Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Калининград ватанам нест, ба Ёвон меравам”


Ноҳияи Ёвон
Ноҳияи Ёвон

Баъд аз 25 соли муҳоҷират дар Калинингради Русия Зебонисо Нарзуллоева мехоҳад, барои ҳамеша ба Тоҷикистон баргардад. Зебонисои 53-сола бо ду духтари хурдсолаш дар соли 1999 аз ноҳияи Ёвон барои пайдо кардани кор ба Калининград рафт.

Бо заҳматҳои зиёд духтаронашро ба воя расонд, шаҳрвандии Русияро гирифт ва дар Калининград соҳиби ду хона шуд. Ҳоло мехоҳад, ҳамаи инро гузошта, ба Ёвон баргардад. Барои бозгашт омодагӣ мебинад: хонаеро, ки 25 сол пеш тарк карда буд, таъмир кардааст, пули обу барқашро пардохтааст. Духтаронаш гуфтаанд, дар Калининград мемонанд, аммо ин тасмими духтарон ӯро аз нияти баргаштан боз надоштааст

Бекорӣ, гуруснагӣ ва пешниҳоди муҳоҷират

Соли 1999 вақте ӯ зодгоҳашро тарк кард, дар Тоҷикистон бекориву фақр гиребони аксариятро гирифта буд. Зебонисо бо духтаронаш - Дилрабои 5-сола ва Дилбари 3,5-сола танҳо мезист. Зебонисо мегӯяд, шавҳараш онҳоро гузошту бо зани дигар издивоҷ кард. Дар назди бинои зисташ рӯи мизе шириниву офтобпараст мефурӯхт ва рӯзгори худу духтаронашро бо душворӣ пеш мебурд.

"Рӯзе шуд, ки як бурда нони мағорбаста пайдо кардам, шуштаму пеши духтаронам гузоштам. Духтари хурдиам гуфт, "Оча, ин нон бӯй мекунад, ман хӯрда наметонам,"-ба ёд овард муҳоҷири тоҷик.

Он солҳо дар ҳамсоягии Зебонисо пиру кампири олмоние мезистанд. Писарашон – Юрий Клиботенко пештар ба Олмон кӯчида буд. Соли 1999 вай барои кӯчонидани падару модараш ба Ёвон рафт ва ҳолатеро мушоҳида кард, ки сарнавишти баъдии Зебонисову духтаронашро рақам зад.

"Зебонисо на танҳо худу духтаронашро дар он рӯзҳои сахт ба танҳоӣ таъмин мекард, балки ба падару модари ман ҳам гоҳо кумак мерасонид. Ман вақте дар Тоҷикистон будам, Зебонисоро дидам, ки майдафурӯшӣ мекард ва як рӯз дидам, ки духтаронаш дар назди лӯлаи об нон дар даст, онро дар об тар мекарданду мехӯрданд ва аз доштани нон ниҳоят хурсанд буданд. Ин ҳолат маро ба риққат овард ва ман ба Зебонисо пешниҳод кардам, ҳамроҳи волидони ман ба Калинингради Русия кӯчад," - гуфт Клиботенко.

Видеоро инҷо бинед:

Зебонисо ин пешниҳодро пазируфт ва ҳамроҳи духтаронаш бо ҳамсояҳои олмонитабор ба Калининград рафт.

Солҳои аввал хидмати ҳамсояҳои олмониашро мекард ва аз ин ҳисоб барои худу духтаронаш нон меёфт. Дертар бо кумак мубаллиғони масеҳӣ дар корхонаи кулчақандпазӣ дар Калининград кор ёфт ва ба хонаи иҷора кӯчид.

"Дар корхонаи давлатӣ кор мекардам ва фарши 3 қаҳвахонаи дигарро пок мекардам. Ҳафти субҳ кор мерафтам, 11-12 шаб бармегаштам. Духтаронам то ҳол мегӯянд, ки оча, моро ҳамсояҳо калон карданд. Шукри Худо, ки ҳамсояҳои хуб доштам, дар ҳалқаи одамони хуб афтодам," - ба ёд меорад солҳои аввали зиндагиашро дар Калининград Зебонисо

Дар ҳасрати дидори падар

Аммо барои духтарони вай солҳои кӯдакӣ ва мактабхонӣ чандон беғам набуданд. Ин муҳоҷири тоҷик нақл мекунад, ки боре духтари калониаш–Дилраборо ҳамсинфонаш бо баҳонае ба ҳалқа гирифта, латту кӯб кардаанд. Қариб монда буд, ӯро зери чархи мошин партоянд, вале роҳгузаре садди роҳ шудааст. Бори дигар Дилбарро ҳамсинфонаш барои надоштани падар таъна ва латту кӯб мекунанд.

"Дилбари духтарам дар ҳасрати ин буд, ки ҳадди ақал як рӯз падараш биёяд ва аз дасташ бигираду ба мактаб барад. Аммо он рӯз фаро нарасид. Ҳам Дилрабо, ҳам Дилбар мактабро хатм карданд, коллеҷ хонданд. Ба шавҳар баромаданд, соҳиби фарзанд шуданд. Дилрабо соли 2017 ба Тоҷикистон, ба Ёвон рафта буд, падарашро дид, аммо Дилбар падарашро надидааст," - мегӯяд Зебонисо.

Ин зан бо ранҷи зиёд, гоҳо тоқатшикан, духтаронашро ба воя расонд ва дар Калининград ду хона харидааст.

Дастоварде, ки бештари муҳоҷирон дар ҳаваси он ҳастанд, аммо на барои ҳама муяссар мешавад. Зебонисо мегӯяд, духтаронаш дар манзилҳои худ зиндагӣ мекунанд ва вай аз ду манзил дар яке худ зиндагӣ дорад, дигареро ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба иҷора додааст. Иҷоранишинонаш ҳам муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ҳастанд.

"Инҷо тоҷикон каманд, вале узбекистониҳо зиёд аст. Солҳои пештар узбекистониҳо мешиштанд, ҳоло ба як оилаи қирғизистонӣ ба иҷора додаам. Хонаро хуб нигоҳ мекунанд, сари вақт иҷораро пардохт мекунанд,"--мегӯяд Зебонисо.

Бо вуҷуди он ки вай дар Калининград зиндагиашро сохтааст ва чаҳоряки умрашро онҷо сипарӣ кардааст, мегӯяд, дар ниҳоят тасмим дорад, ки ба Ёвон – зодгоҳаш баргардад ва боқии умрро инҷо сипарӣ кунад.

"Ба духтаронам гуфтам, ки ман ба ватанам бармегардам. Инҳо мегӯянд, мо намеравем, мо дар Тоҷикистон наметавонем зиндагӣ кунем, вале ваъда кардаанд, ки маро хабаргирӣ хоҳанд омад. Ман аз ҷавониам баромада рафтам, хоки ватан намерасад ба ман, хоки ватан дигар аст. Дар паҳлӯи падарам мехоҳам, хок шавам," - мегӯяд Зебонисо.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG