Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҳукми омилони занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованское дар Маскавро “як қарори деринтизор” номид.
Бовар дорам, ки чунин ҳодисаҳо, яъне рекет нисбати муҳоҷирон сирф мушкили муҳоҷирони тоҷик нест. Мисле, ки дар давлатҳои дигари дунё ҳаст, дар Русия, ки макони кору зиндагии 15 миллион муҳоҷири хориҷӣ мебошад, чунин ҳодисаҳо вуҷуд дорад
Дар як изҳороташ соли 2016 Сатторов гуфта буд, ки поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон як сабаби аслии сар задани моҷаро шудааст. Он замон, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, се шаҳрванди ин кишвар кушта шуда, 20 нафар ҷароҳат бардоштанд. Полис тахминан 110 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард, вале баъди дахолати сафорат ва ниҳодҳои дигар, аксари онҳо раҳо шуданд.
Моҷарои Хованское дар давоми ду соли охир яке аз пурбаҳстарин ҳодисаҳо бо ширкати муҳоҷирон буд, ки дар матбуоти Русия ва Тоҷикистон пӯшиш ёфтааст. Ҷараёни мурофиаҳои додгоҳиро на танҳо мақомоти баландпоя дар ин ду кишвар, балки даҳҳо хешовандони муҳоҷирони ҷабрдида ҳам пайгирӣ мекарданд.
"Рекет нисбати муҳоҷирон танҳо мушкили тоҷикон нест"
Имомиддин Сатторов рӯзи 14 ноябр баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Маскав гуфт, ки дипломатҳои тоҷик ҷараёни додгоҳро аз наздик пайгирӣ мекарданд, чун, ба гуфтаи ӯ, “гунаҳкорони воқеии қабристони Хован бояд ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд. Мо интизори ин ҳукм будем ва ҳукм бояд мунсифона содир мешуд”, гуфт Сатторов. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло “касе, ки гунаҳкор буд, ҷазои сазовори худро гирифт”.
Додгоҳ ва ҳам тафтишоти додситонӣ маълум кардааст, ки ихтилофи аслии миёни ду гурӯҳ – кордиҳандагону нозирони қабристон ва муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон бар сари ҳақталабии гурӯҳи аввал буд. Тавре матбуот бо такя ба маълумоти тафтишот навишт, гурӯҳи аввал аз муҳоҷирони корӣ талаб мекард, ки 50 то 90 дарсади даромади худро аз кор дар қабристон ба онҳо пардохт кунанд ва эътирози тоҷикон сабаби бурузи моҷаро шуд.
Ҳодисаҳои мисли ин дар Русия, ки макони кору даромади миллионҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошад, кам нест. Қазияи Хованское шояд яке аз ин ҳодисаҳост, ки ба матбуот роҳ ёфт ва то додгоҳ рафт. Сафири Тоҷикистон дар Маскав ба саволи ин ки то куҷо мешавад дар оянда пеши роҳи чунин ҳодисаҳоро гирифт ва нагузошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дучори беҳуқуқӣ шаванд, гуфт:
“Бовар дорам, ки чунин ҳодисаҳо, яъне рекет нисбати муҳоҷирон сирф мушкили муҳоҷирони тоҷик нест. Мисле, ки дар давлатҳои дигари дунё ҳаст, дар Русия, ки макони кору зиндагии 15 миллион муҳоҷири хориҷӣ мебошад, чунин ҳодисаҳо вуҷуд дорад. Вале муҳимтар аз ҳама ин аст, ки тадриҷан ҷараёни муҳоҷирати кории хориҷиҳо ба як тартиби муайян ворид мешавад ва мақомоти Русия ҳам талош мекунанд қонунҳое қабул кунанд, ки муҳоҷирони корӣ зери таъсир ё фишор гурӯҳҳои ҷиноӣ набошанд.
Ба ҳамин хотир, мо ҳамеша аз ҳамватанонамон дархост мекунем, ки пеш аз омадан ба ин кишвар, забонро омӯзанд, соҳиби ихтисос шаванд, фарҳангу қонунҳои ин кишварро омӯзанд ва вақти қабул шудан ба кор шартнома имзо кунанд. Бояд тамоми кори онҳо дар чаҳорчӯби қонун сурат гирад. Бояд гуфт, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки ҳоло меоянд, дигар он муҳоҷирони пешина нестанд. Онҳо дигар шудаанд, бисёрашон ихтисос доранд, ҳақу ҳуқуқи худро мешиносанд”.
11 соли зиндон ба Чабуев
Додгоҳи шаҳри Маскав дар ҳукми рӯзи 14 ноябри худ раиси собиқи як шӯъбаи корхонаи “Ритуал” Александр Чабуевро барои ташкили занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованское баҳори соли 2016 ба 11 соли зиндон маҳкум кард.
Дар ҳукми додгоҳи мунсифаи Маскав гуфта мешавад, ки «бо маҷмӯи ҳамаи ҷиноятҳо, баъди коҳиши як бахши иттиҳом, ба Александр Чабуев мӯҳлати 11 соли зиндони низомаш сангин муқаррар шавад”.
Ташкилкунандаи дигари ин занонзанӣ – ҳаммуассиси ташкилоти варзишии «Здорова нация" Александр Бочарников ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст. Матбуот аз қавли вакилони дифои маҳкумшудаҳо навишт, ки ин ҳукмро "ғайриқонунӣ" арзёбӣ мекунанд ва аз болои он шикоят хоҳанд кард.
