Директори мактаби таҳсилоти умумии №34 деҳаи “Иттиҳод”-и ноҳияи Данғара баъди як сӯҳбати видиеоӣ дар Радиои Озодӣ аз кор сабукдуш шудааст.
Ин раҳбари мактаб моҳе қабл дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз раҳбарияти маорифи Данғара тавсиф карда буд, ки шароитро фароҳам кардааст, аммо дар идомаи сӯҳбат аз набуди нируи барқ ва оби ошомиданӣ дар мактаб шикоят карда буд.
Абдуҳаким Холов, директори собиқи мактаби № 34-и деҳаи “Иттиҳод”-и ноҳияи Данғара рӯзи 20 декабр гуфт, ки баъди нашри гузориш дар
з кор пеш кардани шахсе, ки ҳақиқатро гуфтааст, боиси дар дили мардум ҷой шудани ваҳму тарс мешавад ва чунин мардум наметавонад давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бунёд кунад
сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи ин деҳа ӯро аз мақомаш барканор ва рӯзи 19 декабр раҳбари навро ба ҷои ӯ дар мақоми раҳбари мактаб таъин карданд.
Барканорӣ баъди матраҳ кардани ҷузве аз мушкилоти деҳ
Ба гуфтаи ҷаноби Холов, масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара ба мактаби онҳо омада ва тафтиш анҷом дода аз ӯ суол карданд, ки чаро бе иҷозат бо як расона сӯҳбат кардааст.
Холов дар пурсиши масъулони идораи маориф гуфт, ки ӯ аз пешравии мактаб сӯҳбат карда ва ҳатто барои исботи фикраш навори гузоришро ба идораи маориф ва ҳукумати ноҳия бурд, аммо ӯро барканор карданд.
Абдуҳаким Холов, ки баъди барканорӣ бекор шудааст, моҷароро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард:
“Баъди нашри матлаби шумо санҷиш омада гуфанд, ки “чаро бе иҷозат суҳбат анҷом додӣ?” ва мактабро тафтиш карда гуфтанд, ки туро аз кор мегирем. Ман ба шӯъба рафтам ва мудир ба ман гуфт, ки аризаи истеъфоятро навис, вале нанавиштам. Наворро гирифта ба ҳукумат бурда нишон додам ва гуфтам, ки “охир ман таъриф кардам ва дар ҳукумат маро чизе нагуфтанд, аммо мудир маро аз кор хост сабукдуш кунад ва гуфт ариза навис”. Ман ин корро накарда, вале ба ҷои ман аллакай як нафарро дирӯз, ки ман дар маркази ноҳия будам, оварда муаррифӣ карда ба вазифа таъин карданд,” - гуфт Абдуҳаким Холов.
Барканории директори мактаби №34-и деҳаи “Иттиҳод”-и ноҳияи Данғара дар ҳоле сурат гирифт, ки Радиои Озодӣ дар охири моҳи ноябр аз зиндагии 200 хонавода дар як деҳаи дурдасти ҷануби Тоҷикистон гузориши видеоӣ ва аудиоӣ таҳия ва нашр кард. Дар гузориши Радиои Озодӣ аз набуди нируи барқ ва оби ошомиданӣ ва бо хару ароба кашонидани об қисса мекард.
На барқ, на обу роҳ. "Тақдири шӯр"-и Иттиҳоди Данғара
"Барканорӣ ба мусоҳибаи матбуотӣ рабт надорад"
Саид Ниёзмуҳаммад Саид, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара рӯзи 20 декбр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ бо сабаби нашри гузориш дар Радиои Озодӣ аз кор ронда шудани Абдуҳаким Холовро рад кард ва гуфт, аз вазифа озод шудани ҷаноби Холов ба сӯҳбаташ дар расона рабте надорад.
Ҷаноби Ниёзмуҳаммад гуфт, ки сабаби барканории директор ба сифати таълим рабт дорад ва қабл аз ин ҷаноби Холов ду маротиба огоҳӣ низ гирифта будааст.
“Мо ба расонаҳои хабарӣ ягон эрод надорем. Ман дар интернет он матлабро дида ва гӯш кардам. Гӯё, ки мактабро танқид карда бошад, аммо шумо дар бораи мактаб чизе нагуфтаед. Фақат шумо дар бораи барқу роҳ гуфтед. Барканории ӯ ба ин гузориш рабт намегирад ва давлати мо демократӣ аст ва нуқтаҳои назар озод аст. Ҳарчанд мо мегӯем, вале ӯ намефаҳмад.
Агар дар мавриди мактаб шумо танқид мекардед, мо вокуниш мекардем, вале инҷо гап дар сари сифати таълиму тарбия меравад ва ҳеҷ рабте ба он гузориш надорад”, - гуфт Саид Ниёзмуҳаммад Саид, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара.
Деҳае дар байни ду кӯҳ
Деҳаи Иттиҳод соли 1956 дар байни ду кӯҳ бунёд шуда, ҳоло дар мактаби №34-и ин деҳа 229 хонанда таҳсил мекунанд. То соли 2004 сокинони ин деҳа дар вагонҳо таҳсил мекарданд ва баъди сохтмони мактаб, кӯдакон ба бинои нав кучонида шуда, соли 2013 мактаби деҳаи “Иттиҳод” аз нуҳсола ба 11-сола табдил дода шуд.
Дар ҳамин ҳол бархе хабарнигорон мегӯянд, ки набояд директори мактабро барои сӯҳбат дар расона аз кор пеш мекарданд.
"Муҷозоти садои интиқодӣ монеи рушди демократии кишвар аст"
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сабукдӯш кардани роҳбар баъди сӯҳбат ба як расона монеаи рушди демократия ва ҳамин тавр пешрафти ҷомеа мешавад. Аҳмади Иброҳим гуфт, нафареро, ки ошкор дар бораи камбудиҳо сухан мегӯяд ва барои ин аз кор пеш мешавад, як хатои ҷиддӣ аст. Ба гуфтаи Аҳмади Иброҳим, нафареро, ки ҳақиқатро гуфтаасту ба ҷои ислоҳи масъала ӯро муҷозот мекунанд, ба маънои рӯйпӯш кардани беморӣ аст:
“Мегӯянд-ку: «сари кафида зери тоқӣ». Ин тоифа мехоҳанд аз рӯи ҳамин масал амал кунанд, вале ин барои пешравии ҷомеа мусоидат намекунад. Як чизи дигарро дар назар бояд гирифт, ки мардумро набояд тарсу кард, чун мардуми тарсу патриот шуда наметавонад, ҷомеа бунёд карда наметавонад. Кор бояд кард, ки мардум тарсу нашавад. Аз кор пеш кардани шахсе, ки ҳақиқатро гуфтааст, боиси дар дили мардум ҷой шудани ваҳму тарс мешавад ва чунин мардум наметавонад давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бунёд кунад”, - гуфт Аҳмади Иброҳим.
Зимнан, Абдуҳаким Холов, директори собиқи мактаби № 34 - и деҳаи “Иттиҳод”-и ноҳияи Данғара мегӯяд, ки барои барқарор шудани адолат талош мекунад ва аз болои мудири маорифи ноҳияи Данғара то Вазорати маорифи Тоҷикистон шикоят хоҳад кард. Аммо мудири маориф мегӯяд, ки даъвои Абдуҳаким Холов бефоида аст.
Абдуҳаким Холов 30 соли собиқаи корӣ дошта, фарзандонаш низ дар ин мактаб ба ҳайси омӯзгор фаъолият доранд. Ӯ мегӯяд, ки дар сурати барқарор нашуданаш писаронаш низ аз фаъолияти омӯзгорӣ дар ин мактаб даст мекашанд.
Президент раиси Хуросонро танбеҳ дод
Ин бори аввал нест, ки дар пайи пахши гузорише дар Радиои Озодӣ як шахси масъул бо тасмими мақомоти маҳаллӣ аз кор барканор мешавад.
Моҳи августи соли ҷорӣ Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар як маросими пешвози президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон рӯзи 9 август гурӯҳи ҳунармандони ҳаваскори «Очаҷон» ҳангоми доиранавозӣ ба иштибоҳ роҳ дод. Дар пайи ин дар як ҷаласа мақомоти ноҳия раиси Кумитаи занон ва оилаи ноҳияи Хуросон Зиёда Саломоваро дар иштибоҳи кори доиранавозҳо гунаҳгор карда гуфтаанд, ки гӯё ин хато табъи президентро хира кард ва бо ҳамин сабаб ӯро барканор карданд.
Даҳ рӯз баъди нашри ин хабар рӯзи 24 август президент Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзодаро танбеҳ дод ва Зиёда Саломоваро дар мақомаш барқарор кард. Дар матни ин қарор навишта шуд, ки ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар шарҳи тасмими президент инчунин таъкид шуд, ки сафарҳои президент ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат “бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад».