Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба лағви таҳрими Узбакистон


Uzbekistan - Group of Andijon Refugees Picketing at the EU building in Brussels
Uzbekistan - Group of Andijon Refugees Picketing at the EU building in Brussels

Рӯзи сешанбе Иттиҳоди Аврупо охирин таҳрим алайҳи Узбакистонро, ки соли 2005-ум баъди эътирозҳои Андиҷон ҷорӣ карда буд, аз эътибор соқит кард.

Чаҳор соли пеш дар Андиҷон дар паи истифодаи нирӯ алайҳи эътирозгарони бесилоҳ, ки гуфта мешуд бо талабҳои иҷтимоӣ дар майдони Бобур ҷамъ омаданд, ба гуфтаи ҳукумат 187 тан вале ба маълумоти созмонҳои ҳуқуқи башар наздик ба ҳазор нафар кушта шуд.

Узбакистон ба дархостҳои ба маротиби Иттиҳоди Аврупо оиди пажӯҳиши байналмилалии кушторҳо ҷавоби рад дод ва бо ин роҳҳро барои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо боз намуд.

Uzbekistan - EU Resolution on Lifting Sanctions againts Uzbekistan

Иттиҳодияи Аврупо дар навбати аввал вуруди 12 мақоми баландпояи Тошкандро ба Иттиҳоди Аврупо ва баъдан фурӯши силоҳро барои ин кишвар манъ кард. Моҳи октябри соли гузашта Брусел як бахши таҳримотро аз байн бурд ва барои беҳбуди равобит бо Тошканд иқдом намуд. Охирин таҳрим манъи фурӯши силоҳ ба Узбакистон рӯзи сешанбе лағв шуд ва мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки ин иқдом фазои мусоидеро барои рушди ҳамкорӣ бо Тошканд фароҳам хоҳад кард.
Пиер Моррел, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо бахши узбакии радиои Озодӣ гуфт, ки бекор шудани таҳрим пеш аз ҳама маънои ҳамкории наздик бо мақомоти ин кишвар дар ҳалли масъалаҳои мавҷударо дорад. Вай таъкид кард, ки ИттиҳодиАврупо аз вуҷуди мушкилоти зиёди ин кишвар бо зиндониҳову, низоми додгустарӣ ва масоили ҳуқуқи башар хуб огаҳ аст, вале, гуфт ӯ, дидгоҳи ин ниҳод чунин аст, ки баробар бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ Аврупо бояд бо Узбакистон барои ҳалли ин мушкилот ҳамкории наздикро ба роҳ монад:

Мо ҷиддӣ ҳастему усулӣ пеш меравем, мо тарҳи стратегияи худро мушаххасан тасаввур мекунем. Ин тасмим дар сатҳи баландтарин гирифта шудааст. Ва мо пайгирона пеш меравем. Мо намехоҳем, ки баъди бекор шудани таҳримҳо ҷои холие гузорем. Ба унвони ҳамкори Узбакистон хостҳои мо зиёд аст ва талабҳои мо ҳам зиёд мешавад. Мо мехоҳем ҳамкории дарозмуддат дошта бошем ва ба масоили ҳуқуқи башар аз наздик мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳ хоҳем кард. Мо чизеро таҳмил карданӣ нестем. Ин беҳтарин роҳи эҷоди эътимод ва ҳамкорӣ аст”.

Тасмими Иттиҳоди Аврупо ба вокунишҳои шадид-ул-лаҳни мухолифону дигарандешони ӯзбакистонӣ рӯбарӯ шуд. Рӯзи сешанбе гурӯҳи эътирозгарон дар Брусел бар алайҳи тасмими Иттиҳоди Аврупо раҳпаймоӣ карданд. Ҳурмат Бобоҷонов, хабарнигори бахши узбакии радиои Озодӣ аз маҳалли эътирозҳо чунин гузориш дод:

Онҳо дар ҳамон рӯзе ҷамъ шуданд, ки Иттиҳоди Аврупо дар бораи бекор шудани таҳримҳои охирин нисбати Ӯзбакистон хабар дод. Субҳ тақрибан 30 нафар – мухолифону дигарандешон, фирориҳои рӯйдодҳои Андиҷон дар муқобили Комиссиюни Аврупо дар Брусел намоиши эътирозӣ ташкил карданд. Дар дасти онҳо шиору овезаҳо буд. Баъзе аз дигарон, ки собиқ зиндониҳои сиёсии Узбакистон буданд, бо либоси рамзии зиндониҳо саҳнаҳоеро аз шиканҷа дар маҳбасҳои ин кишвар намоиш медоданд”.

Дар нимаи дуюми рӯз дар ҳамон Брусел инчунин конфронси мухолифони Узбакистон баргузор шуд, ки масъалаи шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар ва поймолшавии ҳуқуқи инсонро баррасӣ кард. Баъди рӯйдодҳои Андиҷон садҳо нафар маҷбур шуданд бо фирор аз таъқибу боздоштҳо ва фишорҳои хадамоти ҳифзи қонуни Узбакистон, ки ба муҷозоти тарафдорони эътирозҳо шурӯъ карданд, дар кишварҳои Аврупову Ғарб панаҳ баранд. Дар баробари мардуми оддӣ, сокинони мулкии Андиҷон дар миёни фирориҳо сиёсатмадорон, мухолифон, фаъолони ҳуқуқи башар, журналистон ва дигар мухолифони режими Ислом Каримов ба ҳайси паноҳандаи сиёсиву муҳоҷир дар кишварҳои аврупоӣ мустақар шуданд. Яке аз онҳо журналист ва корманди собиқи созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch Умеда Ниёзова аст, ки бо иттиҳоми тақаллубӣ барои гузоришҳояш дар бораи кушторҳои Андиҷон як муддат дар зиндон ба сар бурдааст. Ҳоло ӯ дар Анҷумани ҳуқуқи башари Ӯзбакистону Олмон дар Берлин кору зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, ки тасмими Иттиҳодияи Аврупоро дар заминаи бекор шудани таҳримҳо иштибоҳӣ арзёбӣ мекунад:

Ман аз қарори Иттиҳодияи Аврупо хеле ноумед шудам, онро як хатои азим меҳисобам, чунки бекоршавии таҳримҳо аломати он аст, ки фоҷеаи Андиҷон фаромӯш шуд, ҳалокати садҳо одамон ҳеҷ арзиш надоштааст. Арзишҳои мисли озодии баён, ки дар борааш Иттиҳоди Аврупо зиёд мегӯяд, дар асл назар ба манфиатҳои геополитикии он поинтар меистад”.

Умеда Ниёзова мегӯяд, ки чор соли пеш, замоне, ки таҳримҳо нисбати Ӯзбакистон ҷорӣ мешуд, шарти аслии бардошта шудани онҳо ин буд, ки бояд Тошканд дар заминаи риояи ҳуқуқи башар ба пешравиҳо даст ёфта инчунин ба таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Андиҷон иҷоза медод. Дар ин замина Ӯзбакистон бояд 15 фаъоли ҳуқуқи башарро, ки баъди ин рӯйдодҳо бо парвандаҳои сохта ба зиндон андохта шуданд, озод мекард, ба кишвар гузоришгари вижаи СММ-ро роҳ дода, низоми бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятиро беҳтар карда, барои фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меовард ва дар ниҳоят созмони Дидбони ҳуқуқи башарро сабти ном карда барои фаъолияти онҳо дар Узбакистон иҷоза медод. Вале ҳеҷ як аз ин талабот то имрӯз иҷро нашуд, мегӯяд хонум Ниёзова. Вай афзуд, ки чунин тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои раҳбарони худкома ба истилоҳ чароги сабз хоҳад буд, ки шояд бигӯянд, Иттиҳодияи Аврупо дар ҳар сурат бо ин ҳукуматҳо ба хотири пешбурди ҳадафу манфиатҳои худ ҳамкорӣ хоҳад кард.

Эндрю Штройҳлейн, раиси барномаҳои марбут ба матбуоти Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ мегуяд, таҳрими марбут ба манъи фурӯши силоҳ як арзиши рамзӣ дошт ва чизеро дигар накард. Вале масъала дар эътибори Иттиҳодияи Аврупо аст:

Ин тасмим ба эътибори сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ҷиддан зарба мезанад. Онҳо баъди қатли оми Андиҷон таҳримҳо ҷорӣ карданду баъдан қадам ба қадам ин таҳримҳоро бекор карданд. Ин чиз ба худи ҳукумати Ӯзбаккстон ва дигар режимҳои худкома аломат медиҳад, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо набояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ин як бадбахтии сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аст”.

Крейг Маррӣ, сафири пешини Британия дар Тошканд, ки аввалин шуда аз миёни дипломатҳои хориҷӣ ошкоро режими саркӯбгари Ӯзбакистонро дар китоби “Куштор дар Самарқанд” танқид кардааст, гуфт, таҷрибаи вай нишон дод, ки то замоне, ки манфиатҳои геополитикӣ домани қудратҳои ҷаҳониро маҳкам гирифтаанд, режимҳои истибдодиро дигар кардан душвор аст:

Аксар ҳукуматҳо гӯё вонамуд мекунанд, ки барояшон масъалаҳои ҳуқуқи башар хеле муҳим аст. Дар асл, аксари онҳо ҳавасманди истифодаи пойгоҳи низомии ин кишвар дар ҷанг буда, захираҳои газу нафти кишварҳои Осиёи Марказӣ барояшон муҳимтар аз чизҳои дигар аст. Вагарна онҳо барои дарки беҳтари вазъият саҳмгузорӣ мекарданд.

Аввалин вокуниш ба қарони Иттиҳоди Аврупо аз Маскав расид. Маркази ҳомии ҳуқуқи башар “Мемориал” бо пахши изҳороте гуфт, ки ин “як гузашти нобахшиданӣ ба яке аз диктотураҳои нафратангез” аст. Ин созмон ботаассуф гуфтааст, ки “сиёсатмадорони аврупоӣ ба хотири манфиатҳои геополитикии худ аз поймолшавии ҳуқуқи башар чашм мепӯшанд”. Ин созмон мегӯяд, тасмими Иттиҳоди Аврупо дар марҳилае гирифта мешавад, ки дар маҳбасҳои Ӯзбакистон шумори то рафт бештари зиндониҳои сиёсӣ азият мешаванду норозиёни зиёд аз режими Тошканд кишварро тарк мекунанд. Умед Ниёзова мегӯяд, аз рӯи маълумоти созмони онҳо, танҳо имсол дар зиндонҳои Ӯзбакистон шаш нафар аз ширкатдорони намоишҳои эътирозии Андиҷон, ки нахостанд иттиҳомоти сохтаро ба дӯши худ гиранд, бар асари шиканҷаву азияту озор ҷони худро аз даст доданд.

Хиромон Бақозода

XS
SM
MD
LG