Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ: аз беруншавии нирӯҳо то омодагиҳо ба ҷашни 80-солагӣ


Дар шароити беруншавии нирӯҳо аз Хоруғ, мақомот ба сафари президент омодагӣ мебинанд

Иддае аз сокинони ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон мегӯянд, ки субҳи имрӯз ду автомашинаи КАМАЗ-ро дидаанд, ки “пур аз низомӣ” сӯйи шаҳри Хоруғ ҳаракат кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар мулоқот бо аъзои ситоди доимоамалкунанда роҷеъ ба иҷрои созишномаи ба эътидол овардани авзоъ дар Хоруғ таъкид кард, ки ҳазор тан аз низомиён аз маркази вилояти Бадахшон хориҷ ва ба қисмҳои ҳарбӣ баргаштанд.

Манобеъи раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон хабари вуруди нерӯи нав ба вилоятро рад карданд, аммо гуфтанд, ки қисме аз сарбозону афсарони зертобеи Вазорати дохила, ба хусус аъзои гурӯҳи ОМОН, ҳамтоёнашонро дар шаҳри Хоруғ “иваз карданд”.

Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, айни замон, дар робита ба сафари ду мошини низомӣ, ки дар он сарбозону афсарон будаанд ва аз Рӯшон ба Хоруғ ҳаракат мекарданд, изҳори беэътилоӣ карданд.

Ҳукумат гуфтааст, ки бар пояи созиши миёни сохторҳои қудратӣ ва сокинони Хоруғ, қарор аст дар ин шарҳ 150 тан аз нерӯҳои марбут ба Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумлаи гурӯҳи ОМОН (гурӯҳи таъиноти махсус) боқӣ монад.
Манобеъи раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон мегӯянд, низомиёне, ки тоза вориди Хоруғ шуданд, “ҳамтояшонро иваз кардаанд”.

Сокинон ноҳияи Рӯшон ҳамчунин таъйид карданд, ки “воқеъан ду автомашинаи афсарону сарбозонро диданд, ки ба Душанбе бармегаштанд”.

Бо он ки ба таъкиди мақомот раванди берун шудани неруҳои низомӣ аз Бадахшон ҷараён дорад ва интизор меравад, дар таърихи 5 сентябр анҷом бигирад, иддае аз сокинони маҳаллаҳои Теми Хоруғ ва Поршиневи Шуғнон аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки ба якборагӣ шумори низомиён дар қароргоҳи марзбонии воқеъ дар мавзеъи Шитошош - майдони тамринҳои низомӣ афзоиш ёфтаааст.
Онҳо дар ташвишанд, ки фармондеҳӣ ба ҷойи ихроҷ танҳо ҷойи баъзе аз низомиёнро иваз кардааст.


Афзун бар ин, бархе аз сокинони маҳаллаи назди воҳиди низомии вазорати дифоъ дар Хоруғ аз ҳузури низомиёни мусаллаҳ дар гирду атрофи манзилашон шикоят доранд. Онҳо, ки ба раёсати корҳои дохилӣ ва шаҳрдории Хоруғ дар ин замина шикоят бурдаанд, мегӯянд, вуҷуди ин нерӯҳо фазои “тарсу ҳаросро” эҷод мекунад.

Аммо шаҳрдори Хоруғ гуфтааст, ки мавзӯи берун кардани ин нерӯҳоро аз шаҳр бо мақомоти сохторҳои қудратӣ, ба хусус Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ дар миён хоҳад гузошт.


Берун кардани неруҳои давлатӣ аз шаҳр ва атрофи Хоруғ дар пайи имзои созишнома миёни раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва вакилони маҷлиси шаҳр ва намояндагони тазоҳуркунандагон ба даст омадааст.
Дар ҳамин шароит мақомот мегӯянд, ки ба таҷлили 80-солагии шаҳри Хоруғ, ки қарор аст дар нимаи дуввуми моҳи сентябр ҷашн гирифта шавад, омодагӣ мебинанд.


Ба ин муносибат дар ҳамаи сохтмонҳои шаҳр, аз ҷумла, Кохи варзишӣ, хобгоҳи литсейи президентӣ ва донишгоҳ корҳо оғоз гардидааст. Интизор меравад, дар ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат кунад.


Қаблан эълом шуда буд, ки ин ҷашн дар охири моҳи август баргузор мешавад, Аммо баъдан таҷлили он ба таърихи 6 ва 7 сентябр гузаронида шуд.
Аммо ахиран Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ гуфтааст, ки барои баргузории ин ҷашн омодагии комил бояд гирифт ва онро дар нимаи дуввуми моҳи сентябр баргузор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG