Раиси ноҳияи Темурмалик дар вилояти Хатлон "иқрор" кард, ки се моҳ пеш дар айёми сардӣ ва ҳангоми кушодани як дӯкони доруи ҳайвонот духтаронро бо либоси баҳорӣ ба пешвозаш баровардаанд ва онро кори дасти тобеонаш номид. Фотеҳ Аминзода рӯзи 11-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, ба чунин тарзи пешвозгирӣ ниёз надорад. Мунтақидон мегӯянд, агар раиси ноҳия чунин вазъиятро намехост, тобеонашро ҷазо медод ва ё ҳамон лаҳза духтаронро ба пӯшидани либоси гарм мефиристод.
Рӯзи 16-уми ноябри соли 2019 аксҳо аз ҷараёни кушодани "Дорухонаи байторӣ" дар як деҳаи ноҳияи Темурмалик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар он хонандагони мактаб бо куртаҳои баҳорӣ раисонро пешвоз мегирифтанд. Баръакси духтарон раисону ҳамроҳонаш бо либосҳои зимистона буданд.
Ин манзара баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Бисёриҳо мансабдоронро барои сӯистифода аз мақом танқид карданд.
Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Темурмалик, гуфт, ба эҳтимоли зиёд чунин омодагӣ ба хотири он будааст, ки бояд дар он маросим намояндагони ҳукумати Тоҷикистон низ иштирок мекарданд.
"Бо сабабҳое намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок накард. Мо бо намояндагони ҳукумати вилоят иншоотро қабул кардем. Агар навор мешуд, медидед, ки худи ҳамон замон гуфтем раҳмати калон бачам барои қабул, барои эҳтиром, рафта либосҳоятонро пӯшед. Ҳамин чиз лозим нест барои мо", -- афзуд ӯ.
Пештар Зуҳрои Маҳмадсаид, раиси ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки "Дорухонаи байторӣ"-ро дар онҷо кушодаанд, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "барои он ки либоси миллии духтарон дар навор хуб биояд, гуфтем, либосҳои зимистонаашонро муваққатан гиранд. Ин кор панҷ дақиқа давом карду бас."
Дар дӯконе, ки як сокини ноҳияи Темурмалик сохт ва кушоданаш бо иштироки навҷавонон баҳс бапо кард, маводи маҳви ҳашарот ва дору барои табобати чорво фурӯхта мешавад.
Моҳи январи соли гузашта Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ бо айни шеваи пешвозгирӣ дар шаҳри Панҷакент танқид шунид. Ӯро низ, ки дар сар кӯлоҳу дар тан либоси гарм дошт, духтарон бо либоси тунуки атлас истиқбол гирифтанд.
Дертар мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, ки чанде аз масъулонро барои ташкили чунин шеваи пешвозгирӣ ҷазо додаанд, вале нагуфтанд, ки ин афрод кӣ ҳастанд ва дар кадом сатҳи ҳукумати Панҷакент кор мекунанд.
Мавзӯи ҷалби кӯдакону наврасон ба маросим ва бо либосҳои тунук дар фаслҳои сард ҳангоми сафарҳои президент ба минтақаҳо солҳо боз вуҷуд дорад. Соли 2013 дар ноҳияи Фархор кӯдаки хурдсолеро, ки ба пешвози президент оварда буданд, бо лаҳни кӯдакона шикоят кард, "хунук хӯрдааст".
Эмомалӣ Раҳмон он замон гуфта буд, кӯдаконро набояд дар сардӣ ба пешвози ӯ биоранд, вале натанҳо ин ҳолат кам нашуд, балки зоҳиран дар ноҳияҳо ва дар сатҳҳои поин ҳам ба анъана даромадааст.
Мунтақидон чунин пешвозгириҳои бодабдабаро навъе аз шахспарастӣ медонанд. Мақомоти сатҳи олӣ онро кори мансабдорони маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ кори ихтиёрии сокинон медонанд.