Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумшавии асроромези як зани қирғиз дар Суғд


Сорохон Нурматова.
Сорохон Нурматова.

Фарзандони як зани қирғиз, ки аз ду моҳ ба ин тараф дар Cуғд бедарак шудааст, дар номае ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вай барои пайдо кардани модарашон ёрӣ хостаанд.

Мухторбек Мадазимов, сокини шаҳри Бодканди Қирғизистон мегӯяд, модараш Сорохон Нурматоваи 63-сола рӯзи 7-уми июни соли равон субҳ ба нияти харид аз бозори “Атуш”-и ноҳияи Ғафуров, ба вилояти Суғд омад, вале дар бозгашт баъди ним рӯз дар роҳ нопадид шуд. Вай афзуд: “Мо ҳама ҷоро ҷустуҷӯ кардем, кормандони милиса низ, аммо ягон даракашро наёфтем. Барои ҳамин мо аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардем дар пайдо кардани модарамон ёрӣ расонад.”

Мадазимов, ки барои мулоқот бо масъулони парвандаи ҷустуҷӯи модараш ба Хуҷанд омадааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи камтар аз 2 моҳ пулиси Суғду Бодканд ҳанӯз аз модараш хабари умедворкунандае рӯи даст надорад. Вай гуфт, пайгириҳои расмии зангҳои телефонии модараш маълум кардааст, ки вай рӯзи 7-уми июн аз бозори "Атуш"-и ноҳияи Ғафуров харид карда, вақти бозгашт ба Бодканд дар минтақаи баҳсноки Оқсой – Ворух нопадид шудааст.

Мусоҳибам афзуд, солҳои охир дар ин минтақа раҳбандиву ба асорат гирифтани сокинон иттифоқ мефтад ва ин онҳоро аз сарнавишти модараш нигарон кардааст. Бинобар ҳамин, ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати кӯмак дар амри пайдо кардани модарашашон муроҷиат кардаанд.

Мухторбек Мадазимов
Мухторбек Мадазимов

Мухторбек Мадазимов афзуд, модараш ҳарчанд 63 сол дорад, вале солим буд ва ба ҷуз шакли сабуки бемории қанд, дигар аз сиҳатиаш шикоят надошт ва тӯли 2 сол барои хариди матоъ ба бозори Хуҷанд танҳову бемушкил равуо мекард: “Модари ман 63-сола аст. Вай либосҳои занона медӯзад. Ба Хуҷанд омада буд, ки матоъ бихарад, дар ҷайбаш ҳудуди 150 доллар пул дошт.”

Ба гуфтаи пайвандонаш, Сорохон Нурматова барои харид ба бозори Хуҷанд бо пули зиёд намеомад ва бо худ ҳудуди 150-200 доллар мегирифт, ки ин эҳтимоли мавриди ҳамлаи ғоратгарону дуздон қарор гирифтанашро зери суол мебарад. Онҳо мегӯянд, агар касе ҳам ӯро ба ҳадафи ба даст овардани пул ба гарав мегирифт, тайи ин муддат онҳоро огоҳ мекард ва пул мехост. Вале то ба имрӯз касе ба онҳо дар ин робита дар тамос нашудааст.

Зимнан, гаравгонгирии сокинони марзӣ аз сӯи якдигар ба хотири рӯёнидани пул дар ин минтақа аслан иттифоқ наафтодааст. Ҳатто рӯзҳои муноқишаҳои марзӣ низ, сокинони марзии Суғду Бодканд ба ин гуна корҳои нангин даст назадаанд.

Маъруф Устобоев, муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва масъули парванди ҷустуҷӯи хонум Нурматова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз бозор берун шудани ин хонуми қирғиз ҳамроҳи зоҳиран марди такксироне дар видеокамераи назоратӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи вай, ин хонум баъд аз нимарӯзи 7-уми июн дар ҳудуди деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд -- ҳаммарз бо чанд деҳаи Исфара, нопадид шудааст:

“Дар ҳудуди Оқсой ҳамон рӯз баъди нимарӯз телефони ҳамроҳи Нурматова 3 маротиба ва фардояш як бори дигар занг зада, баъд хомӯш шудааст. Мо суратҳои ӯро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ часпонида, ба воситаи телевизиону радиоҳои маҳаллӣ борҳо эълон додем, ҳама бемористонҳоро дидем, бо ронандагони таксиву дигар нақлиёт кор бурда истодаем. Ҳоло дигар маълумоте ба даст наовардем.”

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ғафуров, ки бозори “Атуш” дар ҳудуди он ҷойгир аст, мегӯяд, вале ҷустуҷӯи Сорохон Нурматоваро ҳамроҳи ҳамтоёни қирғизи худ идома медиҳанд.

Тайи солҳои охир ин барои бори аввал аст, ки мақомот аз гум шудани асроромези як зани қирғиз дар роҳи бозгашт аз бозори Хуҷанд иттилоъ медиҳанд. Пайвандони хонум Нурматова ба фарҷоми бади вай бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, ки вай зинда аст ва умедворанд пайдо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG