Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯш: "Дарди сар" рафт, "волии мардумӣ" омад


Мелис Мирзоаҳмадов дар тазоҳуроти тарафдоронаш. Ӯш. 15 январ.
Мелис Мирзоаҳмадов дар тазоҳуроти тарафдоронаш. Ӯш. 15 январ.

Дар пайи интихоботи шаҳрдори Ӯш ҳукумати марказии Қирғизистон аз як дардисари бузург бо номи Мелис Мирзоаҳмадов халос шуд.

Шаҳрдори собиқ, интихоботро, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор гардид, ба ҳамшаҳраш Айтмамад Қодирбоев бохт. Мелис Мирзоаҳмадов, мири дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистон, ки дар ошӯбҳои соли 2010-уми Ӯш нақши калидӣ дошт, бархилофи пешгӯии шакокҳо, ки ӯ ин дафъа низ мардумро ба хиёбонҳо мекашад, даст ба амале назад. Ӯ баъди эълони натоиҷи интихобот дар назди ҷонибдоронаш суханронӣ ва аз онҳо даъват кард, ки пароканда шаванд. Аз 25 намояндаи мардумӣ дар парлумони Ӯш 19 нафар бар зидди Мирзоаҳмадов овоз доданд ва ба ҳукумати панҷсолаи ӯ дар ин шаҳри асосии Қирғизистони ҷанубӣ хотима гузоштанд.

Даргириҳои пурқурбонӣ дар Ӯш, ки ихтилофи байни шимолу ҷанубро дар ин кишвар бештар ба намоиш гузошт, дар замони фаъолияти Мирзоаҳмадов дар мақоми шаҳрдор шиддат гирифт ва як нуктаро мушаххас кард, ки сарфи назар аз қиммати сиёсии рафтори худ, Мирзоаҳмадов ҳеҷ гоҳ бо Бишкек дӯст намешавад.

Тазоҳурот дар Ӯш
Тазоҳурот дар Ӯш
Албатта, мақомоти Бишкек хурсанд шуданд, ки ин “бало” аз сари онҳо дур шуд. Аммо Айтмамад Қодирбоев, зодаи ҷануби кишвар, оне, ки ҳукумати марказиро ошкоро ба чолиш мекашад, оё ҳамонест, ки Бишкек мехост?

Моҳи апрели соли 2010, вақте, ки президенти собиқи ин кишвар Қурмонбек Боқиев бо иттиҳоми хешутаборбозӣ ва фасоди густарда аз курсии раёсат сарнагун шуд, Қодирбоев дар мақоми ноиби раиси вилояти Ӯш фаъолият мекард.

Суқути Қурмонбек Боқиев мавҷи норозигиву хушунатро дар ҷануби Қирғизистон, ки такягоҳи аслии президенти собиқ унвон мешуд, ба бор овард. Моҳи майи соли 2010 ҷонибдорони Боқиев бо ҳадафи берун кардани намояндагони ҳукумати Роза Отунбоева аз мақом силсилаи эътирозҳоро дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод ва Ботканд баргузор карданд.

Қодирбоев ҳамроҳ бо эътирозгарон ба бинои маъмурияти Ӯш ворид шуд ва худро “волии мардумӣ” эълон кард. Аммо маъмурияти Қодирбоев дар ин мақом тӯлонӣ набуд. Ӯ ҳамагӣ ду соат “волии мардумӣ” буд. Ҳукумати марказӣ баъдан ӯро ба корҳои бозсохти Ӯшу Ҷалолобод сафарбар кард.

Президенти феълии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки соли 2011 дар мақоми раисиҷумҳур Роза Отунбоеваро иваз кард, аз шаҳрдори нав Айтмамад Қодирбоев садоқати минтақаи Ӯш ва овози 1 миллион электоратро дар интихоботи парлумонии соли оянда кор дорад.

Аммо ин кори осон нест, зеро Қодирбоев пеш аз ҳама бояд худаш дили ҳавзаи интихоботии худро ба даст биорад. Ин мардум баъди эълони натоиҷи интихоботи мири шаҳр бо баргузории намоиши густардаи эътирозӣ эҳтироми худро ба Мелис Мирзоаҳмадов намоиш додаанд. Мирзоаҳмадов дар ҳоле ки намоиши эътирозиро пароканда мекард, ба ҷонибдоронаш гуфт, мубориза акнун шурӯъ мешавад ва ба онҳо ваъда дод, ки баробари гармшавии ҳаво дубора даст ба эътироз хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG