Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов: Музокирот бо Бишкек бо бархе мушкилот идома дорад


Сироҷиддин Аслов (аз чап) ва Алмосбек Отамбоев
Сироҷиддин Аслов (аз чап) ва Алмосбек Отамбоев

Рӯзи 17 июл дар музокироти вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо раҳбарони Қирғизистон дар Бишкек масоили равобити дуҷониба ва танишҳои ахири марзӣ баҳс шудааст.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 17 июл дар қароргоҳаш дар Бишкек бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот кард. Сироҷиддин Аслов аз 15 июл ба манзури ширкат дар як нишасти минтақавӣ ва анҷоми сафари расмӣ дар Қирғизистон қарор дорад.

Бино ба гузориши сомонаи расмии раисиҷумҳури Қирғизистон, дар дидори Отамбоев бо Аслов масоили доғи равобити Қирғизистону Тоҷикистон баҳс шудааст.

Бино бар ин манбаъ, Алмосбек Отамбоев ба аҳамияти иҷрои тавофуқоти баластомада дар байни ду кишвар таъкид кардааст. Отамбоев афзудааст, ки мақомоти зисалоҳи ҳарду кишвар бояд ҳамкориро ба хотири “аз роҳи бархӯрди созанда ва мутавозин ҳал кардани масоили мавҷуда байни Қирғизистону Тоҷикистон фаъолтар кунанд.” Тафсилоти бештари ин мулоқот ҳанӯз дастрас нест.

Аммо вазорати хориҷаи Қирғизистон хабар дод, ки Аслов ҳамчунин бо ҳамтои қирғизаш Эрлан Абдилдаев дидор доштааст. Бино бар ин манбаъ, дар музокироти Аслов бо Отамбоев ва Абдилдаев "масоили доғи тамоми соҳоти равобити дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон баҳс шудааст." Дар баёнияи матбуоии ин вазорат гуфта мешавад, ки "таваҷҷӯҳи вижа ба вазъи мавҷуда дар ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар дода шуд. Масоили марбут ба сохтани роҳҳои мошингард ва кӯпрукҳо низ баррасӣ шуд."

Аммо дар мавриди кадом тавофуқи мушаххаси бадастомада дар ин музокирот хабар дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, ки "раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ изҳори итминон карданд, ки сафари доиршуда рушди равобити муфид байни Қирғизистону Тоҷикистонро таҳрик хоҳад дод."

Аслов рӯзи 16 июл дар Бишкек изҳори умед карда буд, ки мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳарчӣ зудтар ҳал шавад. Бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар поёни нишасти “Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон” эътироф кардааст, ки "ҷараёни музокирот бо бархе мушкилот идома дорад." Вале оқои Аслов гуфтааст, "ҷалби ҷонибҳои дигар ба ин раванд маъно надорад, чунки масъала дар ниҳоят ҳалл хоҳад шуд."

Сироҷиддин Аслов нахустин узви баландпояи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар пайи таниши ахири марзӣ ба Қирғизистон сафар ва бо раҳбарони аввали он кишвар мулоқот мекунад. Рӯзи 10 июл бар асари як тирпарронӣ дар марзи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон як сокини Ворух кушта ва 7 ҳамдеҳаи ӯ захмӣ шуданд. Ин низоъи мусаллаҳона дар пайи ба тармими қубурҳои обгузар пардохтани сокинони Ворух дар мавзеи баҳсии Бедак рух дод.

Душанбе мегӯяд, алайҳи шаҳрвандони бесилоҳаш марзбонҳои қирғиз оташ кушодаанд ва ин тирпарронӣ дар тақрибан 500-метрии дохили қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ҷониби Қирғизистон ин минтақаро қаламрави худ мешуморад ва мегӯяд, аз иҷрои амри марзбонони қирғиз сар печида, бо онҳо даргир шудани сокинони Ворух ва дахолати марзбонҳои тоҷик ба ин қазия сабаби тирпарронӣ шудааст.

Марзи Исфараву Бодканд яке аз доғтарин нуқтаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистион ба шумор меравад. Дар моҳи январ низ дар ин марз дар як тирпарронӣ 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуд, ки ба ҷиддитарин таниш дар равобити ду кишвар оғоз гузошт. Қирғизистон баъди он қазия марзҳояш бо Тоҷикистонро барои 3 моҳ баста, сафирашро ҳам аз Душанбе “барои машварат” фаро хонда буд. То имрӯз аз 971 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст.

Сироҷиддин Аслов- вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон расман барои ширкат дар панҷумин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ба Бишкек-пойтахти Қирғизистон рафтааст. Ин ҳамоиш рӯзи 15 июл доир шуд. “Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон” Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро фаро мегирад. Туркманистон дар ин конфронс мақоми нозирро дорад. Ҷопон яке аз кумакрасонҳои умда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, асосан ба ин кишварҳо дар иҷрои тарҳҳои иҷтимои ёриҳои молии билоиваз мерасонад. Дар арафаи нишасти Бишкек Ҷопон эълон кард, ки бох 118 миллион доллар кумакро дар ихтиёри Қирғизистон мегузорад.

XS
SM
MD
LG