Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Муродов дар меҳмонии Ҳулио Иглессиос. ВИДЕО


Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо
Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо

Овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов бо даъвати ҳунарманди шинохтаи испанӣ Ҳулио Иглессиас рӯзи 31 июл ба шаҳри Малага сафар кард

Овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов бо даъвати ҳунарманди шинохтаи испанӣ Ҳулио Иглессиас рӯзи 31 июл ба шаҳри Малага сафар кард. Дар ин сафар овозхони тоҷикро ҳамсараш ҳамроҳӣ мекунад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ писари хурдии ин хонадон Ҷонибек Муродов хабар дод.

- Се сол пеш падарам дар Ню-Йорк дар хонаи дӯстонашон бо Ҳулио Иглессиас шинос шуданд ва баъди он ситораҳояшон ба ҳам мувофиқ омад, дӯстӣ барқарор шуд. Ва инак бо даъвати Иглессиас ҳоло падару модарам ба шаҳри Малага сафар карданд. Он ҷо як шабнишиние ҳам дар назар аст, ки падарам он ҷо овозхонӣ мекунанд, - гуфт Ҷонибек Мурод.

Ҳулио Иглессиас
Ҳулио Иглессиас

Ин нахустин сафари Ҷӯрабек Муродов ба Аврупо бо даъвати маруфтарин овозхони испанизабони ҷаҳон мебошад. Ба саволи радиои Озодӣ оид ба ин ки оё худи Ҷонибек бо писари маъруфи Иглессиас – Энрике оё равобити дӯстона барқарор кардааст ё на, гуфт, “на, писар аз падар ҷудо зиндагӣ мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, худи Ҷонибек Муродов имрӯз ба шарофати нашр шудани филми нави мустанад дар бораи зиндагиву ҳунараш дар шабакаи YouTube табрик мешунавад. Филми “Ҷонибек Муродов” аз ду қисм иборат буда, қисми аввалаш каме бештар аз 11 дақиқа аст ва пурра дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ наворбардорӣ шудааст. Дар ин филм ҳунарманд аз нақши волидонаш дар тарбияву кори худ сипосгузорӣ мекунад.

  • Барои ман, аввал Худову баъд падару модар, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Душанбе. – Ман аз волидонам сипосгузорам, ки дар зиндагиам нақши муҳим мебозанд.

Ба иттилои продюсер Беҳрӯз Зеваров, қисми дуюми ин филм қарор аст то моҳи сентябр омода ва нашр шавад ва он ҳам аз мусоҳибаҳо, қиссаҳои зиндагӣ ва сурудҳои овозхони ҷавон иборат мешавад.

  • Коргардони филм Ҷӯрабек Зоҳидов, идеяи проект аз Аслишо Акимбеков аст. Ин аввалин филм дар бораи зиндагиву кори як овозхони маъруфи тоҷик аст, ки наворбардорӣ шудааст. Зимнан, монтажи филм дар Маскав сурат гирифтааст. Фикр мекунам, азбаски Ҷонибек навовариро дӯст медорад, ин филм ҳам як хабари хуше дар зиндагиву кори ӯ хоҳад буд, - гуфт Беҳрӯз Зеваров.

Ҷонибек Муродов 28 сол дошта, падари як писари 7-сола аст. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи вазъи оилавиаш бо шӯхӣ гуфт, “хуб шуд, ки падару модарам ба Испания рафтанд, ду ҳафта гӯшам дам мегирад. Вагарна ҳамеша таъкид мекунанд, ки бояд акнун оила барпо кунам”, гуфт ӯ. Ба гуфтаи Ҷонибек, эҳтимолан то соли оянда ӯ оиладор хоҳад шуд.

Барандаи ҷоизаи мӯътабари Big Apple Award Ҷонибек Муродов фаъолияти овозхониро 10 соли пеш дар ҳайати гурӯҳи маъруфи “Боло” шурӯъ кард ва баъдан ба овозхонии инфиродӣ гузашт. Муддате аз рӯи созишнома бо овозхони маъруф Шабнами Сурайё ҳам ҳамкорӣ карда, клипҳои таронаҳои маъруфашро дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳам наворбардорӣ кардааст. Аз хонандаҳои хушноми тоҷик дар ҷаҳони форсизабон маҳсуб меёбад.

XS
SM
MD
LG