Кумиссиюни муштараки таҳқиқи нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ дар назар дорад, пас аз сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон дар авоили моҳи октябр ба кори худ идома диҳад.
Улфатхонум Маҳмадшоева, узви Кумиссиюни муштараки таҳқиқи нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ рӯзи 25 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт,ки феълан бо дарназардошти сафари қарибулвуқӯи президент ба Бадахшон ҳайати кумиссиюни мақомоти давлатӣ, махсусан раиси кумиссиюн - ёвари президент оид ба масоили дифоъ ва амният Шералӣ Хайруллоев масруф мебошанд.
Вай мегӯяд, ҳайати Кумиссиюни таҳқиқи ҳодисаи нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ корҳои асосиро анҷом додааст ва танҳо ду масъала боқӣ мондааст, ки яке анҷом додани ру ба рукунии ширкатдорони ҳодиса бо шоҳидон аст ва дуввум - эълони айбнома ба афроде, ки дар ин нооромиҳое, ки боиси марги одамон шуд, даст доштаанд.
Улфатхонум Маҳмадшоева, узви кумиссиюн зикр кард, ки онҳо умедворанд,ки Кумиссиюни муштарак таҳқиқи ҳодисаи мазкурро мунсифона баррасӣ карда, натиҷаи онро дар матбуот нашр хоҳад кард. Ҳарчанд, ба қавли ӯ , қарор буд, ки натиҷаи кори кумиссиюни муштарак рӯзи 23 сентябр нашр мешуд. Кори ин кумиссиюн аз даҳаи сеюми моҳи август ба далели масруфияти раисаш Шералӣ Хайруллоев ба корҳои омодагӣ ба нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай мутаваққиф шуда буд. Ин нишаст рӯзи 12 сентябр дар Душанбе доир шуд.
Ҳамин тавр, дар назар аст, дар даҳаи аввали моҳи октябр президент Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Бадахшон сафар кунад.
Кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ бо намояндагии баробари ҷониби ҳукумат ва ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон рӯзи 31 май дар натиҷаи чанд рӯзи музокироти мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷиикистон бо намояндагони эътирозгарони Хоруғ таъсис ёфт. Таъсиси ин кумиссиюни аз ҷумлаи талабҳои умдаи эътирозгароне буд, ки чанд рӯз дар маркази Бадахшон гирдиҳамоӣ карданд. Дар ин се моҳе ки аз он нооромиҳо мегузарад, раиси раёсати умури дохилаи ҳам вилояти Бадахшон ва ҳам шаҳри Хоруғ ва ҳамин тавр, раҳбари идораи амнияти ин вилоятро иваз карданд.
Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.
Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтдавлат Бахтдавлатовро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд.
Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.
Бино ба охирин хабарҳои расида аз Хоруғ, ҳоло биноҳои дар моҳи май сӯхтаи пулису додситонӣ дар шаҳри Хоруғро пурра тармим кардаанд.
Маркази вилояти Бадахшон, ҳамин тавр, дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли раиси вақти идораи амнияти вилоят Абдулло Назаров шоҳиди амалиёти низомие шуд, ки нирӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар ин минтақа ба роҳ андохтанд. Дар тобистони соли 2012 дар Хоруғ, бино ба ҳисобҳо, аз ҳарду тараф зери 70 нафар, бо шумули Имумназар Имумназаров, яке аз 4 фармондеҳи гурӯҳҳои Хоруғ, кушта шуданд.