Бо фаро расидани торикӣ, дар аксари кӯчаҳои марказии шаҳри Кӯлоб одамон камтар рафтуомад мекунанд ва таксиҳои шаҳрӣ мусофиронро ба боғу кӯчаҳои марказӣ мекашонанд. Иллати гаштугузори ками сокинон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, набуди рӯшноӣ гуфта мешавад.
Саёҳат, як сокини шаҳри Кӯлоб замони гаштугузораш дар сӯҳбат ба Радиоӣ Озодӣ гуфт, ки ӯро падару модараш баъди шом ҳамроҳи бародараш ё аъзои дигари хонаводааш иҷозат медиҳанд, ки ба сайри шаҳр барояд. Ин духтари ҷавон афзуд, бештари вақт ҳангоме, ки пиёда аз сайру истироҳат ба хона бармегарданд, аз набуди рӯшноӣ дар хиёбонҳо, ба таҳлука меафтад. Ӯ мегӯяд, ки агар лампаҳои симчӯбҳо дар хиёбонҳо васл шаванд, дигар ҷои тарсу ваҳм боқӣ намемонад.
"Вақте шомгоҳон мешавад, ҳамроҳи бародарам ё якчанд нафар ба сайр мебароем. Азбаски гирду атрофи боғ ва кӯчаи марказӣ равшантар аст, ҳамонҷо меоем ва сайр карда боз ба хона бармегардем. Аммо танҳо омадан дар дили одам каме тарс ворид мешавад, зеро кӯча торик аст",--гуфт мусоҳиби мо.
Баъди фаро расидани шом сокинони кӯчаҳои марказии шаҳр, аз ҷумла Якуми май, Шамсиддин Шоҳин, Сангак Сафаров ва Ҳамадонӣ, аз набуди рӯшанӣ, ё ба сӯи боғ ва ё кӯчаи Исмоилӣ Сомонӣ барои фароғат мераванд.
Аҳмадӣ Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, вақте раиси ҷумҳур ба Кӯлоб сафар карда буд, дар аксари кӯчаҳо чароғҳо насб карданд. Аммо ба гуфтаи вай, баъди рафти раисҷумҳур ва гузашти чанд моҳ, кӯчаҳои аслии шаҳр мисли пештара боз торик гаштанд.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуд ва барои таъмири роҳҳо ва рӯшан гардонидани хиёбонҳои он, аз ҳисоби будҷаи маҳаллӣ, 851 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд.
Ҳамрохон Хамдамов, сардори Идораи таъмири истифодабарии шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ, замони сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб, онҳо аз корхонаи "Сонм-эйр" шаҳри Чкалов 84 қандилҳои каммасраф оварда насб карданд. Ӯ мегӯяд, ҳоло қарор аст, ки баъди омадани роҳсозони чинӣ, боқимондаи кӯчаҳои шаҳр бо лампаҳои равшандиҳӣ, таъмин карда шаванд.
Солҳои гузашта бештари одамон аз набуди маконҳои фароғатӣ, камтар ба шаҳр баромада ва сайру гашт мекарданд. Тайи ду соли ахир барои гузаронидани ҷашну маросимҳо Боғи фарҳангӣ ва кӯчаи марказии шаҳр таъмир карда шуда, сокинон бештар дар шомгоҳон ба сайр мебароянд.