Маркази матбуоти ҳукумати ноҳияи Восеъ рӯзи 15 июл дар номааш ба Озодӣ таҳти унвони " Вокуниш ба гузориши радиои "Озодӣ" бо номи "барканории имомхатиби Восеъ барои "таклифи бемантиқ" аз 15 июли соли 2013" навиштааст, ки ҳукумати ноҳия дар барканории Убайдуллоҳ Ҳасанов даст надорад.
Ҳоҷӣ Убайдулло Ҳасанов, сархатиби ҳамакнун собиқи масҷиди марказии ноҳияи Восеъ рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Кумитаи дини минтақаи Кӯлоб дар асоси пешниҳоди раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ ӯро аз мақомаш барканор кардааст. Ҷаноби Ҳасанов гуфт, "раиси ноҳия ба Кумитаи дин сабаби пешниҳодашро ба он рабт додааст, ки гӯё ман ба раисиҷумҳур дар мулоқот бо рӯҳониён таклифи бемантиқ карда бошам. Дар ҳоле ки ба таъкиди раиси ҳукумат, ноҳия масҷиди ҷомеъ дорад."
Ҳоҷӣ Убайдулло Ҳасанов, сархатиби ноҳияи Восеъ аз ҷумлаи имомхатибоне буд, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳур дар таърихи 4-уми июл суханронӣ кард. Вай нахуст шеъре дар васфи раисиҷумҳур қироат намуд ва баъдан гуфт, ки ноҳияи Восеъ масҷиди марказӣ надорад ва намозгузорон дар як маҳалли шахсӣ намоз мегузоранд. Раисиҷумҳур билофосила ба Рустам Латифов, раиси ноҳияи Восеъ дастур дод, ки ин масъуларо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ҳал намуда, барои бунёди масҷид замин ҷудо намоянд.
Аммо дар номаи маркази матбуоти ҳукумати Восеъ ба Озодӣ гуфта мешавад, "Дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 12 масҷиди ҷомеъ фаъолият менамояд. Аз ҷумла дар маркази шаҳраки Восеъ ду масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад. Дар ҳақиқат дар хусуси мавҷудияти масҷидхои ҷомеъ дар ҳудуди ноҳия маълумоти носаҳеҳ дода шудааст."
Ин ниҳод ҳамин тавр, даст доштани мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла раиси ноҳия Рустам Латипов дар барканории Убайдуллоҳ Ҳасанов аз симати имомхатибиро радд мекунад: "Интихоб ва аз вазифа барканор намудани имомхатибон ва сархатибон ба ваколати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шӯъбаву бахшҳои он дохил намешавад... Интихоб ва аз вазифа барканор намудани имомхатибон ва сархатиб ваколати муассисон буда, сархатиб Ҳасанов У. барои ҷой доштани нуқсонҳо дар фаъолияташ аз вазифа барканор шудааст. Рӯзи 14-июли соли равон дар ҷаласаи муассисон, ки дар он тамоми имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳия иштирок доштанд, дар асоси масҷиди ҷомеи Ҳазрати Муҳаммад (с) масҷиди марказии ноҳия таъсис дода шуда ва ҳуҷҷатҳои он омода гардида, рӯзҳои наздик ба Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур сархатиби масҷиди марказии ноҳия Акрамов М. интихоб карда шудааст."
Ноҳияи Восеъ бо 186 000 ҷамъият яке аз калонтарин ноҳияи минтақаи Кӯлоб ба шумор меравад.