Иддае аз ин занон рӯзи 11-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳар субҳ, қабл аз он ки шаҳр бедор шавад, онҳо ба пок кардани кӯчаву хиёбонҳо машғуланд, аммо ба ин душворӣ нигоҳ накарда, маоши моҳонаи худро, ки он ҳам ночиз аст, дарёфт намекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳар субҳ ноилоҷ ва ба умеди он ки мақомот заҳмати онҳоро ба назар гирифта ва дар ин рӯзҳои сард, маоши онҳоро хоҳад дод, ба кор меоянд.
Раҳмон Одинаев, сардори шӯъбаи хазинадории молиёти шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки воқеан барои кормандони комуналӣ тибқа шартнома ҳар моҳ 60 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд ва онҳо танҳо барои моҳи декабр аз ин идора қарздоранд. Вале то 15 феврал онҳо ният доранд бақияи пули мондаро ба суратҳисоби ин идора гузаронанд. Раҳмон Одинаев гуфт, мақомоти шаҳри Кӯлоб бо идораи коммуналӣ имсол шартнома набастаанд ва аз ин рӯ, барои ду моҳи имсола худро қарздор намеҳисобанд. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб идораи худмаблағгузор аст ва онҳо мебояд барои пардохти ҳаққи хизмати кормандонашон аз дигар сарчашмаҳо истифода намуда, музди меҳнати кормандонашонро таъмин намоянд.
Абдулло Намозов, ҷонишини сардори идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ барои моҳҳои декабр, январ ва ҳамакнун барои моҳи феврал онҳо аз маоши 154 корманди худ қарздоранд. Намозов гуфт, музди меҳнати кӯчарубон барои як моҳ 340 сомониро ташкил мекунад ва маблағҳое, ки аз дигар сарчашмаҳо ворид мешаванд, барои харидории таҷҳизот ва масолеҳи корӣ харҷ шудаанд ва агар шӯъбаи молиёти шаҳр маблағи хизмати онҳоро пардохт накунад, пас дар пардохти музди кормандон онҳо танқисӣ мекашанд.
Намозов гуфт, идораи онҳо аз мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб барои тамиз кардани 22 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр пул мегиранд.
Ба иттилои як манбаи дигар, айни замон тибқи як мактуби мақомоти шаҳри Кӯлоб аз идораҳои соҳаи коммуналӣ дархост шудааст, ки 30 дарсади кормандонашро кам кунад. Ин манбаъ иброз дошт, ки идораи хоҷагии коммуналии шаҳри Кӯлоб двар посух худ гуфтааст, дар чунин сурат онҳо маҷбур мешаванд ба далели камбуди коргар аз поккории 9 кӯча даст бикашанд.
Қадамшоҳ Зарифов, масъули бахши коммуналии ҳукумати шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки ҳоло шартномаҳои ҳамаи идораҳои коммуналии шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор доранд.
Нигаронии кӯчарӯбҳои шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта шаҳрдори Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба ҳар яке аз занҳои кӯчарӯб, ки чанд рӯзи охир дар ҳавои сард ба тоза кардани хиёбонҳои шаҳр машғул буданд, ба маблағи 1000 сомонӣ ҳадя кард. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳри Душанбе рӯзи 4-уми феврал ба Озодӣ гуфт, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ин кӯмакҳоро «ҷавобан ба заҳматҳои ду шабонарӯзи гузашта ба занҳои кӯчарӯб» унвон кард.
Занҳои кӯчарӯб дар Кӯлоб мегӯянд, ки албатта, ҳаваси ҳампешагони худ дар Душанберо мехӯранд, вале орзуи онҳо ҳатто чунин кумаке, балки танҳо сари вақт додани маоши ҳаққи ҳалоли онҳост. Чизе ки мақомоти шаҳри Кӯлоб ҳатто дар додани он ду моҳ боз таъхир мекунанд.