Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танбеҳе, ки бо марг меанҷомад. Авҷ гирифтани зӯроварӣ ба кӯдак дар Қирғизистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Қирғизистон мавридҳои нави зӯроварӣ ва латукӯби кӯдаконро таҳқиқ мекунанд. Нургул Нусупова, сухангӯи Раёсати умури дохилии вилояти Чуй охири ҳафтаи гузашта ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, мавридҳои нав муносибати бераҳмона бо кӯдакон ҳангоми тафтишҳои барномавии мақомоти муҳофизат аз ҳуқуқи кӯдак ошкор шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафарҳои барнорезишуда мақомот бо вазъи оилаҳои носолиме ошно мешаванд, ки кӯдакони ноболиғ доранд ва бо волидонашон суҳбат анҷом медиҳанд.

"Ҳангоми ошноӣ бо вазъи як оила дар рустои Қара-добо, дар як оила кӯдакеро диданд, ки дар баданаш осори ҷароҳат дида мешуд. Ӯро ҳамон лаҳза ба шифохонаи вилоятӣ бурданд ва онҷо муолиҷа мегирад. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки кӯдак бо модари 31-солааш ва бибии 55-солааш аз вилояти Иссиқкӯл зиндагӣ мекунанд”, гуфт, ӯ.

Ба гуфтаи Нургул Нусупова, айни замон тафтиши қазия идома дорад ва муфаттишон эҳтимоли бемории равонӣ доштани модари кӯдакро таҳқиқ мекунанд.

Баъди пайдо кардани кӯдак бо ҷароҳатҳои гуногун, ӯро барои ташхиси додгоҳии тиббӣ фиристодаанд ва парвандаро ба Кумиссиёни умури кӯдакон дар вилояти Чуй супурдаанд.

Пештар аз ин ҳодиса, матбуоти Қирғизистон дар бораи ҳалокати ду кӯдак дар гӯшаҳои гуногуни кишвар гузориш дод. Рӯзи 14-уми январ хабар доданд, ки як кӯдаки 2-соларо дар шаҳри Уш аммааш куштааст. Ин зани модари 5 фарзандро дастгир кардаанд.

Чаҳор рӯз пештар аз ин ҳодиса ба навиштаи матбуоти Қирғизистон дар ноҳияи Ҷети Оғузи вилояти Уш дар шифохона як кӯдаки якуним сола баъди латукӯби модар ба худ наомада ва ҷон додааст.

Танбеҳи "марговар" барои тар кардани шалвор

Холаи 40-солаи кӯдакро ба он муттаҳам мекунанд, ки барои фақат шалворашро тар кардан кӯдакро ба ҳадде бо химча задааст, ки ӯ баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст. Модари ин тифл фарзандашро барои нигоҳубин дар назди холааш гузошта, ба муҳоҷират рафтааст.

Ҳодисаҳои ахир ва зиёд шудани муносибати бераҳмона бо кудакон мояи нигаронии мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қирғизистон шуд. Рӯзи 15-уми январ Олтиной Омурбекова, муовини нахуствазир бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи маданӣ тарҳи “Барномаи чорабиниҳо барои пешгирӣ аз муносибати бераҳмона ва зӯроварӣ бо кӯдакон барои солҳои 2019-2020”-ро баррасӣ кард.

Ӯ гуфт, ки барои қабули ин барнома муҳим аст, то назари тамоми қишрҳои ҷомеа ва онҳое, ки таҷрибаи муҳофизати ҳуқуқи кудаконро доранд, ба инобат гирифта шавад.

Олтиной Омурбекова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: “Дар Қирғизистон 175 ҳазор кӯдак дар шароити сахт зиндагӣ мекунанд, ё дар назди хешовандонашон бузург мешаванд.”

Ба гуфтаи ӯ, ин феҳраст давра ба давра нав мешавад ва чунин кӯдакон ҳамеша таҳти назари мутахассисон ва омӯзгорон мемонанд.

Қабули барнома ба зидди зӯроварӣ ба кӯдакон

Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки ҷомеа набояд бераҳмӣ бо кӯдаконро нодида бигирад ва ҳар нафар агар чунин мавридеро шоҳид шуд, бояд ба мақомот хабар бидиҳад.

Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Қирғизистон мегуяд, танҳо дар соли 2018 дар саросари кишвар бештар аз 7270 кӯдакеро сабти ном кардаанд, ки дар шароити бисёр сахт бузург мешаванд. Наваду чаҳор нафари онҳо шоҳиди зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона аз тарафи калонсолон шудаанд.

Марат Сапаев, раиси Кумиссиёни кор бо ноболиғон дар вазорати умури дохилии Қирғизистон, гуфтааст, ки соли 2018 онҳо расман 80 мавриди зӯроварӣ ба кӯдаконро сабт кардаанд.

Дар 80 дар сади мавридҳо кӯдаконро худи волидон ё дигар наздикон озору азият медодаанд. Пажуҳишҳо нишон додаанд, ки 57 дар сади кудакони то 14-сола дар Қирғизистон ба зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҳам зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона бо тифлон зиёд ба назар мерасад, ҳарчанд волидон мегӯянд, ки фақат кӯдакро аз ин роҳ “танбеҳ” медиҳанду дуруст тарбия мекунанд.

Охири моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон Ҳоҷарой Ашӯрова, сокини 58-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои куштани набераи 3-солааш 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Мақомот гуфтанд, ки Ҳоҷарой Ашӯрова хостааст, бо ин кор аз келинаш, ки бо ӯ муносибати хуб надоштааст, “интиқом бигирад”.

XS
SM
MD
LG