Баъд аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 38 медал (13 тилло, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҷопониҳо аз 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) дар 13-тоаш пирӯз гаштанд.
Танҳо дар як вазн – то 100 кило миёни мардон меҳмонон ғолиб шуданд. Варзишгари русиягӣ Матвей Каниковский дар ҳайати дастаи бетараф (IJF) медали тилло ба даст овард.
Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Гурҷистон бо яктоӣ медали нуқра мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюм ва чаҳорумро ишғол карданд. Мунтахаби Канада бо ду мелаи биринҷӣ панҷум шуд. Дастаҳои Муғулистон, Тоҷикистон, Португалия, Хорватия, Фаронса, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҷумҳурии Чех яктоӣ медали биринҷӣ гирифтанд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум зинаи ҳафтумро соҳиб шуд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, “Тоскӯлоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 274 варзишгар (149 мард ва 125 зан) аз 44 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома кард.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор нафар (се мард ва як зан) шомил буданд: Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).
Дар рӯзи аввали Tokyo Grand Slam 2024 ду паҳлавони тоҷик - Обид Ҷебов ва Абубакр Шеров - рақобат карданд. Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвиро шикаст дод. Баъдан вай дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Роналд Лимаи бразилӣ дастболо шуд. Аммо паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб гардид. Ҷебови 26-сола дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Ҳината Онои 20-солаи ҷопонӣ ғалаба кард.
Ин медали ягонаи Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 ва барои Ҷебов сеюмин нишони биринҷӣ дар мусобиқаҳои Grаnd Slam мебошад.
Паҳлавони дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило дар даври аввал Иоан Житакро аз Руминия, дар даври дуюм Мусо Шабданбековро аз Қирғизистон ва дар даври сеюм Соичи Ҳашимоторо аз Ҷопон шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Шеров дар нимфинал аз Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Абубакри 21-сола барои нишони биринҷӣ аз ҳамсоли худ Данил Лаврентеви русиягӣ, ки дар дастаи бетараф таҳти парчами IJF ҳунарнамоӣ кард, мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 8-уми декабр - паҳлавони тоҷик Умедҷон Раҷабови 21-сола дар вазни то 90 кило дар даври аввал аз намояндаи Ҷопон Ҳидетоши Токумочии 22-сола шикаст хӯрд. Виктория Киселёваи 19-сола дар сабқати занон дар вазни +78 кило дар даври аввал аз Хинран Ниуи 20-сола аз Чин мағлуб гашт.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ тақдим гардид. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шуда буд: барои ҷойи 1-ум 5000 евро, барои ҷойи 2-юм 3000 евро ва барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ. Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони Tokyo Grand Slam 2024:
Мардон
60 кг
1. Таики НАКАМУРА (Ҷопон)
2. Руджи НАГАЯМА (Ҷопон)
3. Аюб БЛИЕВ (IJF)
3. Кента СЕКИМОТО (Ҷопон)
66 кг
1. Такеши ТАКЕОКА (Ҷопон)
2. Таикоҳ ФУДИСАКА (Ҷопон)
3. Обид ҶЕБОВ (Тоҷикистон)
3. Руома ТАНАКА (Ҷопон)
73 кг
1. Руюга ТАМАКА (Ҷопон)
2. Татсуки ИШИҲАРА (Ҷопон)
3. Денис ЛАВРЕНТЕВ (IJF)
3. Шусуке УЧИМУРА (Ҷопон)
81 кг
1. Сотано ФУҶИВАРА (Ҷопон)
2. Тимур АРБУЗОВ (IJF)
3. Франкос ШАТЙЕ ДРАПЙЕ (Канада)
3. Юхеи ОИНО (Ҷопон)
90 кг
1. Санширо МУРАО (Ҷопон)
2. Лука МАЙСУРАДЗЕ (Гурҷистон)
3. Комеи КАВИБАТА (Ҷопон)
3. Гоки ТАҶИМА (Ҷопон)
100 кг
1. Матвей КАНИКОВСКИЙ (IJF)
2. Геннаро ПИРЕЛЛИ (Италия)
3. Дота АРАИ (Ҷопон)
3. Кейли РЕЙС (Канада)
+100 кг
1. Канта НАКАНО (Ҷопон)
2. Хйога ОТА (Ҷопон)
3. Иофа НИКАМУРА (Ҷопон)
3. Денис БАТЧАЕВ (IJF)
Занон
48 кг
1. Вакана КОГА (Ҷопон)
2. Мицуки КОНДО (Ҷопон)
3. Кано МИЯКУ (Ҷопон)
3. Хикари ЁШИОКА (Ҷопон)
52 кг
1. Кисуми ОМОРИ (Ҷопон)
2. Кокоро ФУДИШИРО (Ҷопон)
3. Кхорлудои БИШРЕЛТ (Иморот)
3. Нанако ТСУБОНЕ (Ҷопон)
57 кг
1. Мика АДАЧИ (Ҷопон)
2. Мегуми ФУЧИДА (Ҷопон)
3. Аринзуя ТЕРБИШ (Муғулистон)
3. Марта ФАВАЗ (Фаронса)
63 кг
1. Харука КАҶИ (Ҷопон)
2. Мегу ДАННО (Ҷопон)
3. Рената ЗАЧОВА (Чехия)
3. Минами АОНО (Ҷопон)
70 кг
1. Маю ҲОНДА (Ҷопон)
2. Утана ТАРЕДА (Ҷопон)
3. Лара СВЕТКО (Хорватия)
3. Рин МАЕДА (Ҷопон)
78 кг
1. Курена ИКЕДА (Ҷопон)
2. Минҷу КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Патрисия САМПАО (Португалия)
3. Мами УКЕМИ (Ҷопон)
+78 кг
1. Мао АРАИ (Ҷопон)
2. Элис СТАРСЕВА (IJF)
3. Рури ТАКАНАШИ (Ҷопон)
3. Чихиро ЯМАГУЧИ (Ҷопон)