашри сурудҳои тозаро дар назар доред?

Мастона Эргашева: Ман ҳоло танҳо як омӯзгори Консерватория ҳастам ва дар ягон ансамбл фаъолият намекунам, ки суруду оҳангҳои нави хешро сабт кунам. Ҳоло нақшаву корҳои ман фақат ба шогирдон вобастагӣ дорад, агар шогирдони ман ҳунармандони номӣ шаванду обрӯю эътибори ҳунару санъати тоҷикро баланд бардоранд, чунин меҳисобам, ки гӯё нақшаву мақсадҳои ман амалӣ гардиданд.

Ҷоизаи Мастона Эргашева ва Аловуддин Абдуллоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00

XS
SM
MD
LG