Аз сӯи дигар эҳтимоли шикасти дубораи амнияту оромӣ зеҳни онҳоро банд кардааст. Акнун аз мақомот бастагӣ дорад, ки чӣ гуна тарсу ҳаросро аз замири мардум дур кунанд ва барои таъмини амният аз чораҳои муассир кор бигиранд.
Дар банди тарсу ҳарос
Фарорасии соли хониш волидонро дар минтақаҳои ноороми Қирғизистон дар ҳоли дудилагӣ қарор додааст. Аз як сӯ онҳо умедворанд, ки шурӯъи хониш бачаҳои тарсхӯрдаи онҳоро ба зиндагии маъмулӣ бармегардонад. Аз сӯи дигар бисёриҳо амнияту эътидолро барои шурӯъи зиндагии осоишта ва фиристодани бачаҳои худ ба синфхонаи мактабҳо нокофӣ мешуморанд.
Алмаз, як бачаи 13-солаи қирғиз аз минтақаи ҷангзадаи Уш, мегӯяд, бозгашт ба мактаб ва дидори дӯстонашро бесаброна интизор аст. Аммо волидони Алмаз ҳануз тасмим нагирифтаанд, ки оё 1-уми сентябр бачаро ба мактаб бифиристанд ё хайр?
"Онҳо мегӯянд мо бояд сабр кунем ва бубинем, ки оё бачаҳои дигар ба мактаб мераванд ё не. Ман ҳамсинфҳои худро ёд кардаам, мо ҳамроҳ бозӣ мекардем. Ман аз шумори узбаку қирғизҳо 21 дӯсту рафиқ дорам. Ман бо онҳо дар тамос шудам ва пурсидам, ки оё ба мактаб мераванд? Онҳо мегӯянд, ки ҳоло намедонанд. Баъзеи онҳо ба Русия кӯч бастаанд. Як духтари ҳамсинфам ба Қизил Киё кӯчид ва дар ҳамон ҷо мехонад. Ман як дӯсте дорам, ки номаш Келечек аст, ӯ дар деҳкада мемонад. Ҳамин тавр ҳамаи талабаҳо ҳоло аз рафтан ба мактаб метарсанд."
Вазъи Уш зоҳиран ором аст
Шаҳри Уш ва қисматҳои дигари минтақаи ҷануби Қирғизистон зоҳиран ором аст ва дар чанд ҳафтаи ахир хеҷ тирпарроние дар он сурат нагирифтаст.
Аммо тарсу ҳарос ва хотираи талхи низоъи мусаллаҳона, ки наздики 400 инсонро кушта бар ҷо гузоштааст, дар зеҳни мардум сахт нақш бастааст. Низои мусаллаҳона дар моҳи июл 400 ҳазор инсони дигар, асосан узбактаборҳои ҷануби Қирғизистонро ба фирор аз маҳалли зисти онҳо маҷбур кард.
Ҷамъиятҳои қавмӣ дар ин ҷо ҳоло ҳам ба якдигар эътимод надоранд. Гузоришу овозаҳо дар бораи боздоштҳои худсарона ва одамрабоиҳо ҷараёни оштиро мушкил кардааст.
Чораҳои амниятӣ дар Уш
Мелис Мирзоаҳмадов, мири шаҳри Уш, аз заъфи ҳукумат дар таъмини амният асрор намесозад ва мегӯяд, масъалаи амният ҳоло аз нигарониҳои умда ба шумор меравад. Ӯ ахиран гуфт, ки барои таъмини амнияти макотиби шаҳр ҳадди ақал 500 корманди иловагии пулис зарур аст. Мири шаҳр ҳушдор додааст, ки дар сурати таъмин нашудани нирӯи иловагӣ имкони ҳаводиси одамрабоӣ мисли фоҷеаи Бесланро соқит намекунад.
Мақомоти маориф мегӯянд, ҳама чораҳо барои таъмини амнияти бачаҳо андешида шудааст, боз ҳам аз падару модарон хоҳиш шудааст, ки дар ду ҳафтаи аввали шурӯъи таҳсил бачаҳои худро бо дасти худ ба автобуси мактаб нишонанд ва бегоҳ шахсан онҳоро аз мошин ба хона бубаранд.
Дар ҳоле, ки тарғибу ташвиқ барои иштироки бачаҳо дар синфхонаҳо ҷараён дорад, донишҷӯёни макотиби олӣ ҳануз хабар надоранд, ки сарнавишти таҳсили онҳо чӣ мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки соли хониш дар донишгоҳҳои минтақа миёнаҳои моҳи октябр шурӯъ мешавад. Бинобар ин аз дошинҷӯёни донишгоҳ даъват шудааст, ки дар таъмини амнияти мактаббачаҳо саҳм бигиранд.