Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансурҷон Умаров дубора дар шифохона бистарӣ шудааст


Мансурҷон Умаров. Акс аз бойгонӣ
Мансурҷон Умаров. Акс аз бойгонӣ

Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳо ва муовини вазири адлияи Тоҷикистон, дубора дар бемористон бистарӣ шудааст. Манобеи боварбахши Радиои Озодӣ дар шифохонаи "Истиқлол" ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ин хабарро рӯзи 7-уми сентябр тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе, "Мансурҷон Умаров рӯзи 5-уми сентябр пас аз бад шудани вазъи саломатиаш, аз хона ба бемористон интиқол ёфт".

Манбаъ афзуд, Умаров, ки нав аз бемории илтиҳоби шуш ё пневмония табобат гирифта буд, ин бор ба хунрезии меъда дучор шудааст.

"Рӯзи шанбе якбора саломатиашон бад шуд ва он касро ба беморхонаи “Истиқлол” оварданд. Табибон муайян карданд, ки Мансурҷон Умаров ба хунрезии меъда (кровотечение желудка) гирифтор шудааст. Ҳоло зери назорати табибон ҳастанд, аз рӯи овардаашон аҳволашон беҳтар аст. Хунравии меъдаашон ҳоло манъ шудагӣ аст”, - афзуд ҳамсуҳбати мо дар беморхонаи “Истиқлол”.

Мақомот ин хабарро расман тасдиқ ё рад накарданд.

Як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе наздикони Мансурҷон Умаров ба онҳо занг зада гуфтаанд, Умаровро ба беморхона бурданд. Ҳамсуҳбати мо дар идораи зиндонҳо афзуд, дар бораи вазъи саломатии роҳбарашон маълумоти зиёд надоранд, чун табибон ба онҳо иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд.

Мансурҷон Умаров ҳафтаи гузашта баъд аз муолиҷа аз бемории илтиҳоби шуш ё пневмония аз беморхона рухсат шуда буд. Масъулони беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона рӯзи 7-уми сентябр гуфтанд, Умаров чанд муддат дар инҷо аз бемории илтиҳоби шуш табобат гирифт.

Мансурҷон Умаров дар пайи ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 2018 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи Иззатулло Шарифзода сардори Раёсати маҳбасҳо таъин шуд.

Ӯ генерал-лейтенант ва 53-сола аст. Ҳашт сол дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Дар моҳи майи имсол Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров ва корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми май гуфта буд, Носир Умаров ба эҳтимоли зиёд аз коронавируси нав фавтидааст, чун ҷасадро ба пайвандон надоданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG