Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота аз мақомоти Афғонистон тақозо кардааст, ки задухӯрди шаби 2-юми декабр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ)-ро ҷиддан таҳқиқ кунанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст.
Мақомот гуфтанд, ки ин задухӯрд дар пайи вуруди 12 қочоқбари афғон ба хоки Тоҷикистон сар зада, дар натиҷаи он полковник Хайриддин Аҳтамов, сардори як қисми марзбонӣ кушта шудааст. Дар ин ҳодиса чаҳор сарҳадбони дигари тоҷик захмӣ гардида, дар бемористон бистарианд.
Нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба ҷониби Афғонистон супурда шуд. Дар ин ёддошт изҳори умед шудааст, мақомоти Афғонистон омилони ин задухӯрдро, ки ба он сӯи Ому фирор кардаанд, боздошт карда, бо ҷиддӣ гирифтани назорати марз аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ менамоянд.
Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, "санаи 2-юми декабри соли 2017, соати 19:00, дар мавзеи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дувоздаҳ (12) қочоқбари мусаллаҳ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. Дар қисмати ин ҷониб, назди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд."
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ рӯзи 3-юми декабр бо нашри изҳорот гуфт, "марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, сардори отряди сарҳадии "Шӯрообод" полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок гардид. Чаҳор сарҳадбон захмӣ шуданд."
Мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ мегӯянд, дар ин ҳодиса се қочоқбари афғон "безарар гардонда шуд". "Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷойи ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира гардид. Аз тарафи нирӯҳои иловагии кумакрасон, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба қочоқчиёни боқимонда идома дорад", - гуфта шудааст дар изҳороти КДАМ.
Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки як марзбони маҷруҳ ба бемористони ноҳияи Восеъ ва се нафари дигар ба бемористони ҷамоати Саричашма бурда шудаанд. Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳамдеҳагони полковник Хайриддин Аҳтамов аз ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади ӯ субҳи якшанбе ба хонаводааш дастрас шудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз ба қайд гирифта мешавад.