Душанбе ва Бишкек мувофиқат карданд, ки як кумиссиюн аз ҳисоби намояндагони мақомоти интизомӣ таъсис ва сабабҳои рух додани ҳодисаи тирпаронии шоми рӯзи душанбеи 25 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо марги як сокини мулкӣ ва як афсари тоҷик ва захмӣ шудани 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон анҷомид, таҳқиқ карда шавад.
Ҳамчунин дар мулоқоти Бишкек ҳайатҳои Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди мутаваққиф кардани ҷараёни бунёди роҳи мошингарди Оқсой -Тамдиқ аз канори ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, то замони омода шудани санадҳои тарҳҳои сохтмони роҳҳои мошингард аз ду ҷониб ба созиш расидаанд.
Дар ҳоле ки дар Бишкек гуфтугӯи ҳайатҳои Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон сари ба эътидол овардани авзоъ дар марзи ин ду кишвар идома дорад, ба гуфтаи сокинон, авзоъ дар маҳали муноқиша дар як шабонарӯзи охир зоҳиран ором ба назар мерасад. Мансур Ҷумъаев, яке аз захмиҳои задухӯрд, сардори хоҷагии деҳқонии “Сарбанд” - и ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳозир тинҷист, аммо сарҳадбонҳоямон аз эҳтиёт барои ба заминамон рафта кор кардан иҷозат надода истодаанд. ”
Ҳудуди 15 гектар замин хоҷагии деҳқонии Ҷумъаев дар болотари маҳали муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 25 - уми август, дар канори шарқии деҳаи Қалъача ҷойгир аст.
Вале ба гуфтаи мусоҳибам, сокинони маҳаллаи Муғ, ҳудуди 20 хонавода, ки дар байни 2 нуқтаи даргирӣ воқеъ аст ва чанд сокинаш дар ҳамлаи низормиёни қирғиз захмӣ шуда буданд, озодона ва бо роҳи мустақим ба маркази ҷамоати худ равуо доранд.
Дар маҳали муноқиша як ситоди вижаи Суғд авзоъро ҷиҳати такрор нашудани муноқиша зери назорат гирифтааст. Як мақоми раёсати марзбонӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҳали муноқиша мақомоти марзбонии Суғду Бодканд бо ҳам робита ва гуфтушунид доранд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар музокираи рӯзи 26 август дар Бишкек, ҳайатҳои Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба протоколе имзо гузоштанд, ки то замони омода шудани санадҳои зарурӣ ва муайяну аломатгузорӣ шудани хути марз дар мавзеъҳои мавриди баҳс ҷонибҳо ҳеҷ гуна роҳу пулҳо бунёд накунанд.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳамин тавр бо пешниҳоди ҳайати Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ки сохтмони якҷонибаи «Оқсой - Тамдиқ - Кишмиш», ки аз тарафи роҳсозони Қирғизистон идома дошт, мутаваққиф карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони Исфара, мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон ахиран дар мавзеи Тангии деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара, ки ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, ахиран сохтмони ин роҳро бо чанд техникаи раҳсозӣ аз сар гирифта буданд. Собир Сафаров, раиси деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рӯзи 27 –уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, вале бо шурӯи музокираи Комиссияи муштараки масоили марзӣ дар Бишкек, сохтмони ин роҳ қатъ шуда, ду рӯз боз на техника ва на роҳсозон дар ин сохтмон дида намешаванд.
Ҷониби Қирғизистон ду моҳ қабл ба сохтмони роҳи Тамдиқ - Оқсой дар канори деҳаи Хоҷаи Аълову Ворухи Тоҷикистон шурӯъ карда, вале баъди музокираҳои ҳайъати Комиссияи байниҳукуматӣ сохтмон қатъ карда шуда буд. Ҳамчунин Душанбеву Бишкек дар мавриди таъсиси гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати омода кардани тарҳи роҳу пулҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворухи Исфара ба созиш расида буданд, ки ба гуфтаи мақомоти музокиракунандаи тоҷик, бунёди ин роҳу пулҳо баъди муайян кардани хати марз оғоз хоҳанд шуд.
Ҳамин тавр, дар робита ба ҳодисаи тирпаронии шоми рӯзи душанбеи 25 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳайатҳо дар музокироти дирӯза дар Бишкек ба мувофиқа расидаанд, ки як кумиссиюн аз ҳисоби намояндагони мақомоти интизомӣ таъсис ва сабабҳои рух додани ин ҳодиса, ки ба марги як сокини мулкӣ ва як афсари тоҷик ва захмӣ шудани 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон анҷомид, таҳқиқ карда шавад.
Даргирӣ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ба гуфтаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи душанбеи 25-уми август тахминан соатҳои 6 –и бегоҳ, дар 2 нуқта, бо фосилаи 500 метр дуртар аз ҳам рух дод. Ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ сокинон ва марзбонҳои Тоҷикистонро айбдор кард, вале сокини деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, низомиёни қирғиз болои мардуми бесилоҳе, ки алайҳи сохтмони пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон дар ин маҳал эътироз мекард, тир кушодаанд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки то имрӯз аз 970 километраш ҳамагӣ чизе бештар аз 500 километри он таъину аломатгузорӣ шудааст, дар солҳои охир ба як нуқтаи доғ табдил ёфтааст. Моҳи январ дар як даргирӣ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон 2 марбози тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуда, дар моҳи апрел аз тири низомиҳои қирғиз як сокини рустои Бедаки Исфара кушта ва 7 ҳамдеҳаи ӯ захмӣ шуданд.