Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нася ҳаром аст инҷо...


Бисёре аз дӯкондорони тоҷик аз додани нася парҳез мекунанд. Ин мавзӯъ дар шаҳри Кӯлоб низ хеле маҳсус будааст.

Овезаҳои аксари дӯконҳои Кӯлоб дар мавриди ба муштариён надодани қарз оҳанги ҷиддитаре касб мекунанд. Пештар дӯкондорон бо овехтани навиштаҷоти «Қарз дода намешавад» ваё «Ту агар қарз барӣ, кор тамом аст ин ҷо» иктифо мекарданд. Ҳоло овезаҳои аксари дуконҳои Кӯлоб ҷиддитар шуда, ба ҷумлаву ибораҳое мисли «Зора накунед, қарз дода намешавад» ва «Дӯсти ман бошед, қарз напурсед» тағйир ёфтаанд.

Изатулло Холиқов, як тоҷири маҳаллӣ мегӯяд, овезаи «Қарз дода намешавад» барои аксари сокинон забонзада шудааст ва бо вуҷуди дидани ин овеза онҳо ҳангоми харидории маҳсулот қарз мепурсанд. Ӯ мегӯяд, талоши зиёд кард, то дигар қарз надиҳад, зеро ин бар зарари тиҷораташ буд. Аммо ҳанӯз ҳам ба бархе «шиносону дӯстон» то «охири моҳ» қарз медиҳад.


Изатулло Холиқов
Изатулло Холиқов
Изаттулло, ки дафтари бузурги саропо иборат аз рӯйхати қарздорони дӯконашро варақ мезад, гуфт: «Мушкил дар ин аст, ки қарзро сари вақт баргардонда наметавонанд. Ҳоло ман чун мебинам, ки ба қарз ягон шинос зарурат дорад, ягон чизи қиматбаҳояшро гарав мегирам ва забонхаташро мегирам. Ба дигарон низ инро тавсия медиҳам. Бисёр вақт қарз медиҳӣ ва ба худат дарди сар мехарӣ. Барои ҳамин аввалан, қарз бояд на бидиҳӣ, на бигирӣ, чун гирифтӣ, бояд масъулият ҳис кунӣ.»

Оростамоҳ Абдулҳақова, як тоҷири дигар мегӯяд, додани маҳсулоти фурӯширо ба муштариён ҳамчун қарз қатъ кардааст ва ҳаргиз қарз нахоҳад дод: «Аз ин ҳисоб зарар дидаам. Чанд нафарро қарз дода будам, аммо дигар пайдояшон накардам. Ҳоло қарз пурсанд, мегӯям, ки илоҷ надорам. Баъзеаш мефаҳманд, баъзеаш меранҷанд, аммо роҳи дигар нест.»

Тоҷирон мегӯянд, бештари афроде, ки маҳсулоти истеъмолиро аз мағоза ба воситаи қарз мегиранд, омӯзгорон, бекорон ва афрод ҳастанд, ки ҷои кори муваққатӣ ё камдаромад доранд.


Назар, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун посбон кор мекунад, мегӯяд, бидуни қарз дар шароити кунунӣ зиндагӣ кардан барояш ғайриимкон аст:«Бе қарз намешавад. 250 сомоние, ки маош мегирем, дар як ҳафта тамом мешавад. Аз мағоза боз ҳар маҳсулоте, ки мегирем, дар номамон менависанд ва сари моҳ, ки маошро гирифтем, пардохт мекунем.»

Валии Раҳматшоҳ, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, ҳоло чун нек назар кунӣ, ҳама аз ҳамдигар қарздоранд ва бо қарз зистан мисле ки «фарз» шудааст: «Ҳоли хонаводаи ман вазнин аст ва моҳе мешавад ки то 500 сомонӣ қарз мегирам. Дар ин баробар боз ҳастанд одамоне, ки аз ман 10 сомонӣ ё 100 сомонӣ қарздоранд. Ҷое мешавад, ки қарз мегирӣ ва боз миқдори камашро ба як нафари дигар медиҳӣ.»

Дар ҳамин ҳол, Низомиддин Комилов, устоди риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, агарт аз як сӯ, қарз гирифтани сокинон дараҷаи камбизоатии онҳоро нишон диҳад, аз сӯи дигар, ин намоиши зиндагии бебандубори онҳост. Ба гуфтаи Комилов, аксари сокинон ба масали «Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун» аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.


Низомиддин Комилов
Низомиддин Комилов
Ӯ меафзояд: «Ин як амри воқеист, ки на ҳама зиндагии хуб дорад ва маоше намегирад, ки дар зиндагӣ кифоят кунад. Аммо бисёре аз сокинони мо як навъ бизнес-план ё нақшае, ки дар зиндагӣ чи гуна маблағ сарф кунанд, надоранд. Аксаран бе нақшаи пешакӣ зиндагӣ мекунад ва сарфаҳми дахлу харҷи худ намеравад. Барои як чизи нозарур маблағеро сарф мекунад,ки бояд накунад.»

Бонкҳои Тоҷикистон низ ба пайравӣ аз бонкҳои ғарбӣ барномаҳои додани қарзҳои хурд ба хонаводаҳои ниёзманд, аз ҷумла барои харидории ин ё он ашёи рӯзгорро ба роҳ мондаанд. Вале бештари мардум қарз гирифтан аз дӯкони сари кӯчаашро афзалтар мешуморад. Аз як тараф, ба ин далел, ки дӯкондор одами худист ва аз гиребони қарздор “сахти бад” намегирад. Аз тарафи дигар, ба фарқ аз бонк қарзе ки аз дӯкон мегирӣ, фоиз надорад, балки баръакс: Гоҳо дӯкондорон аз бархе қарздорони “баҳузур” чунон ба ҷон меоянд, ки ҳатто розӣ мешаванд, бо гирифтани ними қарз ними дигарашро бахшанд.
XS
SM
MD
LG