Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳисор таҷовузгарони тифли 7-соларо муҷозот кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ҳукми ду ноболиғро, ки дар таҷовуз ба номуси як духтари 7-сола муттаҳам мешуданд, эълон кард. Ин ду ноболиғ, ки бо сабаби хурдии синнусол номашон нашр намешавад, бо қарори додгоҳ ба муҳлати 7 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Равоншиносон ҳам мегӯянд, озори ҷинсие, ки як нафар дар кӯдакӣ дидааст, тамоми умр ӯро азият мекунад

Як манбаи Радиои Озодӣ рузи 30-юми октябр гуфт, ҳукми ноболиғон ҳафтаи гузашта содир шуда, ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва хешовандони маҳкумшудаҳо ҳақ доранд давоми даҳ рӯз аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят кунанд. “Ҳарду ноболиғ дар додгоҳ ба гуноҳашон иқрор карда, изҳори пушаймонӣ намуданд. Додрас баъзе паҳлӯҳои сабуккунандаро ба назар гирифта, ба ноболиғон 7 сол ҳукм дод. Ин парванда бар асоси моддаи 139, қисми 4, яъне "Ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” таҳқиқ ва муҳокима шуд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Ман як писар доштам"

Ноболиғон С.Р-и 14-сола ва Т.Р.-и 15-сола, сокинони деҳаи Кончии Ҳисор дар таҷовуз ба номуси духтари ҳамсоя гунаҳгор эътироф шуданд. Хонум Гулбаҳор, модари Т.Р.-и 15-сола, ки аз ин ҳодисаи ба сари хонавода омада сахт нороҳат буд, дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва тасмим дорад аз руи ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят барад. Ин модар танҳо гуфт: “Ман як писар доштам ва ҳоло намедонам чӣ бигӯям”.

Аммо волидони С.Р-и 14-сола, ки волидонаш дар аввал даст доштани фарзанди худро дар ин кор тасдиқ ё рад намекарданд, гуфтанд, тасмими шикоят кардан аз болои ҳукми додгоҳро бо вакили дифои писарашон матраҳ доранд. Ҳарду хонавода ҳам аз сӯҳбат муфассал дар бораи ҳукми фарзандонашон худдорӣ мекунанд. Ҳарду хонавода ҳам чандон доро нестанд ва зиндагияшон аз пули муҳоҷирати падарон пеш меравад.

Деҳаи Кончӣ
Деҳаи Кончӣ

Ҳоло барои мо мушаххас нест, ки хонаводаи ин духтари ноболиғ аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ё на. Вале аз суҳбатҳои қаблӣ мушоҳида мешуд, ки хонаводаи духтари наврас зоҳиран аз болои писарони ҳамсояи худ ва даъво ва ҷазои сангин талаб надоштанд ва ҳамаро ба панҷаи қонун ҳавола медоданд.

Хабари таҷовузи духтари ҳафтсола ва хонандаи синфи якуми мактаби рақами 114 дар Ҳисор, аввали моҳи июни соли ҷорӣ расонаӣ шуд. Тафтиши аввалияи ҳодисаро мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонии ноҳияи Ҳисор анҷом доданд.

Масъулини мактаби миёна ҳам муҷозот шуданд

Дар баробари се хонавода, ҳамчунин дар ин ҳодиса пойи масъулини мактаб ва маҳалла ҳам кашида шуд. Ду ҳафта пас аз расонаӣ шудани ин хабар ду мудири мактаб аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Маҳмадраҷаб Шоев, мудири мактаби рақами 114-и деҳаи Кончии ноҳияи Ҳисор гуфт, пас аз ин ҳодиса аризаи истеъфояшро навишт. Аммо як манбаъ гуфт, ки Маҳмадраҷаб Шоев ва Маҳмадалӣ Ҳаётов - раҳбари мактаби рақами 26 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор бо тасмими шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор барканор шуданд.

Волидони духтар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "рӯзи 9-уми июн ҳамсояписари 14-сола, Г.Ҷ.-ро бо роҳи фиреб ба дохили хонаашон бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе лаб кушояд, зинда намемонад. Барои ҳамин, духтар рӯзи аввал хомӯш мондааст."

Ташхиси рӯзи 11-уми июн низ муайян кардааст, ки духтар мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Худи духтар иқрор кардааст, ки баъди озору азият писарони ҳамсоя "дар гулӯяш корд монда, ба ӯ таҳдид кардаанд, ки дар ин бора ба касе лаб накушояд".

Ин ҳодиса аҳолии деҳаро низ нигарон кард. Сокинони дигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахсони гунаҳкор мувофиқ ба амале, ки нисбат ба духтари ноболиғ анҷом додаанд, ҷазо гиранд. Дар акси ҳол метавонад, ин ҳодисаи нангин дигарбора такрор шавад.

Сарнавишти тифли таҷовузшуда чӣ мешавад?

Бо он ки ҳукми таҷовузгарони ин навраси 7-сола баъди баҳсҳои тулонӣ содир шуд ва онҳо акнун чандин соли ҷавонии худро пушти панҷара сипарӣ хоҳанд кард, аммо сарнавишти қурбонии таҷовузи ҷинсӣ, ки дар як ҷомеаи суннатӣ бузург мешаваду мавзуи бакорат дар хушбахтии ҳар духтар нақши муҳим дорад, норушан хоҳад монд.

Равоншиносон ҳам мегӯянд, озори ҷинсие, ки як нафар дар кӯдакӣ дидааст, тамоми умр ӯро азият мекунад. Аз ин хотир равоншиносон барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо, ба қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ тавсия медиҳанд, ки ба ҷои сукуту пинҳонкорӣ, баръакс ба пулис ва созмонҳои офиятрасон муроҷиат кунанд, то озордиҳандаи кӯдак, ҳатман ҷазо бинад. Вагарна хатари осеб дидани кӯдакони дигар бештар мешавад.

Равоншинос Маҳмадулло Давлатов озори ҷинсии кӯдакону наврасонро на танҳо як ҷинояти мудҳиш, балки осеби сахти руҳӣ арзёбӣ мекунад, ки табобати он фурсати тулониро талаб мекунад. Ба бовари Давлатов, танҳо кори инфиродии равоншинос бо қурбонии таҷовуз метавонад фикри чунин нафаронро аз ангезаҳои манфӣ ба мусбӣ бозгардонад. Бо ин ҳама ин равоншинос мегӯяд, баъзе ҳодисаҳое ҳаст, ки намешавад, як умр фаромӯш кард, аммо метавон муносибатро бо ин ҳодиса тағйир дод.

“Яъне одам вобаста ба синну сол аз ҳодисаи ба сараш омада дарс мегирад ва метавонад муносибати худро тағйир диҳад ва минбаъд эҳтиёткор бошад. Ҳамчунин ин гуна кӯдакон, ки агар мактабхон бошанд ва аз ҳодисаи ба сари онҳо омада ҳамсинфон дар мактаб ва ҳамсояҳо хабар дошта бошанд, бояд ба машваратҳои тулонии равонӣ ҷалб шаванд. Дар ин ҳолат ҳатто волидони кӯдак ҳам бо тавсияи равоншиносон бо ӯ муносибат кунанд”, - афзуд ӯ.

Бар асоси омори расмӣ, дар шаш моҳи соли 2017 дар Тоҷикистон 26 ҳолати таҷовузи ҷинсӣ сабт шудааст, ки дар 16 маврид қурбониёни ин ҷиноятҳо духтарони ноболиғ будаанд.

XS
SM
MD
LG