“Дар ин дунё ” исми таронаи нави овозхони саршиноси тоҷик - Ҷонибеки Мурод аст, ки бар пояи оҳанги Манижа Давлатова, овозхони маъруфи тоҷик таҳия шудааст. Манижа оҳанги ин таронаро бо хоҳиши Ҷонибек ва бар матни Шоираи Раҳимҷон навишта, дар шаҳри Тошканд сабт шудааст. Ҷонибеки Мурод дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нахуст дар бораи ин оҳанг сӯҳбат кард:
Ҷонибек: Чандин сол боз бо Манижа Давлатова дӯстӣ дорам ва ин оҳангро ҳам Манижа як соли пеш бо хоҳиши худам эҷод кард. Чун медидам оҳангҳои эҷодкардаи Манижа дилнишин аст, баъдан хостам барои ман низ оҳанге созад. Чанде аз оҳангҳои ӯро Зайнура Пӯлодова, Гулрӯ Табарова ва Зулайхо Маҳмадшоева иҷро кардаанд ва ин хоҳиш дар ман низ пайдо шуд. Фикр мекунам оҳанг бо матн хеле хуб баромад. Суруди “Дар ин дунё”дар Тошканд омода шуд ва дар нақша аст, ки бар пояи ин тарона клип ҳам наворбардорӣ шавад. Мӯҳтавои ин тарона иҷтимоӣ аст:
Як сӯ дар ин дунё касе, бечорае, мисле хасе,
Ба эҳтиёҷи луқмае, нигоҳи пур аз ҳавасе.
Ин ба он маъност, ки ду ҳамсоя зиндагӣ мекунанд ва яке доро асту дигаре нодор. Ҳарчанд нафари доро медонад, ки ҳамсояи ӯ гурусна аст, аммо бепарво асту барои сагаш гӯшт медиҳад. Мавзӯи ин тарона тарбиявӣ ҳам аст. Ҳарчанд мо талош накардем, ки касеро тарбия кунем, вале фикр мекунам, имрӯз ҷомеаи мо ба ин гуна сурудҳо ниёз дорад.
Озодӣ: “Дар ин дунё” дар Тошканд омода шуд. Дар чанд соли охир ҳам шумо бештар кӯшиш мекунед, ки таронаҳоятонро дар хориҷи кишвар сабт намоед, чаро?
Ҷонибек: Дуруст мегӯед. Танҳо дар соли 2014 ғайр аз он ки чандин таронаву клипи худро дар Тоҷикистон омода кардам, дар баробари ин дар Русия, Амрико, Лондон ва Тошканд ҳам суруду таронаҳоямро таҳия
Ҷонибеки Мурод фарзанди хурдии овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабеки Мурод тақрибан 13 сол ба ин сӯ дар жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар солҳои 2009 ва 2011 Big Apple Music Award, яке аз ҷоизаҳои мӯътабари мусиқии форсизабонони дунёро ба даст овард. Соли 2011 “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” эълон шуда ҳамон сол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи соли 2011”-ро ба Ҷонибек муносиб донист. Ӯ ҳамчунин барандаи ҷоизаи “Беҳтарин клип” шудааст. То кунун шаш албоми оҳангҳояшро ба мухлисон тақдим карда ва яке аз овозхонҳои сермаҳсул ва пурҳаводор дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
кардам. Имсол мехоҳам дар Испания клип сабт кунам. Дар он ҷо студияҳо ҳамааш дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд. Дастгоҳҳои муосир доранд. Дар хориҷа кор кардан аз сӯе душвор аст, зеро маблағи зиёд сарф мешавад, лекин вақте зиёд бо онҳо кор мекунӣ, теъдоди дӯстонат меафзоянд.
Озодӣ: Барои омода кардани як клип чӣ қадар маблағ сарф мешавад?
Ҷонибек: Рости гап, маблағ зиёд сарф мешавад. Аслан бо пардохти маблағ сарпарастон машғул ҳастанд. Вале барои тавлиди як тарона, танҳо оҳанг аз ҳама кам аз 3 то 10 ҳазор доллар сарф мешавад. Ҳоло масрафи клипу дастгоҳҳоро нагуфтам. Инро на ҳама дарк мекунад. Нафароне ҳастанд, ки мегӯянд, овозхон будан душвор нест ва ба осонӣ пул ба даст меояд, ки ин ҳарфҳо хато аст.
Озодӣ: Яъне Шумо сарпараст доред ва аз ҳамин ҳисоб хароҷоти сабти таронаҳоятонро мепӯшонед ё аз ҳисоби баргузории консерту туйҳо?
Ҷонибек: Сарпараст ҳам ҳама корро намекунад. Инҷо сарфи маблағ барои либос, коргар, навозандаҳоро бояд ба назар гирифт. Бо вуҷуди ҳамаи ин, хароҷоти ширкат ҳам ҳаст. Барои ҳамаи ин маблағи зиёд сарф мешавад, ки як қисми ин маблағ аз ҳисоби тӯю маъракаву консертҳо ба даст меояд.
Озодӣ: Ахиран шумо ба таронаҳои русӣ ҳам таваҷҷӯҳ кардаед. Ин ҳама ба хотири роҳ ёфтан ба шоу-бизнеси Русия аст ё чизи дигар? Оё тасмими дар Русия консерт доданро надоред, чун беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик ҳам онҷост?
Ҷонибек: Ман то имрӯз бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона хондаам. Нақша ҳаст бо забони ӯзбакиву испанӣ ва арабӣ низ хонам. Баъдан дар мавриди шоу-бизнеси Русия гуфтаниям. Медонед, Русия як ҷое аст, ки дар шоу-бизнеси онҷо ба қавле танҳо “гургҳо” мешинанд. Барои ин ягон нафаре лозим, ки туро онҷо дастгирӣ кунад ва ё маблағи калоне дошта бошӣ. Мо чанд муддат аст, ки талош дорем ҳадди аққал як консерт баргузор кунем, чун аз сӯи ширкатҳои гуногун қарордодҳои зиёд пешниҳод мешавад, ваъдаи машҳур шуданро мекунанд, сарпарастӣ мекунанд, аммо баъзе маҳдудиятҳое ҳаст, ки дасту пои овозхонро мебанданд. Ман бо ин шева кор карда наметавонам. Барои ҳамин ояндаро фикр мекунем. Вақте қарордод аст, шояд кор ингуна суръат мегирад, ки 80 дарсади даромадро онҳо гиранду танҳо 20 дарсадро ба ту диҳанд. Ба ҳар ҳол, иншоаллоҳ, орзуву нақшаҳоямон дар ин роҳ амалӣ мешаванд.
Озодӣ: Ба ғайр аз таҳияи клипи “Дар ин дунё” боз сари кадом тарона кор мекунед?
Ҷонибек: Дар баробари ин тарона, рӯи ду суруди дигар ҳам кор карда истодаам, ки рӯзҳои наздик барои мухлисон пешкаш мешавад. Якеаш бо падарам ва Валиҷон Азизов аст, ки матнаш аз устод Лоиқ ва дуввумӣ “Нигорам” ном дошта, саундтрек барои як филми тоҷикӣ бо номи “Арӯси замонавӣ” мебошад”.
Озодӣ: Яъне дар ин филм шумо ҳам нақш меофаред?
Ҷонибек: Не. Танҳо клипи ин тарона дар филм истифода мешавад.
Озодӣ: Порае аз филми «Биҳишт барои мурдагон»-и Ҷамшед Усмонов, ки шумо ҳам онҷо урён нақш бозидед ва боиси интиқоди баъзе гурӯҳҳо шуд, дилатон аз ширкат дар филм хунук нашудааст?
Ҷонибек: Ростӣ соли 2004 хеле ҷавон будам. 18 сол доштам. Бисёр чизро намефаҳмидам. Маро касе намешинохт. Вақте қарордод кардем бо Ҷамшед Усмонов, мазмуни филмро ҳам намедонистам. Ақли имрӯзаам мебуд, албатта, ба чӣ қимате набошад, қарордодро вайрон мекардам. Лекин ман хуб медонам, ки ин порчаи филмро нафароне ба шабакаҳои иҷтимоии Интернет махсус гузоштанд, ки мақсадашон резонидани обрӯи ман буд. Аммо дар нақша дорам, ки дар ягон филме нақш бозам ё филмеро худам таҳия кунам, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад.
Озодӣ: Андӣ Мададиён, овозхони машҳури эронии муқими Амрико соли гузашта дар як сафараш ба Тоҷикистон аз дӯстии шумо хеле истиқбол кард. Шумо бо ӯ ҳамкорӣ мекунед?
Ҷонибек: Бо Андӣ хеле дӯсти қадимӣ ҳастем. Ҳар боре Амрико равам, ӯро мебинам. Дар як консерт як сурудро бо ҳам хондем. Бо Андӣ бештар ҳамкорӣ дорам, зеро, мисле худаш мегӯяд, “ту бародари кӯчаки ман ҳастӣ”. Андӣ хислатҳои хуби инсондӯстиву одамгарӣ ва ҳамеша дили бекина дорад. На ҳамеша чунин дӯстонро метавон пайдо кард.
Озодӣ: Замоне бо Шабнами Сурайё ҳамкории муштарак доштед. Ҳоло дар танҳоӣ ҳунарнамоӣ мекунед. Сабаб дар чист?
Ҷонибек: Бале, мо бо Шабнам тақрибан се сол ҳамкорӣ доштем. Бо ӯ ба пешравиҳои зиёд ноил шудем. Баъзеҳо барои амалӣ шудани орзуҳояшон 15 сол талош меварзанд, мо дар миёни ду сол нақшаҳои пешгузоштаро амалӣ намудем. Ҳоло худам дар танҳоӣ фаъолият мекунам. Дар мавриди дустӣ гӯем, ҳоло ҳам мо дӯст ҳастем ва ин дӯстии мо хонаводагӣ аст ва рафту омади мо ҳоло ҳам давом дорад. Яъне ман бо Шабнаму хонаводааш дӯстони нону намакхӯрда ҳастем ва ин дӯстии мо то абад мемонад.
Озодӣ: Дар хусуси зиндагии хонаводагиатон чӣ ҳарфе мехоҳед бигӯед.
Ҷонибек: Ҷонибек қариб, ки дар хона нест гӯем, ҳам мешавад. (механдад). Ҳамеша дар сафар, ҳамеша дар тӯй ва маъракаҳои дӯстон. Вале як чизро гӯям, ки санъаткор бояд бо оила сохта тавонад, зеро ин кори осон нест. Ҳамсар бояд мефаҳмидагӣ бошад. Фарзандони ман чандон завқ надоранд, ки овозхон бошанд. Вале ман мехоҳам фарзанди ман қории Қуръон шавад ва дар баробари ин тоҷир ҳам бошад. Агар нафаре, ки хоҳиши овозхонӣ дорад, бояд аз хурдӣ ин истеъдодро дошта бошад, вале ман инро дар фарзандам намебинам. Лекин агар мабодо чунин хоҳиш пайдо шавад, ман зид нахоҳам буд.