Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди муҳоҷирони корӣ дар Русия нархи заҳматашонро "ду баробар боло бурдааст". ВИДЕО


Баъди чанд моҳи "танаффус" кор дар сохтмонҳои Русия оғоз шуд, аммо моликони ширкатҳо мегӯянд, бо камбуди шадиди нерӯи корӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ба гуфтаи онҳо, сокинони Русия ба иҷрои корҳои вазнин омода нестанд. Ҳазорҳо муҳоҷири корӣ баҳори имсол ва дар авҷи бемории коронавирус аз Русия ба хонаҳои худ рафта, ба далели баста будани сарҳад баргашта наметавонанд. Вазорати сохтмон ва хадамоти коммуналии Русия дар оғози ҳафтаи ҷорӣ хоҳони содда ё сабук кардани вуруди муҳоҷирон ба Русия шуд.

Рашид Тушмаков чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дорад. Ӯ роҳбари як ширкати начандон калони сохтмонӣ аст. Мегӯяд, пештар аксари коргаронашон муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд.

Тушмаков аз он нигаронӣ дорад, ки ҳоло дар ширкати зери роҳбарии ӯ "танҳо як гурӯҳи коргарон мондаанд" ва тамоми кор ба ӯҳдаи онҳо гузошта шудааст. "Пайдо кардани мутахассисони хуб дар шароити камбуди коргарон хеле мушкил аст", -- мегӯяд ӯ.

"Дар масъалаи нерӯи корӣ вазъият хеле бад аст. Мо кӯшиш кардем, барои иҷрои корҳои вазнин коргар пайдо кунем, аммо маълум шуд, нархи нерӯи корӣ, ба далели камбуди он, ду баробар боло рафтааст. Хушбахтона, яке аз гурӯҳҳои кории мо ин ҷо буданд ва маҳз бо мадади онҳо тавонистем, ки корро пеш барем", -- афзуд Рашид Тушмаков.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дар Русия камбуди муҳоҷирони корӣ нархи заҳматашонро ду баробар боло бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ба иттилои Вазорати сохтмони Русия, ҳоло дар ин кишвар ширкатҳои бузург ҳам аз набудани коргар танқисӣ мекашанд. Вазъият вазоратро водор кардааст, ки хостори сабук кардани омадани муҳоҷирон ба Русия шавад.

Дар хадамоти матбуоти Вазорати сохтмон гуфтаанд, вуруди коргарон ба қаламрави Русия танҳо ба корхонаҳое иҷозат дода хоҳад шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро кафолат бидиҳанд. Пешниҳод шудааст, шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз даромадан ба Русия натиҷаи манфии ташхиси коронавирусро дошта бошанд.

Муассиси пойгоҳи "Мигрант", Ботирҷон Шерматов, мегӯяд, "ин иқдоми хуб аст". Зеро, ба қавли ӯ, ба онҳо ҳамарӯза корфармоёни рус барои пайдо кардани коргар муроҷиат мекунанд. Вай афзуд, баста будани роҳи бозгашти муҳоҷирон ба Русия, на танҳо бар зарари соҳаи сохтмон, балки бахшҳои дигаре ҳам ҳаст, ки дар он қисми аслии коргаронро муҳоҷирон ташкил медодаанд.

Шерматов афзуд: "Як даврае буд, ки муҳоҷирон гурӯҳ-гурӯҳ ба ватану хонаҳои худ бармегаштанд, зеро намедонистанд дар сурати ба коронавирус мубтало шудан дар Русия чӣ кор хоҳанд кард. Метарсиданд. Ҳоло баръакс шудааст. Ҳама мехоҳанд баргарданд. Ба мо ҳам зиёд муроҷиат мекунанд. Бино бар ин, ин иқдом хеле хубу саривақтӣ аст. Воқеан дар ҳама бахшҳо коргар намерасад."

Вазорати сохтмони Русия мегӯяд, пешниҳоди осон кардани вуруди муҳоҷиронро ба Русия бо ниҳодҳое ба монанди Вазорати корҳои дохилӣ ва "Роспотребнадзор" мувофиқа карда, дар оғози ҳафтаи равон ба ҳукумати Русия фиристоданд. Хулосаи ҳукумат ҳанӯз дастрас нашудааст ва маълум нест.

XS
SM
MD
LG