Шоми 28 март дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, консерти якҷояи Нобовар Чаноров, Таҳмина Ниёзова, Мастер Исмаил ва гурӯҳи "Барака" бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.
Консерт бо шумули паёмҳои табрикӣ ва саҳнае дар бораи Носири Хисрав тӯли панҷуним соат идома кард ва барои тамошояш Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ва садҳо тоҷики муқими ин кишвар омада буданд.
Оқои Сатторов дар суханронии кӯтоҳи худ баҳори имсолаи тоҷиконро баҳори хуб тавсиф кард ва гуфт, ин баҳор баёнгари он аст, ки соли накӯе дар пеш аст. Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо таваҷҷуҳ ба он ки ин барномаи консертӣ мустақим пахш мешавад, афзуд, "дар тамоми дунё моро мебинанд. Аз тариқи сайти Радиои Озодӣ моро тамошо мекунанд. Худо кунад, ки баҳору Наврӯз барои ҳар кадоме аз Шумо бахту саодат ва пирӯзӣ орад."
Ин бори аввал буд, ки барномаи консертии овозхонҳои тоҷик дар Маскав ба таври зинда (live) тариқи Ютуб ва аз сӯи ширкати "Navo Corporation" пахш шуд ва корбарони торнамои Озодӣ низ ин имконро доштанд, то онро мустақим бубинанд.
Видеои консертро дар ин ҷо тамошо кунед: