Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Девори нобоварӣ байни милиса ва мардум


Ҷаласаи фаврӣ дар ВКД. Душанбе 21 апрел
Ҷаласаи фаврӣ дар ВКД. Душанбе 21 апрел

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 апрел бо ҷамъбасти фаъолияти семоҳааш аз ҳамкории нокофии мардум бо милиса изҳори ташвиш кардааст. Сокинон аммо мегӯянд, ба мақомоти интизомӣ эътимоди зиёд надоранд.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон рӯзи 21 апрел дар як ҷаласаи густардаи фаврӣ аз фаъолияташ дар семоҳаи аввал натиҷагирӣ кардааст. Дар ин иҷлос аз афзоиши ҷиноёте, чун одамкушию қаллобӣ ва дасти кӯтоҳи ВКД дар боз кардани чунин ҷиноёт изҳори ташвиш шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД аз натиҷаи фаъолияти семоҳаи мақомоти ин вазорат хабар дода, мегӯяд, дар3 моҳи аввали сол дар Тоҷикистон 28 мавриди куштор сабт шуда, вале ошкор сохтани чунин ҷиноятҳо дар қиёс ба як соли пеш ҳамагӣ 3 дарсад афзудааст. Ҳамин тавр, имсол дар кишвар 982 мавриди қаллобӣ сабт шудааст, ки назар ба семоҳаи аввали соли гузашта 437 маврид бештар аст.

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо изҳори нигаронӣ аз чунин вазъ хостори фаъолияти ҷиддитари мақомоти милиса шудааст. Рамазон Раҳимзода ҳамчунин як сабаби нокомии мақомот дар амри ошкор кардани ҷиноятҳои сангин ва афзоиши мавридҳои қаллобӣ дар кишварро ба ҳамкории нокофии мақомот бо мардум рабт додааст.

Гуфта мешавад, мардум дар Тоҷикистон то ҳол аз хабар додани ин ё он ҷиноят ба милиса парҳез мекунад. Аз ҷумла ба ин гумон ки мабодо мақомоти умури дохила бо ҷинояткорон ҳамдаст бошанд.

Аммо ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин парҳез аз милиса аз таҷрибаи рӯзгори онҳо баҳра мегирад. Ба гуфтаи онҳо, бахусус нозирони минтақавии ВКД дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯш ба ҷои ҳимоя аз қонун амалан дар симои атрофиён ва ҳатто корафтодагон манбаъи «даромад»-и худро мебинанд ва ҳар рӯз бо айни баҳона ки: “Зиндагӣ-да!” аз рафи ҳар фурӯшанда ё бо ягон нон, ё бо чанд дона мева, ё чанд бандча кабудӣ – “ҳаққ”-и худро ҳатман меситонанд.

Зарифа Соҳибназарова, як соҳибкор аз бозори маҳаллаи 46-уми пойтахт мегӯяд, ки ҳар бегоҳ милисаҳои ин минтақа аз онҳо 1-2 нон ва сабзиҷоту дигар маҳсулоти фурӯшиашонро бидуни ягон хоҳишу пурсиш мегиранд.

Як соҳибкори бозори «Корвон”, ки худро Ҷумъагул Махсумова муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ шикоят овард, ки як корманди милиса бо нишон додани шаҳодатномаи хидматиаш ба боварии ӯ даромада, 17 ҳазор долларашро гирифтааст ва то ҳол барнамегардонад.

Зимнан вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ҳам зимни натиҷагирии фаъолияти семоҳаи ин вазорат дар робита ба ҷараёни иҷрои фармони президенти Тоҷикистон таҳти №1291 аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милиса дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» изҳори нигаронӣ кардаааст.

Дар соли 2012 дастикам 10 корманди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба масъулияти ҷиноӣ кашонда шудааст ва асосан бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ. Чунин омор дар бораи соли 2013 то ҳол нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG