Раҳбари Беларус, Аляксандр Лукашенка, рӯзи 26-уми апрел дар канори ҳамтоёнаш аз Русияву Украина дар расми ёдбуди солгарди 25-уми фоҷиаи ҳастаии Чернобил ҳузур наёфт, балки дуруст дар ҳамон рӯз ба шеваи хоси худ раҳбарони Украинаро “кайкзада” ва раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозоро ҳатто “буз” номид. Лаҳне, ки шояд ба ҷуз аз Лукашенка ҳеҷ раҳбари дигари дунё ба худ эб набинад.
Аммо бо вуҷуди чунин дарафтоданҳои хориҷ аз ҳама марзҳои дипломатӣ гоҳ алайҳи Ғарбу гоҳ алайҳи ҳомии асосиаш – Русия ва лақабҳои “Батка” ва “охирин диктатори Аврупо”, ки ба ӯ сахт часпидааст, Аляксандр Лукашенка аз соли 1994 ба ин сӯ, инак 17 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар Беларус ҳукумат меронад. Аммо ба истилоҳ “сирри муваффақияти ӯ чист?”
АЗ РАЁСАТИ СОВХОЗ ТО РАЁСАТИ КИШВАР
Аляксандр Лукашенка 57 сол дошта, соли 1954 дар вилояти Витебск ба дунё омадааст.Соли 1975 риштаи таърихи донишкадаи омӯзгории Могилёв ва соли 1985 бахши ғоибонаи риштаи иқтисодии Академияи кишоварзии Беларусро хатм кардааст. Ду дафъа дусолӣ дар артиш хидмат карда, унвони подполковникро дорад.
Соли 1987 раиси совхози “Городетс” дар вилояти Могилёв ва соли 1990 вакили Шӯрои Олӣ интихоб шуда, дар ин парлумони вақти Беларус раёсати куммиссиюни мубориза бо фасодро бар ӯҳда дошт. Соли 1994 дар даври дуввуми раъйгирӣ бо касби 80 дарсади оро раисиҷумҳури Беларус интихоб шуд. Баъдан дар солҳои 2001, 2006 ва 2011 низ ин мақомро ҳифз кард ва феълан давраи чоруми раёсаташро меронад. Ширкати Лукашенка дар ду интихоботи ахир тавассути райъпурсии соли 2004 муяссар шуд, ки шарти танҳо ду давраи раёсат барои як нафарро аз Қонуни асосии Беларус бардошт.
Аляксандр Лукашенка аз ҳамсари қонуниаш –Ҳалина- ду писари баркамол – Виктор ва Дмитрийро дорад. Модари писари севвумаш – Коляи шашсола табиби собиқи Лукашенка Ирина Абелская будааст.
“РАҚС ДАР РӮИ УСТУХОН”
Аляксандр Лукашенка ҳамеша бо бархӯрдҳои хориҷ аз ҳадди одоб ва ҳатто таҳқиромезаш нисбат ба раҳбарони дигар шӯҳрат дошт. Аммо вожаҳои тунде, ки ӯ дар қиболи раҳбарони Украина ва Аврупо ба кор бурд, ба сари худ собиқа надорад.
Рӯзи 26-уми апрел, дар солгарди 25-уми фоҷиаи ҳастаии Чернобил, вақте зимни боздид аз манотиқи аз садамаи ин нирӯгоҳ осебдидаи Беларус аз Лукашенка пурсиданд, ки чаро дар расми асосии ёдбуди ин фоҷиа дар Чернобил дар канори Дмитрий Медведев ва Виктор Янукович ҷои ӯ холист, раисиҷумҳури Беларус гуфт, инро бояд аз раҳбарони Украина пурсид: ”Мутаассифона, раҳбарони кунунии Украинаро ба қадри кофӣ кайк задааст. Ман барои касе меҳмони нохонда шуданӣ нестам. Зери табли на ин президент ва на дигараш ҳам нахоҳамрақсид. Ин суолро, ки чаро Лукашенка дар онҷо нест, бояд аз Янукович пурсид. Аммо дар мавриди бузҳое, чун Баррозо ва амсоли ӯ. Хуб, Баррозо худаш кист? Кадом як Баррозо буд дар Португалия, баъд ӯро аз ҷон ронданд ва дар Куммиссиюни Аврупо ё кадом ҷои дигар кораш доданд.”
Ин посухи Лукашенка ба адами ҳузури ӯ дар анҷумане буд, ки ҳафтае қабл аз солгарди фоҷиаи Чернобил дар Киев доир шуд. Мақомоти Украина дар ин ҳамоиш барои рафъи авоқиби садама дар ин нирӯгоҳи ҳастаӣ аз кӯмакрасонҳо 550 миллион евро ваъдаи ёрӣ гирифтанд.
Аммо дар матбуот сарусадоҳое нашр шуд, ки раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо адами ҳузури Аляксандр Лукашенкаро, ки таҳти таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо (ИА) қарор дорад, шарти ширкати худ дар анҷумани Чернобилгузоштааст ва азбаски бахши аъзами ёриҳои ваъдашуда аз Иттиҳодияи Аврупост, Киев даъвати қаблии Лукашенка ба ин ҳамоишро бознигарӣ кард.
Мақомоти ИА аз шарҳи изҳороти таҳқиромези Лукашенка нисбат ба Баррозо худдорӣ карда, бидуни бурдани ном гуфтаанд, баёнияҳои ҳар шаҳрвандро ташреҳ намекунанд. Ба ин маъно, ки ИА Лукашенкаро ба ҳайси раҳбари аз роҳи демократӣ интихобшудаи Беларус эътироф намекунад. Аммо ба гуфтаи ин манобеъ, Баррозо барои ширкат дар анҷумани Чернобил дар назди Киев ягон шарт нагузошта буд.
Вазорати умури хориҷии Украина, аммо аз лаҳни, ба гуфтаи ин вазорат, “ба таври бесобиқа беодобона ва таҳқиромез”-и Лукашенка нисбат ба раҳбари Куммиссиюни Аврупо эътироз оварда, дуруст дар солгарди Чернобил ба забон овардани чунин ҳарфҳо аз сӯи раисиҷумҳури Беларусро ба “рақс дар рӯи устухони мурдагон” ташбеҳ кард.
ҲАР ЧӢ ДАР ДИЛ БУД, БА ЗАБОН ОМАД
Таҳлилгари украинӣ Вадим Карасёв мегӯяд, комёбии Киев, ки тавонист чунин кӯмаки молии фаровонро барои рафъи авоқиби садамаи Чернобил ба Украина сарозер кунад, қатраи охирине шуд, ки косаи сабри Лукашенкаро лабрез кард ва ӯ тамоми ончиро, ки дар бораи Янукович ва Аврупо дар дил дошт, ба забон овард: “Ба сурати умум, Лукашенкаро худи ӯ бо забони сурхаш дар инзивоъ қарор додааст ва ҳоло аз дипломатия ва аз давлати Украина рашкаш меояд, ки тавонистааст ҳам бо Маскав ва ҳам бо ИА равобити хуб барқарор кунад. Аммо Лукашенка баръакс муносибаташро ҳам бо Аврупо ва ҳам бо Маскав хароб кард. На Путин ва на Медведев гуфтаҳову кардаҳои қаблии ӯ нисбат ба Русияро нахоҳанд бахшид. Бо Аврупо ҳам Беларус комилан ҷангӣ шудааст. Ин омилҳо ва дар бунбасти дохиливу хориҷӣ дармондани Лукашенка – ин ҳама мунҷар ба латмаҳои равониву сиёсие шудааст, ки акнун дар шакли чунин баёнияҳо фурӯ мерезад.”
Аммо таҳлилгари беларусӣ Юрий Дракохруст мегӯяд, давлати Лукашенка дар дохил ҳам ба як силсила мушкилоти моливу сиёсӣ рӯбарӯст, ки ҳоли ӯву давлаташро хеле танг кардааст ва Лукашенка бо чунин алфози қабеҳе, чун “буққа”-ву “буз” хондани раҳбарони Аврупо ва “кайкзада” гуфтани раҳбари Украинаи ба сурати умум бо Минск дӯст қаҳрашро аз тамоми ҷаҳон мегирад: “Ин алфоз як навъ вокуниши пурэҳсос ба вазъи печидаи дохилист. Кишвар дар буҳрон қарор дошта, ба шароити солҳои 90 бармегардад. Мардум аз субҳ барои харидани асъори хориҷӣ навбат мепоянд. Тарси беқурб шудани пули миллӣ вазъро дар бозори ғизо низ печида карда, мардум дар таҳлука уфтодаанд ва бошитоб рафҳои мағозаҳоро аз орду равғану қанд ва маҳсулоти дигар холӣ мекунанд. Бар илова, таркиши бесобиқа дар метрои Минск, идомаи мухолифатҳои сиёсӣ ва мурофиаи ширкаткунандагони эътирозҳои пасоинтихоботист, ки ин ҳама боиси эҷоди чунин асабониятҳо мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки то кунун эҷоди як ҷазираи суботи иҷтимоӣ дар фазои пасошӯравӣ дар дасти Лукашенка қартаи асосие буд, ки аз ҷумла тамдиди бакарати давраҳои раёсати ӯро тавҷеҳ мекард.
