Субҳи рӯзи душанбе вазъият дар минтақаҳои марзии Исфара бо Ботканд ором ба назар расида, мардуми деҳоти марзӣ сарфи назар аз таниши ахир ба зиндагии маъмулии худ идома медиҳанд. Муртазо Эгамов, раиси бахши ноҳиявии ҲХДТ дар Исфара рӯзи душанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки сарфи назар аз таниши рӯзи 11-уми январ, ин субҳ дар гузаргоҳи деҳаи Хоҷа аъло ва Оқсай ҳолат ором ба назар мерасад ва сокиноне, ки бар асари даргирӣ миёни марзбонон хонаҳои худро гузошта, ба ҷои амнтар рафта буданд, баргаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон роҳи мошингарде, ки Чоркӯҳро бо Шӯроби Исфара мепайвандад масдуд карда, роҳҳои чанд деҳоти наздимарзии худро маҳкам кардаанд. Абдухалил Шарифов, намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҷониби қирғизҳо роҳи мошингарди Шӯроб ба Чоркӯҳро, ки аз тариқи қаламрави Қирғизистон мегузарад бо булдозер кофта, ҳаракати нақлиётро ғайриимкон кардаанд. Вай афзуд, ки шоми дирӯз сокинони Шӯроб то замони баста шудани роҳ аз тариқи мавзеи қирғизҳо 10 километрро тай намуда ба Чоркӯҳ мерасиданд, аммо акнун онҳо аз тариқи маркази Исфара беш аз 20 километр роҳро гузашта, баъд ба Чоркӯҳ меоянд.
Ба қавли Абдухалил Шарифов, мақомоти Қирғизистон сарфи назар аз норозиятҳои сокинони Исфара, ба сохтмони роҳи мошингард идома медиҳанд: «Ман ҳамин саҳар ба онҷо рафтам ва бо чашмони худам дидам, ки як булдозеру як экскватор ба кушодани роҳ машғуланд». Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Қирғизистон роҳи мошингард ба деҳаи «Қарабоғ»-ро бо контейнерҳо бастаанд ва дар роҳҳои деҳоти дигар аломатҳои манъкунанда гузошта шуда ва ҳаракат масдуд шудааст.
"БУЗУРГ КАРДАНИ БАҲСИ МАРЗӢ БА НАФЪИ ДУШАНБЕ ВА БИШКЕК НЕСТ"
Масъулони Маркази таҳқиқоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бузург кардани қазияи даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба нафъи ҳар ду кишвари ҳамсоя намедонанд. Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 13-уми январ гуфт, ки "масоили марзӣ хеле мураккаб аст, вале ба ин ҳама нигоҳ накарда ҳукумати Тоҷикистон талош хоҳад кард, то ин масъаларо аз роҳи мусолиматомез ҳал кунад."
Ба гуфтаи ҷаноби Холиғназаров, бо вуҷуди тавофуқоти мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 7-уми январ, ҷониби қирғиз рӯзи 11-уми январ ба сохтани роҳ дар марзи ду кишвар оғоз карданд, ки муғойир ба натоиҷи тавофуқоти мақомоти ҳар ду кишвар буд. Бо ин ҳама, раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар посух ба ин суол, ки дар қазияи ахир дасти савум даст дорад, мегӯяд, ки баҳси марзӣ имрӯз пайдо нашудааст ва "иғвоҳо" ё "тавтиаҳо" -и мухталиф дар чунин қазияҳо рӯ мезананд.
Ҷаноби Холиқназаров аз он изҳори таассуф кард, ки "ин мавзӯъ дар расонаҳо хеле бузург карда шуд, ки аксари ин матолиб "иғвоангез" буданд. Ба ин далел, раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ гуфт, ки ҷонибҳо ҳатман ба мувофиқа мерасанд ва мушкил ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти Комиссиюни масоил марзӣ ба Бишкек хоҳад рафт.
Рӯзи 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Ба дунбол ҷонибҳо ҳамдигарро ба оғози тирпаронӣ гунаҳкор карданд ва Бишкек ба Душанбе ду нотаи эътирозӣ фиристод. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам гуфт, муноқиша дар марз бо Қирғизистон бо гуноҳи марзбонони кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастааст.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД