Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шохиси нав. Ҷойгоҳи поинтарини Тоҷикистон дар миёни ҳамсояҳояш ​


Кӯдакони коргар дар Тоҷикистон
Кӯдакони коргар дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар шохис ё индекси ҷаҳонии дониш дар миёни 133 кишвар (бо 36.06 хол) дар ҷойгоҳи 111-ум қарор гирифт. Нишондоди поинтарин дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ. Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар зинаҳои 74,78 ва 84-ум ҳастанд. Радабандиро Барномаи Рушди Созмони Милал дуруст кардааст.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон то ҳол вокуниш накардаанд, баъзе аз донишмандон чунин арзёбиро ба ҳақиқат наздик донистанд. Адиби тоҷик Зиё Абдулло рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сабаби поин рафтани сатҳи дониш ба ҳама маълум аст. Дар Тоҷикистон ҷанг шуд ва баъди он муаллимони зиёд ба ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла ба Русия рафтанд.”

“Мактабҳо қариб бе муаллим монданд. Хатмкардаҳои мактаби миёнаро ба омӯзгорӣ ҷалб карданд. Хонандаҳо низ парешон шуданд. Чунин сабабҳо як холигиро ба вуҷуд овард ва онро бояд пур кардан лозим,” -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Зиё Абдулло, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мактабҳои зиёде сохта шуда, вале таъмини онҳо бо омӯзгорон аз душвориҳои асосӣ мемонад. Чанд омӯзгор дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, бо вуҷуди талоши онҳо, шогирдон на ҳамеша дар фикри донишандӯзиянд.

Зиё Абдулло
Зиё Абдулло

Зиё Абдулло мегӯяд, чунин омил сабабҳои гуногуни иқисодиву иҷтимоӣ дорад: “Аввал, фарзандон на танҳо дар мактаб мехонанд, балки бозорӣ ҳам шудаанд. Барои таъмини иқтисоди хонавода ба бозор мераванд. Агар падару модар таъмингари онҳо мешуданд, он вақт хонандаҳо аз бозор ба хона ва аз хона ба китобхона кашида мешуданд. Ин вазъияти имрӯзаи ҷумҳурии мост.”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мавзуъро шарҳ надод. Тамосу пурсишҳои батакрори мо низ беҷавоб монд. Раҳбарони ин ниҳод дар нишастҳои матбуотӣ аз вазъи таълиму омӯзиш дар ҷумҳурӣ борҳо ситоиш кардаанд.

Яке аз мусоҳибон дар кӯчаҳои Душанбе гуфт, “сатҳи дониш суст шудааст ва, албатта, омӯзгорон бояд бештар кор кунанд, хонандагонро омӯзонанд”.

Ҳамсуҳбати дигари мо баръакс таъкид кард, ки “ҳам кори маткабҳо ва ҳам сатҳи дониши фарзандон беҳтар шудааст”. “Ба назари ман, сатҳи савод поин рафтааст ва тавре мебинем дар ҷомеа одамон хату саводи дуруст надоранд. Вақте савод надошта бошанд, чӣ хел мефаҳманд?” -- таъкид кард роҳгузари дигаре.

Вазъи таълим дар донишгоҳҳо низ борҳо боис ба нигаронӣ шудааст. Се сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барномаҳои таълимиро танқид карда, гуфта буд, ки "барномаҳо куҳнаанд ва аксари омӯзгорон системаи нави корро бо донишомӯзон намедонанд ва ниёз ба ислоҳот ҳаст."

Баъзе аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар низоми маорифи кишвар ҳанӯз ислоҳоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, то сатҳи таълиму омӯзиш дигар шавад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

СММ гуфт, сатҳи дониши бачаҳо дар Тоҷикистон поин рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG