Вазирони корҳои хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар Бишкеки Қирғизистон дар конфронсе бо номи “Осиёи Марказӣ ва Гуфтугӯ бо Ҷопон” ширкат доранд. Ин шаш кишвар масъалаҳои омӯзишу парвариш ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ мекунанд.
Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ як рӯз пеш барои ширкат дар ин конфронс ба Бишкек рафт.
Бино ба хабарҳое, ки дар остонаи ин конфронс ба нашр расид, Ҷопон 118 миллион доллар кӯмак дар ихтиёри Қирғизистон мегузорад.
Дар гуфтугӯҳои “Осиёи Марказӣ бар иловаи Ҷопон” Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон ширкат мекунанд. Туркманистон дар ин конфронс мақоми нозирро дорад.