Феълан маоши миёна дар ин кишвар тақрибан 1,5 миллион рубли беларусӣ, ё чизе зери 500 долларро ташкил медиҳад. Аммо сӯҳбатҳои афзоянда дар бораи имкони уфти базудӣ ва башиддати қурби пул рубли беларусиро дар ин авохир хеле беқадр кард.
РӮБАРӮ БО МАСКАВ
Дар чунин шароити танг Аляксандр Лукашенка, ба бовари нозирони умур, илоҷе ба ҷуз аз ҷустани кӯмаки молӣ аз хориҷ надорад.
Вале агар ӯ дар гузашта гоҳе аз Маскав қаҳрмекарду домани дӯстӣ бо Ғарбро меҷуст ва гоҳи дигаре –баръакс, акнун бо таҳқири бепардаи раҳбарони Аврупо ин бозиҳои Минск бо Ғарбу бо Шарқ амалан анҷом ёфта, ба эътиқоди Юрий Дракохруст, боз як қартаи бозиро аз дасти Лукашенка зад ва чорае ба ҷуз аз ёфтани забони Маскав барояш боқӣ намонд: “Вазъ акнун дар воқеъ ба фоидаи Русия бозӣ мекунад. Ҷанҷоли Лукашенка бо Аврупо ӯро аз озодии амал дар майдони геополитикӣ маҳрум кард ва дар рӯбарӯи Маскав танҳо гузошт. Аммо Маскав дар навбати худ ба ҷое шитоб надорад ва мунтазири фурсат нишастааст. Лукашенка шадидан ба пул ниёз дорад ва Маскав бароҳатӣ дар ивази ёриҳои молиаш пеши Минск тамоми шартҳояшро хоҳад гузошт.”
Равобити Маскаву Минск тайи 17 соли ҳукумати Аляксандр Лукашенка як роҳи пур аз чолиш ва танишҳоро паси сар кардааст. Лукашенка дар соли 1994 таҳти шиори бастани иттиҳод бо Русия ва ҳатто як кардани ҳарду кишвар, ки дар зеҳни мардуми ҳарду кишвар ҳамчун як навъ талоши эҳёи Иттиҳоди пошхӯрдаи Шӯравӣ талқин мешуд, ба қудрат расид.
Аммо тайи ин қадар сол чандон пеш нарафтани аробаи ин иттиҳод, алфози тунде, ки Лукашенка дар қиболи раҳбарони Русия кор мебурд ва ҳам интиқоди низ тунди Маскав ба хусус тавассути расонаҳояш аз “Батка” Лукашенка, ки ҳатто дар як барномаи телевизони русии НТВ, фосиду мафиоз хонда мешуд, ба ҳадде расид, ки дар тирамоҳи гузашта раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, барои мисол, ҳавасмандиаш ба шикасти Лукашенка дар интихоботи моҳи декабрро чандон пинҳон намекард.
Лукашенка низ ба лаҳни ба ӯ хос ва танзомез посух дод, ки аз рафтани Владимир Путин аз раҳбарии Русия аслан дарак надорад. Ба ин маъно ки президенти аслии Русия ҳамоно Путин аст, на Медведев.
Аммо ба бовари нозирон, Маскав ғолибан дар ивази касби имтиёзҳои бештари геополитикӣ дар Беларус, бахусус дар шароити феълӣ, ки шарики расман стротежиаш дар чунин танго қарор гирифтааст, омода ҳаст, алфози дурушти Лукашенкоро боз ҳам таҳаммул кунад.
ОХИРИН ДИКТАТУРАИ АВРУПО
Ва аммо агар суботи иҷтимоиро сарфи назар кунем, Лукашенка тайи 17 соли раёсаташ тавонистааст, дар қалби Аврупо низоми диктотурии чунон шадиде дуруст кунад, ки назираш дар боқии Аврупо нест ва дар паҳнои шӯравӣ онро метавон танҳо бо айни низомҳои худкома дар Осиёи Марказӣ монанд кард.
Худи Лукашенка ҳам, вақте хабарнигорони ғарбӣ дар остонаи интихоботи 19 декабр суолаш карданд, ки оё давраи чоруми раёсати ӯ то куҷо ҷавобгӯи меъёрҳои демократист?, маҳз ба ҳокимони дарозумри он минтақа масал зад ва бо маҳорати низ хоси ӯ тавонист дар як посухи хеле кӯтоҳ ба иззати нафси ҳамаи раҳбарони Осиёи Марказӣ низ бирасад: “Ба сурати ғайрирасмӣ мо метавонем ҳарчӣ ки мехоҳем, дуруст кунем. Қазоқистон, Узбакистон... Қазоқистонро бубинед, “хуршеди демократия” онҷост, ки “ҳар қадаре мехоҳам, раёсат мекунам.” Магар чунин нест? Ё Тоҷикистон? Ё Туркманистон, ки бо он шумо ҳамкорӣ доред ва омодаед, тамоми чизро бо ҳам бинед? Барои онки онҳо газу нафт доранд. Ё Озарбойҷон. Дар он ҷо низ ҳамин қонунҳост. Тамоми паҳнои пасошӯравӣ бо чунин шева ба сар мебарад. Шумо чӣ мегӯед?”
ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ СССР
Таҳлилгар Юрий Дракохруст мегӯяд, аз Осиёи Марказӣ мисол овардани Лукашенка беҳуда нест, чунки дар амал ӯ давлати ӯ як навъ намунаи султаҳои истибдодии шарқист. Аз сӯи дигар, Беларус бо вуҷуди гузашти ду даҳа аз суқути Шӯравӣ, ба ақидаи ин коршинос, ҳамчунон ба як осорхонаи СССР мемонад, ки дар он ҳатто хадамоти амниятӣ исми замони шӯравиаш – КГБ-ро ҳифз кардааст: “Ҳама савгандҳои ӯ дар мавриди эҳёи СССР ва иттиҳоди базудӣ бо Русия дар асл дар рӯи коғаз боқӣ монд ва маълум шуд, ки фақат ҳилае ба хотири тайи солиён дӯшидани Русия будааст. Аммо аз нигоҳи сиёсӣ, дар Беларус як навъ истибдоди шарқиёнае рӯи кор омадааст, ки барои ин минтақа хос нест. Ҳатто дар Русия, ки чандон намунаи демократия ба назар намеояд, истибдоди низоми ҳоким ба ҳадде нест, ки дар Беларус аст. Режими Беларусро бештар метавон ба низомҳои ҳоким дар Озарбойҷон, ё Қазоқистон, ё дар кишвари шумо -- Тоҷикистон монанд кард. Аммо аз нигоҳи иқтисодӣ, Беларус як ҷумҳурии хеле шӯравӣ боқӣ мондааст, ки то имрӯз фақат сӣ дар сади иқтисодаш хусусӣ шудааст.”
Кирил Шевченко, таҳлилгари муқими Минск, низ низоми ҳоким бар иқтисоди Беларусро “капитализми давлатӣ” унвон мекунад, вале мегӯяд, Лукашенка дар қалб ҳамон як ҳаводори СССР боқӣ мемонад:
“Лукашенка дар ин маврид баёнгари назари аксарияти аҳолист. Вақте ӯ ба сӯи қудрат мерафт, ҳамоиш бо Русия ва эҳёи парчаму нишони шӯравиро ваъда дода буд. Аксарият ба ҳамин хотир дар соли 1994 аз ӯ пуштибонӣ карданд. Баъдан иттиҳод бо Русия воқеъ нашуд, вале ин рӯҳияи ҳаводорӣ аз Шӯравист, ки ӯро маъруф кард.”
НАБАРД БО КОЛОННАҲОИ РӮЪЁӢ
Дар ҳар сурат, “охирин диктатори Аврупо”, ки дар Ғарб Лукашенкаро чунин ном мебаранд, фазои сиёсиро дар кишвараш хеле маҳдуд ва майдони фаъолиятро барои мухолифинаш низ сахт танг кардааст.
Аврупову Амрико се дафъа – дар солҳои 2002, 2006 ва 2011- ва ҳар бор дуруст дар пайи саркӯбии эътирозҳои пасоинтихоботӣ алайҳи Лукашенка ва режими ӯ таҳримот ҷорӣ кардаанд.
Эътирозҳое ки баъд аз эълони пирӯзии Аляксандр Лукашенка дар интихоботи 19 декабр Минскро фаро гирифт, баҳона шуд, ки ӯ садҳо тан аз мухолифон, бо шумули 5 тан аз 9 рақиби худ дар интихоботи ахирро ба зиндон бикашонад. Таркиши рӯзи 11 апрел дар метрои Минск, ки 13 кушта ва беш аз 150 захмӣ ба ҷо гузошт, дастаки дигаре барои Лукашенка дар амри таъқиби боз ҳам шадидтари дигарандешон шуд.
Лукашенка дар пайи ин таркиш аз мақомот хост, то тамоми раҳбарони мухолифинро дар иртикоби ин қазия бозпурсӣ кунанд ва бакарат таҳдид кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳам задани суботро дар Беларус роҳ нахоҳад дод: “Мо ҳар навъ колоннаи панҷум, шашум ва ё 25-умро дар дохилро нобуд хоҳем кард ва барои ин нирӯи лозим дорем. Аммо ин ба маъное нест, ки як диктатор мехоҳад дар маркази Аврупо диктатура бисозад."
ИШҚИ ОХИРИНИ ЛУКАШЕНКА
Аммо ба фарқ аз ҳокимони Осиёи Марказӣ, хонаводаи Аляксандр Лукашенка дар саҳнаи сиёсат ва тиҷорати Беларус чандон фаъол ба назар намерасанд.
Виктори 36-сола ёвари падараш дар умури амнияти миллист. Дмитрий 32 сол дошта, раёсати «Бошгоҳи варзишии президентӣ»-ро бар ӯҳда дорад. Вақте Лукашенка дар соли 1994 ба курсии раёсат расид, ҳамсараш Ҳалина дар русто монд ва бо ӯ ба Минск наомад ва ба навиштаи расонаҳо, шӯъбаи хурдеро дар кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв раҳбарӣ мекунад.
Дар русто мондани ҳамсараш дар ибтидо бовареро дар зеҳни мардуми авом ҳосил кард, ки Аляксандр Лукашенка ба хотири хидмат ба мардум чунин азхудгузаштагӣ нишон медиҳад. Вале таваллуди фарзанди севвумаш Коля, ки гуфта мешавад, ҳосили ишқи ӯ бо пизишки собиқаш Ирина Абелская будааст, ин боварро ботил кард.
Ҳузури Коляи феълан шашсола дар сафарҳои нодири Лукашенка ба хориҷ ва дар мулоқотҳои расмии ӯ баръакс ақидаеро ҳам ба вуҷуд овард, ки Лукашенка шояд дар ниҳоят Коляро ҷойгузини худ хоҳад кард. Ақидае, ки Лукашенка ва аҳли дарбораш ҷиддӣ намедонанд.
МИЛЛИАРДҲОИ ИН БАЧАИ РУСТОӢ КУҶОСТ?
Мухолифинаш иддао доранд, ки Лукашенка тайи ин 17 сол миллиардҳо доллар ҷамъ овардааст. Аммо худи ӯ боре дар посух ба ин даъвоҳо гуфт, ҳар касе ин миллиардҳоро пайдо кунад, як фоизашро ба Лукашенка бидиҳад, кофист, боқӣ – моли ҳалоли ӯст.
Кирил Шевченко мегӯяд, Лукашенко бештар ба Юзеф Пилсудский мемонад, ки дар солҳои 30 бо айни панҷаҳои оҳанин бар Лаҳистон яккатоз буд ва дар саҳнаи сиёсати вақт на ба аҳзоби сиёсӣ ва на ба ҳукумат маҷоле барои фаъолият намедод. Ба ақидаи ин таҳлилгар, барои дастикам нисфи мардум ҳамчунон маҳбуб боқӣ мондани Лукашенкаро ҳатто мухолифинаш эътироф мекунанд.
Кирил Шевченко мегӯяд, барои аксарият дар Беларус Лукашенка ҳамоно як бачаи “худӣ”-и рустоист, ки худ, бе ягон ҳомӣ, ба арши қудрат расидааст: “Ӯ аз аҳли авом аст ва аз русто баромадааст. Директори совхоз буд. Мунтақидонаш ба ин далел мегӯянд, ки Лукашенка то ҳол дар пироҳани раиси совхоз боқӣ мондааст ва саводу одоби казоӣ надорад. Тарафдоронаш баръакс инро имтиёз ва аломати ба каму кости зиндагӣ хуб сарфаҳм рафтани ӯ медонанд. Ба раёсат расидани Лукашенка кадом амри тасодуф нест. Ӯ комилан ҷавобгӯи хостҳои як беларуси миёна ҳаст.”
Вале мунтақидонаш мегӯянд, режими Аляксандр Лукашенка аст, ки Беларусро аз хонаводаи ҷомеаҳои демократии Аврупо барои солҳо берун андохт ва исми худи ӯ ҳам маъмулан дар канори ҳокимони дар сатҳи байналмилалӣ раддимаъракае, чун Ҳуго Чавес аз Венесуэла, ё Маҳмуди Аҳмадинажод аз Эрону Ким Чен Ир аз Кореяи шимолӣ меояд. Ва ҳамин чанд раҳбари мисли ӯ барои пойтахтҳои дигари дунё “меҳмони нохонда”-анд, ки меҳмони Лукашенка дар Минск мешаванд ва асосан ба хотири харидории аслиҳа аз корхонаҳои силоҳсозие, ки Беларус аз Шӯравӣ мерос бурдааст.
Ба истиснои Маскав ва чанд пойтахти дигари пасошӯравӣ хеле кам иттифоқ меафтад, ки худи Лукашенка ҳам ба ягон кишвар сафар кунад. Бахусус баъди эъмоли таҳримоте, ки аксари пойтахтҳои баобрӯи дунёро ба рӯи ӯву мақомоташ баст.
“ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ ЯК КОРХОНА ДОРАД...”
Ва аммо Тоҷикистону Беларус. Ҳарчанд ин ду кишвар аз лиҳози шӯравимаобӣ ҳатто дар миёни боқӣ низомҳои пасошӯравӣ фарқ мекунанд, Душанбе бо Минск то кунун тиҷорати зиёде надоштааст. Як даҳсола пеш, вақте Аляксандр Лукашенка ба Душанбе сафари расмӣ кард, чандин санади ҳамкорӣ имзо шуд, ки як тарҳи умдааш таъсиси корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои МТЗ буд, ки рӯи қоғаз монд.
Ҳамчунин хабаре мунташир шуда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои раҳбари Беларус дар ноҳияи Данғара 1000 гектор замин ҷудо кард ва эълом дошт, ки Лукашенка ҳар вақте ки хост, метавонад, дар ин қаламрав барои худ манзиле бунёд кунад.
Лукашенка ҳам баъди чанд рӯз дар парлумони Беларус дар шарҳи таассуроташ аз ин сафар Тоҷикистонро кишваре номид, ки “дар он ҳамагӣ як корхонаи саноатӣ кор мекунад ва тамоми меҳмононро ба тамошои ҳамон як корхонаи алюминсозӣ мебаранд.”
Қарор аст, дар нимаи дуввуми соли равон Лукашенка дигарбора аз Тоҷикистон дидан кунад. Мақомоти Тоҷикистон умедвори имзои санадҳои нави ҳамкорӣ бо Беларусанд. Умедворие, ки ба бовари нозирони умур, баъид аст, ин бор ҳам иҷроӣ шавад. Бахусус дар пасманзари мушкилоти молие, ки дар ин шабу рӯз аз гиребони Аляксандр Лукашенка ва давлати ӯ маҳкам гирифтааст.
Аммо дар мавриди бузҳое, чун Баррозо ва амсоли ӯ. Хуб, Баррозо худаш кист? Кадом як Баррозо буд дар Португалия, баъд ӯро аз ҷон ронданд ва дар Куммиссиюни Аврупо ё кадом ҷои дигар кораш доданд...
Аммо бо вуҷуди чунин дарафтоданҳои хориҷ аз ҳама марзҳои дипломатӣ гоҳ алайҳи Ғарбу гоҳ алайҳи ҳомии асосиаш – Русия ва лақабҳои “Батка” ва “охирин диктатори Аврупо”, ки ба ӯ сахт часпидааст, Аляксандр Лукашенка аз соли 1994 ба ин сӯ, инак 17 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар Беларус ҳукумат меронад. Аммо ба истилоҳ “сирри муваффақияти ӯ чист?”
АЗ РАЁСАТИ СОВХОЗ ТО РАЁСАТИ КИШВАР
Аляксандр Лукашенка 57 сол дошта, соли 1954 дар вилояти Витебск ба дунё омадааст.Соли 1975 риштаи таърихи донишкадаи омӯзгории Могилёв ва соли 1985 бахши ғоибонаи риштаи иқтисодии Академияи кишоварзии Беларусро хатм кардааст. Ду дафъа дусолӣ дар артиш хидмат карда, унвони подполковникро дорад.
Соли 1987 раиси совхози “Городетс” дар вилояти Могилёв ва соли 1990 вакили Шӯрои Олӣ интихоб шуда, дар ин парлумони вақти Беларус раёсати куммиссиюни мубориза бо фасодро бар ӯҳда дошт. Соли 1994 дар даври дуввуми раъйгирӣ бо касби 80 дарсади оро раисиҷумҳури Беларус интихоб шуд. Баъдан дар солҳои 2001, 2006 ва 2011 низ ин мақомро ҳифз кард ва феълан давраи чоруми раёсаташро меронад. Ширкати Лукашенка дар ду интихоботи ахир тавассути райъпурсии соли 2004 муяссар шуд, ки шарти танҳо ду давраи раёсат барои як нафарро аз Қонуни асосии Беларус бардошт.
Аляксандр Лукашенка аз ҳамсари қонуниаш –Ҳалина- ду писари баркамол – Виктор ва Дмитрийро дорад. Модари писари севвумаш – Коляи шашсола табиби собиқи Лукашенка Ирина Абелская будааст.
“РАҚС ДАР РӮИ УСТУХОН”
Аляксандр Лукашенка ҳамеша бо бархӯрдҳои хориҷ аз ҳадди одоб ва ҳатто таҳқиромезаш нисбат ба раҳбарони дигар шӯҳрат дошт. Аммо вожаҳои тунде, ки ӯ дар қиболи раҳбарони Украина ва Аврупо ба кор бурд, ба сари худ собиқа надорад.
Рӯзи 26-уми апрел, дар солгарди 25-уми фоҷиаи ҳастаии Чернобил, вақте зимни боздид аз манотиқи аз садамаи ин нирӯгоҳ осебдидаи Беларус аз Лукашенка пурсиданд, ки чаро дар расми асосии ёдбуди ин фоҷиа дар Чернобил дар канори Дмитрий Медведев ва Виктор Янукович ҷои ӯ холист, раисиҷумҳури Беларус гуфт, инро бояд аз раҳбарони Украина пурсид: ”Мутаассифона, раҳбарони кунунии Украинаро ба қадри кофӣ кайк задааст. Ман барои касе меҳмони нохонда шуданӣ нестам. Зери табли на ин президент ва на дигараш ҳам нахоҳамрақсид. Ин суолро, ки чаро Лукашенка дар онҷо нест, бояд аз Янукович пурсид. Аммо дар мавриди бузҳое, чун Баррозо ва амсоли ӯ. Хуб, Баррозо худаш кист? Кадом як Баррозо буд дар Португалия, баъд ӯро аз ҷон ронданд ва дар Куммиссиюни Аврупо ё кадом ҷои дигар кораш доданд.”
Ин посухи Лукашенка ба адами ҳузури ӯ дар анҷумане буд, ки ҳафтае қабл аз солгарди фоҷиаи Чернобил дар Киев доир шуд. Мақомоти Украина дар ин ҳамоиш барои рафъи авоқиби садама дар ин нирӯгоҳи ҳастаӣ аз кӯмакрасонҳо 550 миллион евро ваъдаи ёрӣ гирифтанд.
Аммо дар матбуот сарусадоҳое нашр шуд, ки раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо адами ҳузури Аляксандр Лукашенкаро, ки таҳти таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо (ИА) қарор дорад, шарти ширкати худ дар анҷумани Чернобил
На Путин ва на Медведев гуфтаҳову кардаҳои қаблии ӯ нисбат ба Русияро нахоҳанд бахшид...
Мақомоти ИА аз шарҳи изҳороти таҳқиромези Лукашенка нисбат ба Баррозо худдорӣ карда, бидуни бурдани ном гуфтаанд, баёнияҳои ҳар шаҳрвандро ташреҳ намекунанд. Ба ин маъно, ки ИА Лукашенкаро ба ҳайси раҳбари аз роҳи демократӣ интихобшудаи Беларус эътироф намекунад. Аммо ба гуфтаи ин манобеъ, Баррозо барои ширкат дар анҷумани Чернобил дар назди Киев ягон шарт нагузошта буд.
Вазорати умури хориҷии Украина, аммо аз лаҳни, ба гуфтаи ин вазорат, “ба таври бесобиқа беодобона ва таҳқиромез”-и Лукашенка нисбат ба раҳбари Куммиссиюни Аврупо эътироз оварда, дуруст дар солгарди Чернобил ба забон овардани чунин ҳарфҳо аз сӯи раисиҷумҳури Беларусро ба “рақс дар рӯи устухони мурдагон” ташбеҳ кард.
ҲАР ЧӢ ДАР ДИЛ БУД, БА ЗАБОН ОМАД
Таҳлилгари украинӣ Вадим Карасёв мегӯяд, комёбии Киев, ки тавонист чунин кӯмаки молии фаровонро барои рафъи авоқиби садамаи Чернобил ба Украина сарозер кунад, қатраи охирине шуд, ки косаи сабри Лукашенкаро лабрез кард ва ӯ тамоми ончиро, ки дар бораи Янукович ва Аврупо дар дил дошт, ба забон овард: “Ба сурати умум, Лукашенкаро худи ӯ бо забони сурхаш дар инзивоъ қарор додааст ва ҳоло аз дипломатия ва аз давлати Украина рашкаш меояд, ки тавонистааст ҳам бо Маскав ва ҳам бо ИА равобити хуб барқарор кунад. Аммо Лукашенка баръакс муносибаташро ҳам бо Аврупо ва ҳам бо Маскав хароб кард. На Путин ва на Медведев гуфтаҳову кардаҳои қаблии ӯ нисбат ба Русияро нахоҳанд бахшид. Бо Аврупо ҳам Беларус комилан ҷангӣ шудааст. Ин омилҳо ва дар бунбасти дохиливу хориҷӣ дармондани Лукашенка – ин ҳама мунҷар ба латмаҳои равониву сиёсие шудааст, ки акнун дар шакли чунин баёнияҳо фурӯ мерезад.”
Аммо таҳлилгари беларусӣ Юрий Дракохруст мегӯяд, давлати Лукашенка дар дохил ҳам ба як силсила мушкилоти моливу сиёсӣ рӯбарӯст, ки ҳоли ӯву давлаташро хеле танг кардааст ва Лукашенка бо чунин алфози қабеҳе, чун “буққа”-ву “буз” хондани раҳбарони Аврупо ва “кайкзада” гуфтани раҳбари Украинаи ба сурати умум бо Минск дӯст қаҳрашро аз тамоми ҷаҳон мегирад: “Ин алфоз як навъ вокуниши пурэҳсос ба вазъи печидаи дохилист. Кишвар дар буҳрон қарор дошта, ба шароити солҳои 90 бармегардад. Мардум аз субҳ барои харидани асъори хориҷӣ навбат мепоянд. Тарси беқурб шудани пули миллӣ вазъро дар бозори ғизо низ печида карда, мардум дар таҳлука уфтодаанд ва бошитоб рафҳои мағозаҳоро аз орду равғану қанд ва маҳсулоти дигар холӣ мекунанд. Бар илова, таркиши бесобиқа дар метрои Минск, идомаи мухолифатҳои сиёсӣ ва мурофиаи ширкаткунандагони эътирозҳои пасоинтихоботист, ки ин ҳама боиси эҷоди чунин асабониятҳо мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки то кунун эҷоди як ҷазираи суботи иҷтимоӣ дар фазои пасошӯравӣ дар дасти Лукашенка қартаи асосие буд, ки аз ҷумла тамдиди бакарати давраҳои раёсати ӯро тавҷеҳ мекард.
Феълан маоши миёна дар ин кишвар тақрибан 1,5 миллион рубли беларусӣ, ё чизе зери 500 долларро ташкил медиҳад. Аммо сӯҳбатҳои афзоянда дар бораи имкони уфти базудӣ ва башиддати қурби пул рубли беларусиро дар ин авохир хеле беқадр кард.
РӮБАРӮ БО МАСКАВ
Дар чунин шароити танг Аляксандр Лукашенка, ба бовари нозирони умур, илоҷе ба ҷуз аз ҷустани кӯмаки молӣ аз хориҷ надорад.
Вале агар ӯ дар гузашта гоҳе аз Маскав қаҳр
Ҷанҷоли Лукашенка бо Аврупо ӯро аз озодии амал дар майдони геополитикӣ маҳрум кард ва дар рӯбарӯи Маскав танҳо гузошт...