Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маматалиев: "Марзбонҳои мо дар Овчӣ-Қалъача қонуншиканӣ накардаанд"


Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон ва раҳбари Кумиссиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйини хатҳои марзӣ ва аломатгузории он.
Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон ва раҳбари Кумиссиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйини хатҳои марзӣ ва аломатгузории он.

Муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, навори интернетӣ дар бораи вуруди марзбонони мусаллаҳи Қирғизистон ба деҳаи Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон иғво аст ва марзбонони қирғиз аз марзи Тоҷикистон нагузаштаанд.

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон ва раҳбари Кумиссиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйини хатҳои марзӣ ва аломатгузории он мегӯяд, навори интернетӣ дар бораи вуруди марзбонони мусаллаҳи Қирғизистон ба деҳаи Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон иғво аст ва марзбонони қирғиз аз марзи Тоҷикистон нагузаштаанд. Аз сӯи дигар, Маматалиев музокироти ҳайатҳои ду ҷониб дар Душанберо қаноатбахш медонад.

6 март дар Душанбе музокироти Кумиссиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйини хатҳои марзӣ ва аломатгузории он кори худро ба поён расонд. Ҷонибҳо дар хатми музокирот протоколе ба имзо расонданд. Вале гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб то 8 март кори худро идома медиҳанд. Абдураҳмон Маматалиев-муовини нахуствазир ва раиси кумиссиюн аз ҷониби Қирғизистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар поёни музокироти ҷонибҳо гуфт, ки гурӯҳи корӣ гуфтугӯҳоро бо назардошти маводи бойгонӣ, ки ахиран аз Маскав оварда шудааст, бо ҷониби Тоҷикистон идома медиҳад.

Озодӣ: Шумо ёдоварӣ кардед, ки ҳарду ҷониб як протокол имзо карданд. Ин протокол дар бораи чист?

Ноибони сарвазирҳои Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев
Ноибони сарвазирҳои Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев

Маматалиев: Дар он ҷо шарту шароит дар бораи тарҳи қарордод роҷеъ ба қитъаҳои марзӣ оварда шудааст. Мо дар он ба гурӯҳҳои корӣ супориш додаем, ки нусхаи ниҳоии ин қарордод бо назардошти пешниҳоди ҷонибҳо омода шавад. Мо баъд аз ду моҳи дигар нусхаи ниҳоии қарордодро дар бораи таъйини хатҳои марзӣ бори дигар баррасӣ мекунем. Ғайр аз тарҳи ин созишнома сохтмони роҳҳо баррасӣ шуд. Ин роҳҳо ба минтақаҳои баҳсбарангези ноҳияҳои Исфара ва Бодканд иртибот доранд. Мо пешниҳодҳои худро оварда будем. Онро баррасӣ кардем. Вале Тоҷикистон дар ин бора мавзеъгирии худро дорад. Ба ҳамин далел то як моҳи дигар Тоҷикистон ин пешниҳоҳоро меомӯзад ва хулосаҳои худ ва ё пешниҳодҳои худро ба мо мефиристад.

Озодӣ: Ҷаноби Маматалиев, шумо дар мусоҳибаи рӯзи 4 март ба мо гуфтед, ки коршиносони шумо 48 километри дигари хати марзро муайян кардаанд. Оё роҷеъ ба ин 48 километр тавофуқ ба даст омад?

Маматалиев: Мо ин масъаларо баррасӣ кардем. Вале ҳамкорони тоҷики мо хостанд, ки онро дар ҷаласаи оянда ба тасвиб расонем ва роҷеъ ба он протокол имзо кунем.

Озодӣ: Оё ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳангоми таъйини ин 48 километр ва умуман хатҳои марзӣ ба харитаҳои давраи Шӯравӣ такя хоҳанд кард?

Маматалиев: Медонед, мо пештар ба он такя мекардем. Вале ҳоло ё дақиқтар мо аз соли гузашта пешниҳод дорем, ки бархӯрди худро ба ин масъала дигар кунем. Масалан, мо пешниҳод мекунем, ки хатти марз бар асоси марзҳои воқеии мавҷуда муайян шавад, яъне ҳамон хатҳои марзӣ эътироф шаванд, ки кишварҳои мо ҳангоми ба даст овардани истиқлол доштанд. Мо вақтҳои наздик дар ин бора ба тасмими қобили қабули тарафҳо хоҳем расид.

Озодӣ: Ҷаноби Маматалиев, 3 март дар интернет як навори видеоӣ пайдо шуд ва дар он дида мешавад, ки чанд нафар марзбонони Қирғизистон бо автомати Калашников ва дар либоси низомӣ дар яке аз кӯчаҳои деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон гашту гузор мекунанд. Чӣ тавр онҳо дар он ҷо пайдо шудаанд? Оё он қаламрави Тоҷикистон нест? Ё шумо фикри дигар доред?

Маматалиев: Дар ин деҳа чанд хонае ҳаст, ки хеле наздик ба посгоҳ аст. Дар ин хонаҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Мо қарордод дорем, ки марзбонони мо ва марзбонони Тоҷикистон метавонанд дар чунин қитъаҳо ба таври муштарак гардиш анҷом диҳанд. Марозбонони Қирғизистон дар бораи ин навори видеоӣ тавзеҳот доданд ва гуфтанд, ки ин навор нодуруст аст ва хабараш ҳам нодуруст аст. Аз тарафи марзбонони Тоҷикистон низ дар ин бора мо шикояте дарёфт накардаем. Марзбонони мо якҷоя гаштугузор мекунанд.

Нороҳатии сокинони марзии Суғд аз гаштугузори сарҳадбонҳои мусаллаҳи қирғиз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Озодӣ: Медонед, ҷаноби Маматалиев, дар ин навор сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар кӯчаҳои деҳа кӯдакону духтарон гаштугузор мекунанд ва онҳо аз одамони силоҳбадаст метарсанд. Шумо роҷеъ ба ин гуфтаҳо чӣ назар доред?

Маматалиев: Баръакс, баръакс... Ман фикр мекунам, ки ин наворро касе махсус омода кардааст. Гаштугузори муштараки ҷонибҳо барои он аст, ки зиндагии сулҳомези сокинон таъмин бошад. Аз он чӣ метарсанд? Бояд аз гурӯҳҳои ғайриқонунӣ тарсанд. Якеаш марзбони қирғиз, дигараш марзбони тоҷик, чаро аз онҳо метарсанд, чӣ хатар дорад? Ин навори махсус омодашуда аст, иғво аст, дигар чизе нест. Шумо тавзеҳоти нируҳои марзбонии Қирғизистонро дар ин бора дар интернет бубинед. Дар бораи гаштугузори муштараки марзбонон (совместное патрулирование) протокол ҳаст, хеле вақт шуд. Ин қитъаҳои марз то ҳол муайян нашудаанд, барои ҳамин онҳо дар он ҷойҳо якҷоя гашту гузор мекунанд. Дар ин бора далели таҷовузи марз аз тарафи Тоҷикистону Қирғизистон сабт нашудааст.

Озодӣ: Ҳукумати маҳаллӣ низ дар ин бора чизе намегӯяд?

Маматалиев: Бале, чизе намегӯяд. Дар таркиби ҳайати мо муовини раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ ҳаст. 5 март дар ҳошияи музокироти кумиссиюни муштарак дар Душанбе бо Раҷабалӣ Раҳмонзода-фармондеҳи нируҳои марзбонии Тоҷикистон мулоқот баргузор шуд. Онҳо дар бораи ҳамкориҳо сӯҳбати тулониву хуб доштанд. Дар бораи ин наворе, ки шумо ёдоварӣ кардаед, дар ин мулоқот умуман як ҳарф гуфта нашуд.

Озодӣ: 24 августи соли 2014 дар ҳамин деҳаи Овчӣ Қалъача ҳангоми сохтмони роҳ марзбонони қирғиз ба сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Сокинони деҳ ба сохтмони ин роҳ розӣ набуданд. Як мазбони тоҷик ва як сокини деҳа дар ин тирандозӣ кушта шуданд. 5 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳоло ин баҳсҳо ҳал шудаанд?

Маматалиев: Албатта ҳал шудаанд. Ҳоло дар он ҷо сохтмони ду пул ба поён мерасад. Як пулро мо месозем. Тақрибан 90 дарсад сохта шудааст. Пули дуввумро ҷониби Тоҷикистон месозад. Онҳо ҳам сохтмонро қариб тамом кардаанд. Роҳро муштарак ба сӯи Бодканд месозем ва пулҳо барои Лайлак сохта мешаванд. Бо ризояти ҷонибҳо сохтмони роҳҳо низ ба поёни худ наздик мешавад.

Озодӣ: Вале роҳи наве, ки аз ноҳияи Исфара мегузарад, аз дохили қаламрави ин ноҳия мегузарад ё аз давродаври он?

Маматалиев: Дар он ҷо ду роҳи нав аст. Роҳи аввал Куктош-Оқсой аз қаламрави Қирғизистон мегузарад. Роҳи дуввумро мо бо дархости Тоҷикистон месозем ва он ба деҳаи Оқсой намедарояд, чунки ин роҳ ба деҳаи Ворух меравад. Ин роҳ ҳам аз қаламрави Қирғизистон мегузарад. Вале бар асоси қарордод аз ин роҳи марзӣ шаҳрвандони Тоҷикистон рафту омад хоҳанд кард.

Озодӣ: Дар матбуот хабаре ба нашр расид, ки Тоҷикистон ба боз кардани консулгарии генералии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд розӣ нест. Ин хабар дар порламони Қирғизистон садо дод. Ҳоло ин масъала ҳал шудааст?

Маматалиев: Консулгариро то ҳол боз накардаанд. Вале ман дар ин бора тавзеҳот дода наметавонам.

Озодӣ: Соли гузашта дар ҳамин моҳи март музокироти ҷонибҳо баргузор шуда буд. Ҳоло, ки музокироти Душанбе ба поён расид, ба назари шумо дар ин як сол чӣ тағйирҳо мушоҳида мешавад?

Маматалиев: Соли гузашта дар ин вақт музокирот асосан барои ҳали муноқишаҳои пешомада ҷараён мегирифт. Дар бораи сохтмони роҳҳо ва пулҳо баҳсҳо пуршиддат буд. Ин шиддатро мехостем камтар кунем, то ки дубора муноқиша сар назанад. Ба мо муйяссар шуд, ки соли гузашта ин марҳиларо ба хубӣ тай кунем. Вале бо гузашти як сол акнун мавзӯи музокирот ба маҷрои маъмулии худ баргаштааст ва мо асосан таъйини хати марз ва аломатгузории онро баррасӣ мекунем.

XS
SM
MD
LG