Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Аз варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис медал интизорем"


Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис - баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар – шаш нафар дар риштаи ҷудо, се кас дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таеквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда дохиланд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг) – дар риштаи бокс; Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо дар вазни +67 кило; Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило; ду нафар – Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов - дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук (дав ба масофаи 100 метр) дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис иштирок мекунанд.

Маҳмуд Абдуллоев, коршиноси соҳаи варзиш.
Маҳмуд Абдуллоев, коршиноси соҳаи варзиш.

Бояд гуфт, ки Комроншоҳ Устопириён бори сеюм, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Баҳодур Усмонов бори дуюм дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Коршиноси соҳа Маҳмуд Абдуллоев рӯзи 12-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис дар ду ришта – бокс ва ҷудо - медал чашмдор аст.

Ӯ афзуд, "одатан дар Бозиҳои олимпӣ он варзишгароне медал мегиранд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон пеш аз Олимпиада ҷоизадор шудаанд. Бинобар ин, муштзан Баҳодур Усмонов ва ҷудокор Сомон Маҳмадбеков, ки имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон медали биринҷӣ ба даст оварданд, дар Олимпиадаи навбатӣ имкони гирифтани медалро доранд. Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик Расул Боқиев, Юсуф Абдусаломов, Мавзуна Чориева ва Дилшод Назаров, ки пеш аз Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ҷоизадор шуда буданд, ба гирифтани медали олимпӣ мушарраф гаштанд"

ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Ягона медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба гурзандоз Дилшод Назаров марбут аст. Ӯ соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.

Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ.
Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ.

Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило сазовори медали нуқра гаштааст.

Дар Олимпаиадаи Пекин Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило бо нишон биринҷӣ мукофотонида шуд, ки ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи бокс миёни занон дар вазни то 60 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.​

Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор дар риштаи ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду дар шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) ноком шуда, бе медал монданд.

ПОРИС БОРИ СЕВУМ МИЗБОНИ ОЛИМПИДА МЕШАВАД

Пойтахти Фаронса дар иҷлосияи 131-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар Лима (Перу) 13-уми сентябри соли 2017 ба ҳаққи баргузории Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ мушарраф шудааст.

Порис, ки қаблан солҳои 1900 ва 1924 мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шуда буд, пас аз Лондон дувумин шаҳрест, ки се маротиба Олимпиадаи тобистонаро баргузор хоҳад кард. Дар пойтахти Англия солҳои 1908, 1948 ва 2012 Бозиҳои тобистонаи олимпӣ доир шуда буданд.

Умуман, барои Фаронса ин шашумин Олимпиада аст, ки мизбон мешавад. Дар ин кишвари аврупоӣ, инчунин, се маротиба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор шудааст: Шамонӣ-1924, Гренобл-1968, Албертвил-1992.

Дар Олимпиадаи Порис-2024 иштироки 10500 варзишгар аз 206 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Медалҳои олимпӣ ва паралимпии Порис-2024 як пораи махсуси металл доранд, ки як замон қисми бурҷи Эйфел буд. Чӯяни бурҷи Эйфел соли 1889 ҳангоми азнавсозӣ гирифта ва нигоҳ дошта мешуд, ки акнун як қисми медалҳои олимпӣ аст.

Барои Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Порис-2024 ҳамагӣ 5084 медал тайёр кардаанд, ки қутраш 85 мм, ғафсиаш 9,2 мм буда, дар ҳар медал 18 грамм оҳан аз бурҷи Эйфел истифода шудааст.

Вазни медали тилло 529 грамм, нишони нуқра 525 грамм ва медали биринҷӣ 455 грамм мебошад. Медалҳои тилло аз нуқра ва 1,13 дар сад тилло, медалҳои нуқра аз сад дар сад нуқра ва медалҳои биринҷӣ аз мис, руҳ ва қалъагӣ сохта шудаанд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис, ки 26-уми июл баргузор мешавад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Парижро дар бар мегирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG