Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи сиёсии Қазоқистон ба таъхир афтод? Вокунишҳо аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоев
Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоев

Дар як шабонарӯзи гузашта (19-20-уми март) ҳама чашмҳо ба сӯи Қазоқистон дӯхта шуд. Бо изҳороти деринтизор, вале ногаҳонии Нурсултон Назарбоев дар бораи тарки мақоми президентӣ, дар фазои сиёсии ин кишвар гӯё бӯи наврӯзи воқеӣ омад.

Ҳама тағйироту истеъфо дар Қазоқистон интиқоли қудрат мебошад. Ин аз қабл тарҳрезишуда буд

Қарори президенти 78-сола, ки давоми 30 сол ҳукумати ин кишвари ғанӣ аз нафтро дар дасти худ нигаҳ медошт, интизориҳо аз расидани наврӯзи воқеӣ дар фазои сиёсии ин кишварро бештар кард. Вале рӯзи дигар, баъди савганди президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев, ки бояд то интихоботи баъдӣ ин кишварро идора кунад, хабарҳо аз интихоби Дариға Назарбоева ба мақоми дуюми ҳукумат дар Қазоқистон - бисёриҳоро ноумед кард. Назарбоеваи 55-сола бо собиқаи корӣ дар ҳукумат ва Сенат, ҳамакнун як намояндаи баландпояи клани Назарбоевҳо дар ҳукумати марказӣ шуд.

Онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳаввулоти Қазоқистонро назорат мекунанд, гуфтанд, таваҷҷӯҳ ба ин кишвар пеш аз ҳама ба хотири шарики муҳими кишвар ва дар чашми Душанбе як "модел" ё намунаи ибрат будани Остона мавриди кашида шуд.

Вокунишҳоро дар ин навори видео бубинед:

Назарҳо аз Тоҷикистон ба таҳаввулоти Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва як фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, эҳсосоти мусбати як рӯз пеши ӯ бо хабарҳои рӯзи баъдӣ аз байн рафт:

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

"Вақте хабари истеъфои Нурсултон Назарбоевро шунидем, хеле хурсанд шудем. Аммо истеъфои воқеӣ истеъфои Елтсин (президенти нахустини Русия, 1991-1999) буд. Вақте бо истеъфои Назарбоев муқоиса мекунӣ, фарқ аз замин то осмон аст. Истеъфои Назарбоев истеъфо набуд, ин як навъ тамдиди ҳокимияташ ба солҳои дароз будааст. Афсӯс. Ҳарчанд, Назарбоев бо истеъфои воқеияш метавонист номашро дар таърих ҳифз кунад. Дуруст аст, ки сокинони кишвараш маоши хуб доштанду иқтисоди кишвараш пешрафта буд ва дар сиёсат Қазоқистон мустақил буд, на мутеи Амрико ва на Русия. Вале таъйин ё интихоби духтараш ба вазифаи раиси Сенат ба обрӯи Нурсултон Назарбоев зарба зад."

Бо раҳбари Сенат шудани Дариға Назарбоева, ба бовари бисёриҳо, стратегияи ҳифзи манфиатҳои оилавӣ ва авлодии Назарбоевҳо дар қудрат тасдиқ шуд. Ва ин омил, ба бовари бисёриҳо, интизорӣ аз ислоҳоти воқеии сиёсӣ дар Қазоқистонро боз ҳам ба мӯҳлатҳои дур ва номуайян пас партофт.

Сиёсати хориҷии Қазоқистон тағйир намеёбад

Гулҷаҳон Бобосодиқова
Гулҷаҳон Бобосодиқова

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ки дар замони Шӯравии собиқ ба ҳайси котиби ҳизби коммунисти Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ гуфт, "ҳар касе ба қудрат мерасад, муҳим аст, ки ба муносибатҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъсири бад нарасонад ва ин робитаҳо мисли пештара хуб монад".

Вале дипломати собиқадор Талбак Назаров бовар дорад, ки бо нав шудани раҳбар, "сиёсати хориҷии Қазоқистон тағйир намеёбад". Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми март гуфт:

Талбак Назаров
Талбак Назаров

"Ҳеҷ дигаргуние намешавад, зеро роҳбари нави Қазоқистон худ шогирди Нурсултон Назарбоев мебошад. Тоқаев бо Назарбоев якҷо кор кардаанд. Онҳо ҳамеша якдигарфаҳмӣ доштанд ва ба ин далел бовар дорам, ҳеч тағйирот дар муносибатҳои мо ва сиёсати хориҷии Қазоқистон намешавад. Бахусус, дар муносибатҳои миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон".

"Ислоҳот не, танҳо интиқоли қудрат аст"

Бархе коршиносон мегӯянд, интизори тағйироти бунёдӣ шудан аз тарки мақом кардани Назарбоев як иштибоҳ буд, зеро раҳбаре, ки давоми 30 сол "як империяи" худро иборат аз қудрату сарват ва манфиат бунёд кард ва дар атрофаш ворис ҳам дорад, ин ҳамаро ба осонӣ аз даст намедиҳад.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов гуфт, ба он чи ки дар Қазоқистон мегузарад, бояд танҳо ба унвони "интиқоли қудрат" баҳо дод. Ӯ гуфт:

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Ин ҳама тағйироту истеъфо дар Қазоқистон интиқоли қудрат мебошад. Ин аз қабл тарҳрезишуда буд. Чунин сурат гирифтани корро аз муддатҳо қабл ҳама интизор буданд. Дар мавриди интихоби Дариға Назарбоева ба вазифаи раиси Сенат гуфтан душвор аст, ки ҳадафи ин амр чӣ буд. Фикр мекунам, оила дар ҳар гуна сурат гирифтани раванди сиёсӣ ва ҷойгузини нави курсии раиси ҷумҳур мехоҳад ояндаи худро ҳифз кунад. Барои оила муҳим аст, ки ояндаи онҳо таъмин бошад. Чунин таҷрибаи интиқоли қудрат дар бештаре аз кишварҳои озмоиш шудааст. Агар соли 2020 Рустами Эмомалӣ довталаби курсии президентӣ дар Тоҷикистон шавад, чунин ҳолат метавонад дар кишвари мо низ такрор шавад."

Ба андешаи як сиёсатмадори тоҷик, аз муддатҳо пеш таҳлилгарон омодагии Назарбоевро барои интиқоли нарми қудрат ба хотири ҳифзи суботу манфиатҳои сиёсӣ пешгӯӣ мекарданд. Масъала танҳо дар он буд, ки кай ва дар чӣ шароити замониву сиёсӣ ин ҳама нақшаҳо эълон ва татбиқ мешаванд.

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ба ҳайси ҳуқуқшинос таҷрибаи кору зиндагӣ дар Қазоқистонро дорад, гуфт: "Чаҳор соли охир Нурсултон Назарбоев барои эълони истеъфояш ҳама заминаро омода кард. Ваколатҳояшро ба ҳокимияти иҷроия дод, ваколатҳои Шӯрои амният, ки раиси он худаш мебошад, то ҳадди имкон васеъ кард, аз соли 2007 пешвои миллати қазоқ мебошад. Аз вазифаи президентӣ рафтанаш барои худаш хубиҳо ҳам дорад. Вай масъулияту ҷавобгарии инфиродиро ба коллегиалӣ ё дастҷамъона табдил дод. Ҳамакнун, ваколатҳои ҳукумат бештар шуда, аз ваколатҳои президенти оянда васеътар мебошанд. Соли 2018 вай ваколатҳои назорат бар ҳукуматро аз раёсати ҷумҳурӣ ба Шӯрои амният интиқол дод."

Нурсултон Назарбоев аз соли 1989, ҳанӯз замони пойбарҷоии шӯравӣ раҳбарии Қазоқистони Советиро ба ӯҳда гирифт ва соли 1991 президенти ҷумҳурии соҳибистиқлол шуд. Ин кишвар, ба хотири захираҳои ғании нафт ва 18 миллион аҳолиаш, аз сарватмандтарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки мардумаш ҳам нисбат ба нуқоти дигари минтақа, даромади баландтар доранд.

Вале тавре коршиносон мегӯянд, чанд ҳодисаи солҳои охир, аз ҷумла, эътирозҳои мардумӣ аз набуди кору даромад, норизоияти модарони коргар аз шароити зиндагӣ дар Остона воқеиятҳои дигари ин кишвари сарватмандро ба намоиш гузошт. Фаъолони ҳуқуқ дар бораи тақсимоти нобаробари дороиҳо, мизони баланди коррупсия дар Қазоқистон, тамаркузи қудрат дар дасти як нафар зиёд интиқод кардаанд.

Вале зоҳиран, бо тарки қудрат кардани Назарбоев ва ҳифзи мақомҳо дар дасти афроди наздик ва мавриди эътимоди худаш, пешгӯиҳои расидани "наврӯзи сиёсӣ" дар таърихи кунунии Қазоқистон амалӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG