Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, субҳи 7 апрел ҷасади яке аз қурбониёни ярч дар маҳалли Яккабеди ноҳияи Файзободро пайдо кардаанд. Ориф Нозимов, сухангӯи кумита дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Мақсуд Толибови 19-соларо наҷотбахшон якҷоя бо сокинони Яккабед аз зери хок берун оварда, ба наздиконаш супурдаанд. Ҳоло ҷасади ҳафт сокини дигари Файзобод, ки зери ярч мондаанд, идома дорад.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6 апрел ҷустуҷӯи ҷасади ҳашт сокини дигари Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки дар зери ярч мондаанд, аз сар гирифтанд. Ба иттилои масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳоло барои аз зери хок берун овардани ҷасадҳо ба деҳаи Яккабед панҷ ҳазор литр сӯзишворӣ, ду трактор, мошинҳои тамғаи "УАЗ" ва "Нива" фиристода шудааст.
Ориф Нозимов мегӯяд, "то ҷои хокрезиш, ки ҷони 10 нафарро гирифт, роҳи мошингард боз карда шуд ва ҳукумати Тоҷикистон сӯзишворӣ ва ҳукумати ноҳияи Файзобод ду трактори Т75 ва Т100 фиристод." Бар илова, ба гуфтаи Нозимов, панҷ мошини тамғаи "УАЗ", як "Нива" ва хаймаҳо барои гурӯҳи наҷотбахш низ ирсол шудааст.
Мусоҳиби мо афзуд, "17 наҷотбахш низ ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҷалб шуданд". Қаблан кумита ба деҳаи Яккабед 36 сарбози қисми низомии марбут ба ин ниҳодро фиристода буд. "Корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад ва бояд ҷасади 8 нафаре, ки то ҳол дар зери хок ҳастанд, пайдо карда шавад,"-таъкид дошт сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ бар асари лағзиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод даҳ нафар, ки ҳашт тани онҳо ҷавонанд, зери хок монданд. Мақомот гуфтанд, шоми ҷумъа ду нафари онҳо – Маҳмад ва Шодмон Умаровҳоро, ки бо ҳам хешутабор будаанд, аз зери хок берун оварда, дафн кардаанд, аммо аз ҳашт нафари боқимонда ҳанӯз ному нишоне нест.
Дар ҳоле ки то ҷои ин хокрезиш роҳи мошингард набуд, рӯзи шанбеи 4 апрел мардум бо дасту белу каланд хостанд, хокро яктарафа карда, ҷасадҳоро берун оранд, аммо ба ин кор ноил нашуданд.
Баъдан мақомот ва имомхатибони минтақа ба натиҷае расиданд, ки намози ҷанозаи ҳашт нафари боқимонда дар ҷои ҳодиса хонда шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳояшон қатъ гардад. Мақомот мегӯянд, ҳоло ки роҳ кушода шудааст, тамоми талоши худро хоҳанд кард, ҷасадҳоро пайдо ва ба наздиконашон супоранд, то дили реш-реши онҳо то ҳадде оромиш ёбад.
Ин афрод замоне зери хок монданд, ки қасд доштаанд, қубури обрасон ба деҳаашонро таъмир кунанд. Зеро, ба қавли сокинони Яккабед, бинобар осеб дидани қубур ба деҳаи онҳо об ба душворӣ мерасид.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми ҷумъа баъд аз расонаӣ шудани хабари дар зери ярч мондани даҳ сокини Файзобод барои имдод ба осебдидагон дар раъси Азим Иброҳим -- муовини нахуствазир комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода ва дар сӯҳбати телефонӣ бо Имомназари Каримиён, раиси ноҳияи Файзобод, хостааст, ба зарардидагон кумакҳои фаврӣ расонда шавад.
Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки рӯзи чоруми апрел дар маҳалли ҳодиса бо сокинон сӯҳбат мекард, гуфт, дар зери хок мондани даҳ сокини Файзобод барои кишвари мо фоҷиа аст. Ӯ афзуд, ҳукумат сокинонро дар ин рӯзҳо танҳо намегузорад ва таъкид дошт, ки ба ҳар кадом оилаи қурбониёни ярч аз бунёди захиравии раисиҷумҳур 10 ҳазор сомонӣ дода шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳам мегӯяд, то кунун ба хонаводаи қурбониён 1 тонна орд, 500 кило биринҷ ва 500 кило шакару 250 кило равған дода шудааст. Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президент, дар сӯҳбаташ бо сокинони Яккабед гуфт, ба мақомоти ноҳия дастур шудааст, то қубури обрасони онҳоро таъмир ва дастрасии сокинон ба обро осонтар кунад.
Вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, даҳҳо чунин мушкил дар рустоҳои Тоҷикистон хуфтаанд ва мақомот ба муроҷиати сокинон эътибор надода, танҳо дар чунин ҳолат, ба мушкили онҳо расидагӣ мешавад.
То кунун раҳбарони ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ ва аграрии Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ ва кумак кардаанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ рӯзи 6 апрел бо нашри як нома ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудани даҳ сокини Файзобод, ки ҳашт тани онҳо ҷавонанд, изҳори андӯҳ кард.