Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Мансурҷон Умаров ба "илтиҳоби шуш" гирифтор шудааст


Мансурҷон Умаров аз соли 2018 сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон аст
Мансурҷон Умаров аз соли 2018 сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон аст

Ба иттилои дарёфтӣ, Мансурҷон Умаров – муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон – ба бемории "илтиҳоби шуш" гирифтор шудааст.

Ду корманди Раёсати маҳбасҳо бо шарти зикр нашудани ном рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Умаров дар беморхона аст ва "тақрибан як моҳ боз ба кор наомадааст". Мақомот дар ин бора расман хабар надоданд.

Ба қавли ҳамсуҳбатони мо дар Раёсати маҳбасҳо, Мансурҷон Умаров аввал дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва ҳоло ӯро ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Чапаеви пойтахт, овардаанд. "Ҳамкорон чанд дафъа ба диданаш рафтанд, аммо нагузоштанд", -- гуфтанд онҳо.

Баъзе афроди наздик ба хонаводаи Мансурҷон Умаров хабари бемор будани ӯро тасдиқ карданд, вале дар бораи вазъи саломатиаш тафсилот надоданд.

Дар гузашта Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ ба "илтиҳоби шуш" гирифтор шуда, табобат ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ дар бораи бемории онҳо расман хабар дода буд.

Дар моҳи майи имсол Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров ва корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми май гуфта буд, Носир Умаров ба эҳтимоли зиёд аз коронавируси нав фавтидааст, чун ҷасадро ба пайвандон надоданд.

Мансурҷон Умаров дар пайи ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 2018 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи Иззатулло Шарифзода сардори Раёсати маҳбасҳо таъин шуд.

Ӯ генерал-лейтенант ва 53-сола аст. Ҳашт сол дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG