Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беобӣ дар ... Роғун (ВИДЕО)


Обкашии кӯдакон дар Роғун
Обкашии кӯдакон дар Роғун

Сокинони Роғун аз камбуди оби ошомиданӣ дар ин шаҳр шикоят мекунанд. Дар шарҳе ки бояд макони бузургтарин нирӯгоҳ ва бузургтарин обанбори Тоҷикистон шавад.

Сокинони Роғун - минтақае, ки бояд бузургтарин нирӯгоҳи Тоҷикистон бо бузургтарин обанбор сохта шавад, аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ шикоят мекунанд. Айни мисли сатри маъруфи “об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем.”

Сокинони як қисми шаҳри Роғун, тақрибан 115-километрии шарқи Душанбе, мегӯянд, ду моҳ боз аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Ҷамъе аз онҳо бо чунин шикоят рӯзи 17 сентябр ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд.

Сокини шаҳри Роғун Зеварой Ҳомидова ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вазъият мо сокинонро ба ташвиш овардааст. Мо ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардем, мушкиламонро ҳал накарданд. Барои шустани либоси фарзандамон, барои тоза кардани гирду атрофи манзиламон об надорем. Мо хостем бевосита ба раиси шаҳр муроҷиат намоем, аммо ба мо иҷозаи вохурӣ надоданд. Фарзандонамон ба ғору ҷӯйҳо барои об мераванд. Ин магар барои онҳо хатарнок нест?”

Вера Куклина, сокини кӯчаи Сохтмончиёни шаҳри Роғун, ки ба гуфтаи худаш, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба ҳайси ронанди кран кор мекард, мегӯяд, “рӯзона об надорем. Мо шаб зарфҳоямонро пури об мекунем ва саҳар мебинем, ки зарф пур аз ифлосӣ аст. Агар дар шаҳр тамоман об набошад, ба деҳаҳо барои об гирифтан меравем. Оби ҷӯйҳои онҳо низ тоза нест. Аз оби нӯшокӣ танқисӣ дорем.”

Аммо масъулони ҳукумати шаҳри Роғун мегӯяд, мушкили дастрасии об дар Роғун ҷиддӣ нест ва дар ояндаи наздик ҳал мешавад. Исмоил Раҳимов, муовини аввали раиси шаҳри Роғун ба Радиои Озодӣ гуфт: “Сарчашмаи оби мо аз чашмаҳо мебошад, ки ба воситаи қубур аз 10 километр дур мояд. Ба хотири он ки имсол боришот кам шуда буд, дар чашмаҳо об кам аст. Сабаби дигар он аст, ки истиқоматкунандагон обро сарфакорона истифода намебаранд. Баъзеашон ҳатто ҷумак надоранд, ки обро махкам кунанд. Ба ҳар сурат, мо тамоми чораҳоро барои бартараф кардани мушкили об дида истодаем. Ба қубури асосӣ 150 метр қубури дигар пайваст кардем, ки ҳамин рӯзҳо бояд ба истифода дода шавад.”

Шаҳри Роғун дар шарқи Тоҷикистон, 115 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар ҷойгир буда, зиёда аз 10 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин шаҳр дар солҳои 70-уми асри гузашта асосан барои коргарони сохтмони нирӯгоҳи Роғун бино шуда буд ва аксари сокинонаш дар он даврон рустаборҳо буданд. Аммо сохтмони нирӯгоҳи Роғун баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ шуд ва аксари коргарони ин сохтмон ба Русияву кишварҳои дигар кӯчиданд.

Ҳоло ки гуфтугузорҳо дар бораи эҳтимоли аз сар гирифтани ин сохтмони барои Тоҷикистони ташнаи барқ ҳаётан муҳим дигарбора матраҳ шудааст, аҳамияти шааҳри Роғун бидуни чуну чаро бештар хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи сокинон, шароити иҷтимоӣ дар Роғун чандон муносибе нест, ки ҳатто ниёзмандиҳои шумори кунунии аҳолиашро бароварда созад. Чӣ расад ба рӯзе ки ба ин сохтмони бузург ҳазорон нафар сарозер шаванд.

XS
SM
MD
LG