Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норавшани сокинони Маркази зилзиласанҷии Рашт


Масъулони умури дохилаи ноҳияи Рашт даъвои сокинони Маркази зилзиласанҷиро рад карда мегӯянд, масъалаи кӯчондани онҳо ҳанӯз дар миён нест.

Ҳудуди 15 нафар занони мавзеъи Маркази зилзиласанҷии Рашт дар рӯзи 9-уми март дар назди ҳукумати ноҳияи Рашт аз мақомот хоҳиш кардаанд, ки ба масъалаи манзили зисти онҳо расидагӣ кунад, зеро то 1-уми апрел ба онҳо мӯҳлат додаанд, ки ҷои зисти худро тарк кунанд.

Муродулло Шафиев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт, шарқи пойтахти Тоҷикистон рӯзи 12-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат ҳукумати Тоҷикистон Маркази зилзиласанҷии Раштро ба ҳисоби вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ворид кардааст, аммо масъалаи аз онҷо то 1 апрел кӯч додани сокинонаш асосе надорад.

Вай афзуд, ки воқеан ин масъала ҷой дорад, вале кадом мӯҳлате, ки бояд сокинони ин марказ манзилҳои худро тарк кунанд, ҳанӯз маълум нест ва аз ҷониби ВКД ҳанӯз ба сокинони онҷо чунин даъвое ҳам нашудааст.

Ин дар ҳолест ки Ҳуриниссо Ҳоҷиева, яке аз сокинони Маркази зилзиласанҷии Рашт рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои маълум кардани масъалаи манзили зисти худ ҳамроҳи 15 нафар занони дигар ба назди бинои ҳукумати ноҳия омада хоҳиш кардаанд, ки вазъи онҳоро шарҳ диҳанд. Вай гуфт, ки ҳукумати ноҳия ба ҷои шарҳи масъалаи манзилҳои онҳо милисаҳоро дастур медиҳанд, ки зуд паркандашон кунанд, ки инҷо ҷои митинг нест.

«Мо бори чандум аст, ки дар назди ҳукумати ноҳия ба умеди ин ки масъалаи манзилҳои моро баррасӣ мекунанд ҷамъ мешавем, лекин ҳеҷ нафаре аз намояндаҳои ҳукумати ноҳия назди мо намеояд фақат милисаҳо омада моро пароканда мекунанд ва мегӯянд, ки инҷо ҷои митинг нест», - мегӯяд Ҳуриниссо Ҳоҷиева, модари 4 фарзанд.

«Моро нирӯҳои ОМОН-и вазорати корҳои дохила хезонданӣ ҳастанд, вале мо ба ҳукумати ноҳия борҳо муроҷиат мекунем, ки ба мо замин диҳанд ё ҷуброн кунанд. Лекин фақат як чиз мегӯянд, «то ҳол зиндагӣ кардед, бас аст, акнун ҷоро холӣ кунед», - меафзояд вай.

Сокинони мавзеъи Маркази зилзиласанҷии Ғарм мегӯянд, ки онҳо наздики 20 оила ва ҳама соҳиби фарзанду набера буда, даҳсолаҳо дар инҷо зиндагӣ доранд, вале ахиран мақомоти ноҳия ин мавзеъро ба ихтиёри раёсати ОМОН-и вазорати дохила дода, то апрели соли равон муҳлат додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Феълан Маркази зилзиласанҷии Рашт дар ихтиёри Пажӯҳишгоҳи геология қарор дорад. Мудири ин пажӯҳишгоҳ Юнус Мамадҷонов рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони ин марказ ба Академияи улум омада буданд ва онҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки сокинон дар кӯча намонда, соҳиби қитъаи замин шаванд. «Ман пас аз иди Наврӯз ба Рашт меравам ва бо мақомоти ноҳия мулоқот хоҳам кард ва масъалаи сокинони онҷоро ҳатман ҳал мекунем,» - зикр кард мудири Пажӯҳишгоҳи геология.

Соли гузашта 5,7 гектар замини Маркази зилзиласанҷӣ ба ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ дода шуд ва дар назар аст, пас аз моҳи апрел сарбозони ОМОН-и ноҳия дар ин мавзеъ ба сохтмони манзил шурӯъ кунанд.

Аммо мудири Пажӯҳишгоҳи геологияи Академияи улуми Тоҷикистон гуфт, ки бар асоси як тарҳи махсус Маркази зилзиласанҷии Рашт васеъ карда шуда, комилан азнавсозӣ хоҳад шуд.

Бархе аз сокинони ин мавзеъ мутахассисони Маркази зилзиласанҷии ноҳияи Рашт мебошанд, ки собиқаи корашон дар ин марказ то ба 50 сол мерасад.
XS
SM
MD
LG