Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. "Кубинетс" аз Фидел Кастро кӯмак хост


Ҷумъахон Назриев, ки дар озодсозии Куба саҳм гузоштааст.
Ҷумъахон Назриев, ки дар озодсозии Куба саҳм гузоштааст.

Ҷумъахон Назриев, сокини шаҳри Кӯлоб ба Раул Кастро, раҳбари ҷумҳурии сотсиалистии Куба мактуб ирсол карда, имтиёз дархост намудааст.

Ҷумъахон Назриеви 75-сола, ки худро дар «озодсозии Куба аз Амрико» дар 52 соли пеш саҳмдор медонад, мехоҳад, ин кишвар ба ӯ имтиёз диҳад.

Ӯ ҳамчун сарбози шӯравӣ 4 сол (1961-1965) дар хоки Куба ба сар бурдааст ва аз як сарбози одӣ, то тарҷумони ҳарбӣ дар ин кишвар фаъолият кардааст. Ҷумъахон Назриев мегӯяд, тариқи интернет ба ҳукумати ин кишвар моҳе боз мактуб фиристодааст, аммо то ҳол ҳеҷ посухе нагирифтааст. Мактубро бо забони испонӣ навиштааст, ки ҳангоми адои хидматаш омӯхтааст.

Назриев дар мактубаш гуфтааст, дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанги Афғонистон имтиёз додаанд, аммо ӯ ҳамчун иштирокчии «озодсозии Куба» ҳеҷ имтиёзе надорад: «Мо барои барқарор кардани сохти советӣ дар Куба сахт азоб кашидем. Ҳоло ман нафақаи ночиз мегирам ва ҳамин қадар, ки даводав кардам, ҳеҷ кас парво накард. Дар ҳукумати шаҳр мегӯянд, аз хизмати ту ба Куба ба мо ҳеҷ фоидае нарасидааст. Аз ин рӯ, рафта аз Куба кӯмак пурс.»

Ин мард илова намуд, ки воқеан, онҳоро ба Куба ҳукумати шӯравӣ фиристода буд. Ҳукумате, ки дигар вуҷуд надорад, вале ҳукумати бунёдсохтаи Шӯравӣ, дар Куба ҳамчунон боқист.

Ҷумъахон Назриев нақл кард, ки «генерал Тагмачов пас аз ду соли хизмат маро ба курси забономӯзӣ фиристод ва ман забони испанӣ ва итолиёвиро омӯхтам. Боре ҳатто сӯҳбати Тагмачовро бо Раул Кастро ҳам тарҷума кардам. Тагмачов командири яке аз полкҳои Шӯравӣ буд. Ман як фармони шӯравиро ба Раул Кастро, ки мехост, ба Куба аслиҳа диҳад? тарҷума карда будам. Тагмачов ба Раул гуфта буд, ки парво накунед, натарсед, сарбозони бештар ва танку БТР меояд. Дигар ман ба сарбозони Куба, ки аз афсарони рус омӯзиш медиданд, тарҷума мекардам».

Назриев ҳанӯз ҳам фармонҳои афсарони Кубаро дар ёд дорад ва ин калимаҳоро ҳамчун низомӣ такрор мекунад. Ҳоло ӯ 194 сомонӣ нафақа мегирад ва дар ошхонае ҳамчун посбон кор мекунад. Аммо дар ҳукумати Кӯлоб мегӯянд, аз ин мард то кунун ҳеҷ муроҷиате нагирифтаанд. Ҳанифа, ошпази ошхонаи «Ҳоҷиён», ки Ҷумъахон дар он ҷо кор мекунад, мегӯяд, зиндагии ӯ хеле сахт аст: «Шикастҳои зиёд ба фикрам дар зиндагиаш дидааст. Ҳатто хона ҳам надорад ва ҷои хобаш ҳамин ошхона ҳаст. Лекин хеле марди ростгӯву меҳнатдӯст аст. Чанд сол боз дар ин ҷо ҳама чиро ба ӯ бовар кардааем.»

Ин мӯйсафед, ки шиносҳояш дар Кӯлоб ӯро «кубинетс» ном мебаранд, ҳоло интизори посухи мактубаш ҳаст ва умед дорад, ки бо хондани мактуб ҳатман ба ӯ кӯмак мерасонанд. Айни ҳол ин иштирокчии «озодсозии Куба» дар солҳои 50-уми асри гузашта ҳеҷ имтиёзе надорад.
XS
SM
MD
LG