Хабаргузории Интерфакс менависад, додгоҳ ва тафтишот муайян кардаанд, ки Чабуев ва Бочарников бо кӯмаки клуби варзишии "Здоровая нация" бетартибиҳои оммавиро ташкил карда, мехостанд муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ҳудуди кабристон берун кунанд. Аз баёноти шоҳидон бармеояд, ки маъмурияти қабристон аз муҳоҷирон талаб мекарданд, ки 50 то 90 дарсади даромадҳои худро ба онҳо бидиҳанд.
Додситонии кулли Русия: дар маҷмӯъ 16 нафар маҳкум шуданд
Дар як изҳороти додситонии кулли Русия, ки 14 ноябр дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ аз рӯи ин парванда 16 нафар маҳкум шуданд ва ҳамаи онҳо аз 24 то 44-сола мебошанд. Дар миёни маҳкумшудаҳо сокинони вилояти Маскав ва Ҷумҳурии Чеченистон мебошанд. Инҳо: Юрий Чабуев, Александр Бочарников, Рашид Бисултанов, Элбек Вадуев, Маирбек Вадуев, Сергей Козлов, Владимир Колесников, Александр Мережк, Никита Мошенко, Борис Рудаков, Вячеслав Серов, Артура Ҳоҷихонов, Зелимхон Ҳамзатхонов, Сергея Улихин, Лечи Яҳёев ва Элисхон Яҳёев.
Аз миёни маҳкумшудаҳо, се нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла Элбек Вадуев ба 11,5 соли ҳабс маҳкум шуданд. Валуев дар он муттаҳам шуд, ки савори мошини "ВАЗ" ва бо истифода аз зӯр ду ҷабрдидаро пахш кард ва дар натиҷа онҳо ҷон доданд. Дигар маҳкумшудаҳо ба мӯҳлати 3,5 то 5,5 соли зиндон ҳабс шуданд.
Назорат аз қабристон ба занозанӣ печид
Клуби варзишии "Здоровая нация"-ро дар матбуот ҳамчун шӯъбаи ҷавонони ташкилоти ҷамъиятии ветеранҳои "Боевое братство" муаррифӣ мекунанд. Дар ҷараёни тафтишот аъзои ин клуб, ки таҳти бозҷӯӣ қарор доштанд, гуфтаанд, ки аъзои ин созмон бо дархости Чабуев ва дар «чаҳорчӯби назорати ҷамъиятӣ» масъулияти назорат аз қабристони Хованскоеро ба ӯҳда доштанд.
Яке аз иштирокчиёни занозанӣ Сергей Улихин пурра ба гуноҳаш иқрор шуда, зидди дигар гумонбарон баёнот дод. Боз як нафар – Владимир Колесников ҳам ба гунаҳаш қисман иқрор шудааст.
Дар нисбати дигар ширкатдорони бетартибиҳои оммавӣ, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, таҳқиқи ҷудогона сурат мегирад. Дар ин бора қаблан Кумитаи тафтишоти Русия хабар дода буд.
Се кушта ва 30 маҷрӯҳ
14 маи соли 2016 дар назди даромадгоҳи марказии қабристони Хованское як занозании гурӯҳӣ сар зад, ки дар ҷараёни он аз силоҳи оташфишон ҳам истифода шуд. Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин занозанӣ тахминан 200 нафар, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон ва ҳам сокинони Қафқози Шимолӣ иштирок кардаанд. Дар натиҷаи ин моҷаро се нафар кушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ғайр аз ин, дар ин ҳодиса чанд нафаре, ки ба зиёрати қабри наздиконашон рафта буданд, осеб диданд. Аз ҷумла, ба як ҷуфти солхӯрдае ҳамла карданд, ки барои зиёрати қабри писарашон рафта буданд. Ҳамлагарон мехостанд мошини ин ҷуфти кӯҳансолро гирифта аз ҷои ҳодиса фирор кунанд.
Ҳукми панҷ тоҷики коргари собиқи Хованское
Декабри соли 2017 додгоҳи Шербинскии шаҳри Маскав панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро барои ширкат дар занозанӣ сесолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамаи онҳо бо назардошти мӯҳлати дар ҳабс нигаҳдорӣ шуданашон моҳи августи соли ҷорӣ ба озодӣ баромаданд.
Хабаргузории РИА Новости он замон аз қавли мақомоти додгоҳ навишт, ин афрод ба авбошӣ айбдор шуданд. Аммо иттиҳоми “барқасдона хароб кардани молу мулки ғайр” ва “авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ” аз парвандаи онҳо соқит шуд.
Ҳоҷиқурбон Бӯриев, Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Шоймардон Аҳмадов ва Раҳмиддин Садриддинов баҳори соли гузашта дар ҷараёни занозанӣ дар қабристони Хованское боздошт шуданд.
Қаблан Сироятулло Юнусов, бародари Диловар Юнусов, яке аз панҷ муттаҳамон, он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "гунаҳкорони асосӣ аз тӯри тафтишот берун монданд. Ҳоло нафароне боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки дар ин занозанӣ даст надоранд."
"Ҳадаф талаби ҳақ аз тоҷикон буд"
Рӯзи 14-уми майи соли 2016 як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳақ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон - Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола - кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд. Аммо Вазорати умури хориҷии Русия теъдоди захмиҳо дар ин занозаниро 23 нафар ҳисоб карда буд.