Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи Ҳусайнӣ бо 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон шудааст


Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ, ки аз ташкили иттиҳоди ҷиноӣ то бисёрзанагиро дар бар мегирад, алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ айб эълон кардааст.

Мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз моҳи сентябр боз дар боздошт қарор дорад, бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст. Як манбаъ бидуни бурдани номаш рӯзи 28 декабр ба Озодӣ гуфт, ки ду рӯз пеш мақомоти тафтишотӣ ба вакили мудофеи Саидумар Ҳусайнӣ аз поёни раванди тафтишот ва эълони айбнома хабар додаанд.

Ситора Азизова - вакили расмии Саидумар Ҳусайнӣ аз сӯҳбат бо матбуот дар бораи ҷузъиёти парвандаи муваккилаш худдорӣ мекунад. Пайвандони Ҳусайнӣ низ баъди даъват шуданашон ба як "сӯҳбат" бо мақомот аз ҳар навъ тамос бо хабарнигорон иҷтиноб меварзанд.

Аммо манбаи Озодӣ мегӯяд, бар асоси айбномаи Додситонии кулли Тоҷикистон, Саидумар Ҳусайнӣ дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; иштирок дар ин иттиҳод; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳалгароӣ; даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон; тахрибкорӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш муттаҳам мешавад. Ҳусайниро ба одамкушӣ, терроризм, ҷалби одамон барои истисмор ва бисёрзанагӣ айбдор мекунанд.

Дар қонунҳои Тоҷикистон барои ин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, дар авоили моҳи оянда парвандаи Саидумар Ҳусайнӣ бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шавад.

Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 сентябри соли ҷорӣ Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби инак мамнӯи наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари Шӯрои сиёсии ин ҳизбро ба иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ боздошт карданд. Ин боздошт билофосила баъди саркӯби исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, сурат гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард.

Аммо намояндагони ин ҳизб, аз ҷумла Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи раёсаташ даст доштани худ дар ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин исён танҳо баҳонае барои бастани фаъолияти ин ҳизби мухолиф шуд.

То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани дастикам як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябр Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

Қарори манъи фаъолияти ҲНИТ ва боздошти 13 тан аз раҳбарони он мавриди интиқоду изҳори нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch, Amnesty International ва Freedom House қарор гирифта, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ аз ин қазия изҳори ташвиш кард. Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар ва Иттиҳоди Аврупо аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ ва боздошти фаъолони он изҳори нигаронӣ карда буд.

Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар ибтидои моҳи ноябр дар як гузориш гуфт, ки дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG