24 апрели соли 1990 дар ҶШС Қазоқистон аввалин мансаби президентӣ таъсис ёфт. Шӯрои Олии Қазоқистон ба ин мансаб Нурсултон Назарбоевро интихоб кард, ки он вақт роҳбарии Кумитаи комунситии ин кишварро бар дӯш дошт. Аз он ҳангом то ба ҳол Назарбоев наздики чоряк аср роҳбари Қазоқистон аст.
24 соли президентӣ

1
24 апрели соли 1990 Шӯрои олии Қазоқистон қонун дар бораи таъсиси мансаби президентиро қабул кард. Дар ин рӯз Шӯрои олӣ ба мансаби олии кишвар Нурсултон Назарбоеви 49-соларо интихоб кард. Дар акс Нурсултон Назарбоев (аз чап) ҳангоми нишасти матбуотии ҳайати Қазоқистон дар Маскав соли 1981.

2
Ба вазифаи котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби комунситии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 22 июни соли 1989 таъин шуда буд.
Дар акс: Президенти СССР ва котиби генералии Кумитаи марказии ҳизби комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев (аз чап) ва президенти ҶШС Қазоқистон котиби якуми Ҳизби комунистии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Москав, 25 сентябри соли 1990.

3
1 декабри соли 1991 дар аввалин интихоботи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ғолиб омад.

4
Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ дар аввалин интихоботи президентӣ 88,2 дарсади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй ширкат кардаанд, ки 98,7 дарсадашон ба ҷонибдории Назарбоев овоз додаанд. Аз ин лазҳза инҷониб муддати 24 сол Назарбоев роҳбари Қазоқистон аст.
Дар акс. Нурсултон Назарбоев ҳангоми маросими қасамёдкунӣ баъд аз интихобот. Алмаато, декабри соли 1991.
Дар акс. Нурсултон Назарбоев ҳангоми маросими қасамёдкунӣ баъд аз интихобот. Алмаато, декабри соли 1991.